Агар рӯзноманигори маъруф, ходими давлатӣ ва сиёсатмадори тоҷик, Отахон Латифӣ, моҳи сентябри соли 1998 кушта намешуд, имрӯз, 18-уми март, 85-сола мешуд. Ӯ дар замоне ба қатл расид, ки нав ҳамчун раиси бахши ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ ба ватан баргашта буд, то сутуне барои осмони соф ва сулҳомези Тоҷикистон шавад.
"Рӯзе, ки на ронанда омад, на муҳофиз"
Манзура Ёқубова, ҳамсари Отахон Латифӣ, мегӯяд, рӯзи 22-юми сентябри соли 1998 барои то ҷойи кор бурдани шавҳараш ронандаву муҳофиз наомаданд ва ӯ пиёда озими меҳмонхонаи "Вахш", маҳалли Комиссияи оштии миллӣ, шуд.
"Ҳамон рӯз каме бемор будам. Либоси худро пӯшида, гуфтанд, ки аввал рафта, таъмири хонаро мебинанду баъд ба кор мераванд. Пас аз 10 дақиқа ҳамсояҳо занг заданд, ки зудтар ба берун баро. Давида рафтам, ки алакай дар замин хобидаанд", -- ба ёд овард Манзура Ёқубова.
Фармоишгарони куштори Отахон Латифӣ то ҳоло фош нашудаанд. Бисёриҳо таҳқиқи ин қатлро нокофӣ ва нотамом мешуморанд.
Орзуҳои баъди сулҳ
Пас аз имзо шудани Созишномаи сулҳ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифони тоҷик дар моҳи июни соли 1997 дар Маскав, Отахон Латифӣ орзу карда буд, дигар дар Тоҷикистон садои тир шунида нашавад, паноҳандагон ба ватан баргарданд, мухолифон дар идораи давлат ширкат кунанд ва ҳама бо ҳам як кишвари пешрафтаву шукуфон бисозанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ ҳамчун раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон аз ташаббускорони гуфтушуниди сулҳ буд ва дар ҳамаи даврҳои он ширкат карда, барои як сулҳи одилона мубориза бурдааст.
Ба гуфтаи Майсара Калонова, раиси пешини ҷамъияти "Дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ", "дар созишномае, ки соли 1997 дар Маскав ба имзо расид, албатта, талошҳо ва ҷонибдории бевоситаи устод Отахон Латифӣ низ буд. Он кас ҳуҷҷатҳоеро, ки даркор буд, аз ҷониби мухолифон таҳия карда буданд."
Рӯзноманигор ва адиб Нур Табаров мегӯяд, вақте Латифӣ ба ватан баргашт, баъзеҳо аз ӯ пурсидаанд, акнун чӣ мансаберо хоҳад гирифт: "Вай гуфт, шукр мекунад, ки ба дидори ватан расид ва барояш чизе даркор нест, на мақоме ва на мансабе."
"Ӯ дарди моро ба роҳбарони Шӯравӣ мерасонд"
Отахон Латифӣ 62 сол умр дид, вале мероси бузурге аз худ гузошт. Абдурофеъ Рабизод, адибу рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, "он чӣ Латифӣ кард, барои журналистикаи тоҷик бисёр зарур буд. Ҳар журналисти дигаре, ки пас аз ӯ омад, аз ҷасораташ ва муҳокимарониҳояш омӯхт. Вай аз зумраи инсонҳои бузург ва озодандеш буд."
Авҷи шӯҳрати Отахон Латифӣ ба сифати журналист, замони фаъолияташ дар рӯзномаи “Правда”, нашрияи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 80-уми қарни бист рост меояд. Он нашрияи асосии Шӯравӣ буд ва 12 миллион нусха ба табъ мерасид.
Иброҳим Усмонов, таърихнигори тоҷик, гуфт, “Отахон Латифӣ нафақат журналисти тоҷикистонӣ, балки журналисти машҳури русзабони Шӯравӣ буд. Ӯ дар бораи Тоҷикистон менавишт ва ба дард менавишт. Вай дарди моро ба воситаи матбуоти марказии Шӯравӣ мерасонд. Ба гӯши роҳбарони давлати Шӯравӣ ва халқи Шӯравӣ мерасонд.”
Президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев вақте ки бо сарони мухолифони тоҷик мулоқот кард, гуфт, дар наврасӣ ва ҷавонӣ бо мақолаҳои Латифӣ ба воя расидааст ва демократияро аз онҳо омӯхтааст. Вале президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар чунин дидор изҳори дареғ кардааст, ки шахси бузурге чун Латифӣ ба мухолифони исломӣ пайвастааст.
