2014 - Соли Нигина Амонқулова, ҳаҷҷи Шабнам ва дебюти Мино (4 ВИДЕО)

Нигина Амонқулова

Соли 2014 соли таронаҳои нави Нигина Амонқулова ва рӯйи саҳна омадани Мино, "Ба Лолазор"-и гурӯҳи “Шамс”, ҳаҷҷи умраи хоҳарон Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ва баҳси ҳаққи муаллифӣ буд.

Телевизиони Тоҷикистонро гоҳо “Телевизиони Нигина” меноманд. Аммо шояд танҳо бахше аз маҳбубияти ин овозхонро таблиғоти телевизионҳои ҳукуматӣ ба миён овардааст, бахши дигар аз худи таронаҳояш бармеояд, ки шунавандаҳо мегӯянд, дӯстдоштаниянд.

“Дар оғӯши ту мемирам” ва чанде дигар аз таронаҳои Нигина дар сабқати мусиқии попи Тоҷикистон дар “топ” – и дискфурӯшиҳо ва мобитонҳои ширкатҳои мобилӣ қарор дошт. Аз 7 мусоҳиби мо дар кӯчаҳои пойтахт 4 нафар гуфтанд, имсол Нигинаро бештар мешуниданд. Чаро? Посухҳо чунин буд:

  • “Таронаҳояш ошиқонаанд.”
  • “Садояшро дӯст медорам.”
  • “Матнҳояш бемаънӣ нест.”
  • “Сурудҳояш ҳаётиянд.”

Дар навор Нигина Амонқулова Соли нави мелодиро ба ҳамаи мухлисони худ ва хонандагони ин сафҳа табрик мегӯяд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Паёми солинавии Нигина Амонқулова

Дар зимн бо ҳамовозии Нигина дар клипи “Мавригӣ” овозхони ҷавон Дамирбек Олимов ҳам муаррифӣ шуд, ки то ҳоло дар YouTube беш аз 365 ҳазор бор дида шудааст.

СУРУДИ АНГЕЗАНДАИ ГЕНҲО

Аммо Нобовар бо гурӯҳаш “Шамс” ҳам аз Нигина кам наомад ва имсол парвози баланд дошт. Соли 2014 ягон тӯю хурсандӣ бидуни “Ба лолазор” – и гурӯҳи “Шамс” нагузашт. Ин оҳанги мардумии рақсӣ ва ҷолиби Нобовар Чаноров марзҳои тӯю сури мардумро убур карда, ҳатто ба “Муллои Фархорӣ”, як навори шаҳвонии зидди муллое дар ноҳияи Фархор роҳ ёфт.

Нобовар Чаноров

Нобовар Чаноров то ҷое шигифтзада ҳам аст ва мегӯяд, ки дар тӯйҳо аз ӯ хондани “суруди мулло” – ро талаб мекунанд. Аммо ин на танҳо марзи шуҳрати “Ба лолазор” аст. Ин тарона ҷоизаи “Ҷило - 2014” - ро гирифт ва ҳоло яке аз номзадҳои “Суруди сол-2014” аст. Нобовар мегӯяд, ин таронаи қадимиро ҳатто овозхонон берун аз Тоҷикистон ҳам хоҳиши бозхонӣ карданд: “Ба ман Сиддиқ Шубоб ҳам занг зад ва гуфт мехоҳад, ин таронаро бихонад. Ман ҳам гуфтам, марҳамат. Мо бовар доштем, ки ин суруд маъруф мешавад, чун қадимӣ ва асл аст, вақте ин оҳанг шурӯъ мешавад, ҳама ба ваҷд меоянду ба рақс медароянд ва он ба генҳои одам таъсир мекунад. Ман аз он хушҳолам, ки ин сурудро дар ҳама минтақаҳои кишвар хуш пазируфтанд ва он пораҳое, ҳам ки бо забони бадахшонист, хуб қабул шуд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нобовар аз оғоз бовар доштааст, ки "Ба лолазор" суруди сол мешавад.

ДЕБЮТИ МИНО ВА ФАРИДУНИ ХУРШЕД

“Бачаи Дарвозӣ”- оҳанге, ки имсол исми овозхони ҷавон, донишҷӯи соли аввали Консерваторияи миллӣ -- Миноро на танҳо дар Дарвоз, балки берун аз он ҳам маъруф кард, ба гуфтаи овохон, ба маҳзи он, ки ба лаҳҷа суруда шудааст, ба озмуни “Суруди сол” роҳ наёфт.

