Аз қатли Ҳувайдо то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик. ВИДЕО

Соли 2018 бо қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, “футболи" муҳоҷирони тоҷик, боло рафтани қимати патент, дархост барои афви муҳоҷирони рондашуда ва наҷоти зану навраси рус дар ёд мемонад.

“Умрбод зиндонӣ кунанд, то дигар набинем”

Фиғони дилхароши волидони Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷик, ки дар Русия таҷовузи ҷинсӣ ва кушта шуд, як хотираи мағшуш ва дарднокест, ки садҳо ҳазор муҳоҷир аз соли 2018 ба соли ояндаи 2019 мебаранд.

Гузориши видеоӣ дар бораи як соли муҳоҷирони тоҷик:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик

Ҳувайдоро рӯзи 22-юми июли имсол дар яке аз маҳаллаҳои канори шаҳри Маскав як ҷавони рус таҷовуз карда, сипас кушт. Ин ҳодиса на танҳо муҳоҷирони кории тоҷик, балки мардуми зиёдеро дар худи Русия ваҳшатзада кард. Орзуи Абдусалом Саидов, падари муҳоҷири Ҳувайдо ва сокини шаҳри Кӯлоб дар соли оянда ин аст: “Орзу дорем, ки дар додгоҳи қотили фарзандамон иштирок кунем. Ӯро умрбод зиндонӣ кунанд, то дигар набинем.”

Александр Сёмин, ҷавони 27-солае, ки ба қатли Ҳувайдо Тиллозода муттаҳам мешавад, ба эҳтимоли ғолиб соли 2019 дар назди додгоҳ ҷавоб мегӯяд.

Абдусалом Саидов

Ҷоми ҷаҳонӣ ё “футбол”-и муҳоҷирон

Аз тобистони соли 2018 на танҳо фоҷиаи Ҳувайдои ноком, ҳамчунин Ҷоми ҷаҳонии футбол ҳам дар ёд мемонад. Албатта, на бо бозиҳояш, балки бо ихроҷи зиёди муҳоҷирон аз Русия.

Дар остонаи бозиҳо, ки аз 14-уми июн то 15-уми июл идома кард, мақомоти Русия ҳазорон муҳоҷирро дар кӯчаву хиёбонҳо дастгир карданд ва села-села ба Тоҷикистон фиристоданд. Аз ҷумла, баъзе аз онҳоеро, ки дар Русия қонунӣ кору иқомат мекарданд.

Ҳакималӣ Ҷӯрақулов, сокини ноҳияи Ҳисор яке аз онҳост. Ӯ гуфт, “тамоми санадҳоро доштам, ҳаққи иқомат, патент ва сабти расмӣ. Мехостам 10 рӯз пеш аз тамом шудани муҳлати иқомат баргардам, вале дастгир карданд. Бе ҳеҷ шарҳ ихроҷ намуданд. Муҳр заданд, ки баргашта наметавонам.”

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, ҳарчанд Ҷоми ҷаҳонии футбол барои муҳоҷирон фурсати хубе барои кор кардан шуд, оқибатҳои манфӣ ҳам дошт. Аз ҷумла, ихроҷи онҳо, бепул кор фармудани муҳоҷирон дар сохтмонҳои мусобиқот ва напардохтани пулашон.

Талаби мақомоти тоҷик аз Русия

Баъди ҳама ихроҷу ронданҳо аз қаламрави Русия, мақомоти расмии Тоҷикистон моҳи октябр ба Маскав рафтанд ва дар онҷо хостанд, маъмурони пулиси Русия аз ин корҳо камтар кунанд. Дар нишасти вакилони мардумии Тоҷикистону Русия ва ҳам мақомоти баландпоя дар моҳи октябр дар Маскав, тарафи Душанбе хост, муқаррароти сабти иқомат барои муҳоҷирон андаке ҳам бошад сабуктар карда шавад.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт: “Барои беҳтар кардани шароити будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар мо пешниҳод дорем, ки муҳлати умуми будубоши онҳо дар Русия то 180 рӯз дароз карда шавад. Ин гуна шароит имконияти қонунии фаъолияти муҳоҷирони моро бештар карда, шумораи муҳоҷирони ғайриқонуниро хеле коҳиш медиҳад.”

Cумангул Тағойзода

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин хостанд, парвандаҳои 80 ҳазор муҳоҷири тоҷик, ки барои қонуншиканҳои ночиз, масалан, насупурдани пули телефон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданд, бознигарӣ шавад ва онҳо тавонанд, дигарбора барои кору таҳсил баргарданд. Мақомоти Русия ваъда доданд, ки дар соли 2019 сари ин масъала андеша мекунанд.

Эълони боло рафтани нархи патент

Аммо як ваъдае, ки мақомоти Русия дар охири соли 2018 доданд, муҳоҷиронро ғамгину маъюс кард. Он ҳам ваъдаи боло бурдани арзиши патент. Масалан, дар пойтахти Маскав патент, ки 4500 рубл буд, аз аввали соли оянда 5 ҳазор рубл мешавад. Ҳамингуна муҳоҷире агар дар Маскав як сол кор кунад, бояд барои патент 1000 доллар бипардозад. Ва ин ҳам осон нест.

Олег Фармонбеков, ки муддати зиёд аст, дар Маскав кор мекунад, назари худро дар ин бора дар видео сабт кард ва рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ фиристод.

Ӯ мегӯяд, “мушкилоти муҳоҷирон бе ин ҳам зиёд аст. Ба мо зиндагӣ кардан дар қаламрави Русия мушкил шудааст. Барои иҷораи хона, барои патент, барои роҳкиро ва дигару дигар бояд пул бидиҳед, ҳеҷ чизе барои худат намемонад. Қаламрави Русияро ҳам тарк карда наметавонӣ, зеро барои тарки он пул ҷамъ карда наметавонӣ.”

Муҳоҷирони тоҷик дар як боздоштгоҳи пулиси Русия

“Соли орӣ аз хурсандиву ифтихор ҳам набуд”

Аммо ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мисли ҳамеша дар баробари сахтиву мушкилоташ орӣ аз лаҳзаҳои хурсандиву ифтихор набуд.

Рафтори чаҳор муҳоҷири тоҷик дар рӯзи 7-уми июли соли 2018, ки як зан ва навраси русро аз чанголи марг ва аз ғарқшавӣ дар Ҷумҳурии Адигея наҷот доданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн шуд.

Видеои онҳоро тақрибан 1 миллион нафар дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук тамошо карданд. Бисёриҳо ба Комрону Раҳимҷону Музаффару Ҳалим аз Панҷакент офарин гуфтанд ва яке ҳам чунин дуо кардааст, “кош рӯзе шаваду дар ватани худ ризқу рӯзиатонро биёбӣ, тоҷики овораам.”

Лаҳзаи наҷотро шоҳидони ҳодиса сабт кардаанд

Шумо дар ҳаққи муҳоҷирон барои соли оянда чӣ дуо мекунед. Дар зери ҳамин мақола нависед ва ё аз тариқи Вайбер, Вотсап ва ИМО, Телеграм ба ин рақам ба мо фиристед: +420 724 053 959