Файзулло Бодуров 40 сол дошт.
Шахсони наздик ба ӯ гуфтанд, ки Бодуров аз тарафи мақомоти Русия ва “бо шарти таслим таслим накарданаш ба Тоҷикистон ба ҷанги зидди Украина бурда шуда буд”.
Яке аз онҳо (ба далели амниятӣ номаш фош намешавад) гуфт, Бодуров дар Тоҷикистон бо иттиҳоми тундгароӣ бо истифода аз Интернет (моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) таҳти пайгард қарор дошт.
“Ҷониби Русия бо ин шарт, ки агар ба ҷанги Украина равад, истирдод нахоҳад шуд, ӯро ба Украина бурданд. Хабари кушта шуданаш рӯзи 15-уми ноябр расид,” – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Файзулло Бодуров соҳиби як фарзанд буда, тайи солҳои охир дар Маскав мезист. Дӯстонаш дар Русия гуфтанд, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бардошту хотираҳои худро менавишт.
Ҳафтаи гузашта ҷасади як зодаи дигари Хоруғ бо номи Фарид Хайруллобеков аз майдони ҷанг дар Украина ба Маскав оварда шудааст. Сабаби ба ҷанг бурдан ё рафтани ӯ маълум нест.
Моҳи июли имсол дар бораи кушта шудани ду зодаи ноҳияи Ишкошим дар ҷанги Русия дар Украина хабар расида буд.
Теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанги Украина ҷалб шудаанд, маълум нест. Танҳо исми бештар аз сад нафари онҳо пас аз фавт ё дар асорат дар Украина расонаӣ шудааст.
Ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги кишварҳои бегона ҷиноят аст. Бо ин вуҷуд, дар ҷанги Русия алайҳи Украина, ки дар моҳи феврали соли 2022 оғоз шуда, сабаби маҳкумиятҳои байнулмилалӣ гардид, зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон бо тарзҳои гуногун ҷалб мешавад. Онҳоро ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:
- Сарбозону афсароне, ки дар артиши Русия хидмат мекарданд;
- Муҳоҷирони корӣ, ки бо ваъдаи шаҳрвандиву пули калон ба ҷанг ҷалб шуданд;
- Зиндониёни тоҷик, ки дар шароити номаълум ба ҷанг бурда шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бештар аз ду соли охир танҳо то сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, вале дар бораи иштироки тоҷикистониҳо дар ҷанги зидди Украина парвандае боз накардаанд.