Мино - сарояндаи тоҷик

Аммо, меафзояд Мино, маҳз ҳамин лаҳҷа ин таронаро, ки бар матни Хайрандеш суруда шудааст, ширин ва сершунаванда кард. Минои Оламоро, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз қабл тасмим буд ин дар бораи “Бачаи Данғара” бошад, аммо баъдан Дарвозро интихоб кард, вале бачаҳои Данғараро ҳам ноумед накард: “Волидону наздиконам аз тарафҳои Данғара ҳастанд ва модарам мехост, дар бораи Данғара як суруд хонам, аммо таронаҳо дар ин бора бисёр буданд ва ман хостам ягон маҳалли дигар бошад, дар матни сурудам. Дарвозро интихоб кардем, вале модарамро ҳам ноумед накардам ва таронаи дигар бо номи “Кабки Данғара” сурудам.”

Дар баробари исми Мино имсол номи нави дигар дар майдони эстрада Фаридуни Хуршед буд. Фаридуни Хуршед, бо таронаи “Эмануелла” дар оғози соли равон вориди саҳна шуд.

TAMOSHOW AWARDS-РО КӢ МЕГИРАД?

Беҳрӯз Зеваров раҳбари ширкати “Топ-медиа” ва продюссери тоҷик мегӯяд, дар маҷмӯъ имсол овозхонҳо Ҷонибек Муродов, Меҳрнигор, Фарзонаи Хуршед, Валиҷон Азизов, Зулайхову Зайнура, Баха 84, Нозияи Кароматулло ва Таҳмина Ниёзова пешсаф ва сермаҳсул буданд. Беҳрӯз меафзояд, имсол овозхонҳо дар интернет ҳам фаъол буданд. Беҳрӯз ҷоизаи “Tamoshow Awards”-ро барои беҳтарин ва сербинандатарин таронаву клипҳо дар YouTube ба роҳ мондааст ва он бояд моҳи феврал натиҷагирӣ шавад. Ба гуфтаи Беҳрӯз Зеваров, «ин ҷоиза ҳам мисли “Youtube Awards”и Русия аст ва дар он таронаҳое, ки дар YouTube бештар аз 50 ҳазор бинанда доштанд, ширкат мекунанд. Ҳоло 18 иштирокчиро мо муайян кардем. Ин ҳам клипи Фарзонаи Хуршед бо номи “Ашк”, Нигина Амонқулова ва Дамирбек “Мавригӣ”, Ҷонибек Муродов “Шодамонеҳ” ва Меҳрнигори Рустам "Таронаборон" дигарон аст. Ҷоизаро ҳоло намегӯем ва дар рӯзи натиҷагирӣ хоҳед фаҳмид.”

Беҳрӯз Зеваров

Дар зимн клипи сегонаи “Ало шодоб соҳилҳо”- и Ҷӯрабеку Ҷонибек Муродовҳо ва Валиҷон ҳам дар интернет сербинандтарин клип дар соли 2014 унвон шудааст. Дар он овозхони собиқадор Ҷӯрабек Муродов ба таври ғайримаъмулӣ бо либоси озоду ғайрирасмӣ, бо ҷелаку муза рӯйи асп намудор шудааст, воқеан барои алоқомандони мусиқӣ ҷолиб буд. Худи тасвиру овозхонии ду насл дар як клипи, тавре гуфта мешавад, хеле гаронбаҳо, ба гуфтаи Зеваршоҳи Муҳаммад, таҳлилгари масоили ҳунарии Тоҷикистон дар радиои Би-би-сӣ падидаи муваффақ буд. “Ин як ихтиёри хубе буд, коргардон устод Ҷӯрабекро дар як шакли комилан дигар ба бинанда нишон дод. Маъмулан, Ҷӯрабек Муродов либосҳои классикӣ ба бар дорад, ин бор вай дар асп асту дар табиат гаштугузор дорад. Худи оҳанг ҳам хуб буд ва видеояш ҳам бисёр олӣ буд. Имсол дар маҷмӯъ ба андешаи ман овозхонҳои зиёд талошу кӯшишҳо доштанд, то дар ин ҷода муваффақ бошанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Беҳрӯз Зеваров: "Имсол овозхонҳои мо дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҷойи по ёфтанд".