Роҳи начандон ҳамвор
Роҳи ӯ ба ин ҷойгоҳ осон набуд. Оҳангар ҳам буд, аробакаш низ. Сипас ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленингради Шӯравии собиқ ҳуҷҷат супурд ва гузашт. Пас аз хатми донишгоҳ муддати зиёде ҷойи кор пайдо карда натавонист.
"Зиндагиамон аз аввал мушкил буд. Он касро ба кор нагирифтанд, Гуфтанд, ки журналист намешавӣ. Сармуҳаррири газетаи “Коммунист Таджикистана” Румянтсев буд ва мегуфт, Шуморо ба кор намегирем. Маҷбур буданд, рафта дар нашриёти “Ирфон” кор кунанд. Баъд аз он ба “Комсомол” гузаштанд”, -- нақл кард Манзура Ёқубова, ҳамсари Отахон Латифӣ.
Нашр шудани як мақолаи Отахон Латифӣ дар бораи Бадахшон дар рӯзномаи марказии “Комсомолская правда” сармуҳаррири ин нашрияро он гуна ба ҳайрат овард, ки барояш пешниҳоди кор кард. Ба зудӣ ӯ хабарнигори нашрия дар ҳамаи Осиёи Марказӣ шуд. Мақолаҳои ӯ симои ҷаҳонии ин минтақаро падидор мекарданд.
Дертар мегӯянд, Латифӣ ба зидди бунёди нерӯгоҳи Роғун буд, вале дар асл мақолаи машҳури ӯ "Сарбанд" беҳбуди тарҳ ва иҷрои дурусти онро матраҳ мекард. Ӯ касе буд, ки зиёда аз 20 мақола дар бораи сохтмони нерӯгоҳи "Норак" нашр карда, бо ташаббуси вай барои тезондани ин сохтмон "Эстафетаи коргарӣ" роҳандозӣ шуда буд.
Майсара Калонова мегӯяд, ҳақиқатнигорӣ, адлҷӯӣ, умқи таҳлилҳо ва сабки хосаш номи Латифиро он солҳо вирди забонҳо карда буд. Баъд аз 16 соли кор дар “Правда” ӯ муовини сарвазири Тоҷикистон шуд, аммо пас аз воқеаҳои феврали соли 1992, вақте ки дар майдони марказии Душанбе 26 ҷавон кушта шуданд, ба нишони эътироз аз шеваҳои кори КГБ-и СССР ва таҳқиқи нодурусти қазия истеъфо дод.
Мегуфт, “вазъи ватан талаб мекард”, вале...
Пайвастанаш ба мухолифон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чизе буд, ки то ҳоло аз тарафи баъзе шогирдонаш мавриди танқид қарор мегирад. Вале ӯ дар як мақолааш навишт, ки “вазъи ватани азизам инро талаб мекард”.
Иброҳим Усмонов гуфт: “Латифӣ аслан коммунисти содиқ буд, вале вақте воқеаҳои солҳои 90-ум сар шуданд, ба назари ман, мавқеи Латифӣ начандон коммунистона буд. Раҳбарияти ҳамонвақтаи Шӯравӣ ӯро ба ҷараёни нави бозсозӣ наздиктар овард. Ҳамин сабаб шуд, ки Латифӣ дар гирудорҳои минбаъдаи сиёсӣ ба мавқеи ба истилоҳ нерӯҳои демократии ҳамон замон наздиктар шавад, ҳамроҳи он бошад, дар баҳсҳо ва баъдтар дар музокироти сулҳи тоҷикон иштирок кунад.”
Бо вуҷуди он ки солҳои охири умраш Отахон Латифӣ дар ҷойгоҳи хосе миёни ду тараф монда буд ва эҳсоси танҳоӣ мекард, ҳаргиз аз кору мавзеъгириҳояш изҳори пушаймонӣ накардааст. Рӯзноманигори машҳури Литва Домас Шнюкас навишт, бо шунидани хабари куштори Латифӣ ҳамон лаҳза дарк кард, ки ин қатли сиёсист ва фармоишгарони чунин қатлҳо ҳаргиз ошкор намешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон мехост, Латифӣ дар оромгоҳи Лучоб дафн карда шавад, аммо ҳамсараш пойфишорӣ кардааст, ки шавҳараш аз миёни мардум бархостааст ва бояд дар миёни мардум бихобад. Оромгоҳи Латифӣ дар "Сариосиё"-и Душанбест. Ҳамсар ва фарзандон ба зиёраташ мераванд ва ёдаш мекунанд.
Дар рӯзи қатлаш Отахон Латифӣ бе муҳофиз монда буд, аммо, тавре яке аз ҳамкоронаш дар Комиссияи оштии миллӣ мегӯяд, "Латифӣ мегуфт, шарм медорад, ки дар кӯчаҳои шаҳри худаш бо муҳофиз қадам занад".