Як зани 54-сола дар Хатлон барои азияти 5 наберааш боздошт шудааст

Пулиси Хатлон акси ин зан бо наберагонашро нашр кардааст.

Як зан бо ҷурми азияти панҷ набераи хурдсолаш дар Хатлон боздошт шудааст.

Рӯзи 16-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки дар он зане панҷ кӯдаки хурдсолро бо химча дар хонае дароварда мезанад. Кӯдакон, ки рӯи фарш хобидаанд, дод мезананд ва зора мекунанд, ки онҳоро назанад. Корбарон аз мақомот талаб карданд, ки ин занро пайдо карда, ҷазо диҳанд.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон рӯзи 17-уми ноябр хабар дод, ки сокини 54-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо гумони "муносибати дағалона, мавриди азобу шиканҷа қарор додан ва латукӯби бераҳмонаи кӯдакони хурдсол" боздошт кардааст.

Кӯдаконе, ки дар навор сабт шудаанд, зоҳиран аз 3 то 7 сола ҳастанд.

РВКД гуфтааст, ки рафтори ин зан таҳқиқ мешавад ва ҳанӯз маълум нест, ки чаро ӯ нисбат ба наберагонаш чунин рафтор кардааст.

Назари худи ин зан низ ба расонаҳо дастрас нашудааст.

Дар як соли ахир чанд бор навори озору азияти кӯдакон аз ҷониби бузургсолон расонаӣ шуд. Мақомот аз боздошти онҳо хабар доданд, вале дар бештари маврид онҳо бо ҷарима ва ҷазои сабук раҳо шуданд.