ИМИҶИ НАВИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ

Аз ҳамнаслони Ҷӯрабек Муродов овозхонҳои собиқадор, имсол дар баробари духтаронаш исми Сурайё Қосимова ҳам як муддат расонаӣ буд. Барои хонум Сурайё имсол шояд аз нигоҳи молӣ чандон соли хуб набуд -- хонааш оташ гирифт ва сейф ёговсандуқе ки дар он пул, ҳуҷҷатҳо ва ҷавоҳироти овозхон нигаҳдорӣ мешуд, ба яғмо рафт. Ва дар ин ҷиноят ҳам наздикони овозхон гумонбар дониста шуданд.

Ҷӯрабек Муродов

Аммо духтарони хонум Сурайё , хоҳарон Шабнаму Фарзона имсол бештар бо шеваи либоспӯшӣ ба ҳаҷҷи ғайриинтизор аз пурсарусадотаринҳо буданд. Мавзӯи ҳоҷӣ шудану либоспӯшии Шабнам ва Фарзона ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам берун аз он хеле сербаҳс буд. Худи Шабнам дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ аз ин муносибати расонаҳо ва нигаронӣ кард ва гуфт вай шеваи либоспӯшии худро дигар кардааст: “Таронаҳои навам дар ҳоли омодашавӣ аст ва ният дорам бо либоси пӯшида, онҳоро омода ва пешниҳоди мухлисон кунам. Ростӣ, мо ҷавон будем, намефаҳмидем, ҳоло дигар фикрам тағйир ёфтааст ва ба ин андешаам, ки либоси зан набояд бисёр урён бошад. ”

Баръакси ин хоҳарон, рақиби онҳо Манижа Давлатова имсол ҳам хомӯш буд ва танҳо бо чанд оҳангаш, барои Ҷонибек, Зулайхо ва Зайнура аз худ дарак дод.

ТАЛОШЕ БАРОИ РАҲЁФТ БА EUROVISION - 2015

Садриддин аз ситораҳои пурҷило ва куҳнакори дигари тоҷик, имсол ҳарчанд дар дохил хомӯш буд, дар хориҷ аз кишвар ба муваффақиятҳои зиёде ноил гашт. Пайдо кардани Садриддин имсол дар Тоҷикистон қариб номумкин буд вай ҳамеша дар сафарҳои ҳунарӣ дар Амрикову Аврупо буд ва ҳамин шабу рӯз ҳам вай барои ширкат дар барномаҳои солинавии форсизабонҳо дар хориҷ омодагӣ мебинад.

Зарина Тоҷибоева

Дар зимн соли 2014 аз хориҷи кишвар аввалин бор як духтари тоҷик, барои ширкат дар озмуни байналмилалии “Eurovision – 2015” изҳори омодагӣ кард. Талоши Зарина Тоҷибоева барои роҳ ёфтан ба ин озмун аз номи Швейтсария ба истиқболи гарме дар Ватанаш - Тоҷикистон - рӯбарӯ шуд ва ҳаводорони Тоҷибоева маъракаи густардаи таблиғотиро ба ҷонибдории ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ба роҳ монданд. Зарина ба ширкат дар ин озмун муваффақ нашуд, аммо ин натиҷа вайро дилсард накард. Зарина мегӯяд, дар осмони ҳунари овозхонӣ “дубора парвоз хоҳад кард.”

СОЛИ ПУРБОР ВА ХУБ

Дар маҷмӯъ соли 2014-ро мусиқишиносон соли то ҷое пурмаҳсулу муваффақ барои эстрада ва соли кашфи чанд ситораи нав дар осмони мусиқии попи тоҷикӣ медонанд. Вале дар баробари мувафақиятҳо имсол низ як мушкили кӯҳна овозхонҳоро азият медод. Он ҳам ба таври қочоқӣ ва бесифат сабт ва фурӯхта шудани таронаҳояшон буд, ки зарбае ба ҳаққи муаллифон мезад.

Посухи ҳамсӯҳбатони мо ба пурсиши ин ки таронаи писандидаи онҳо дар соли 2014 кадом буд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Беҳтарин таронаи соли 2014-ум кадом буд?