Як мансабдори Узбекистон гуфтааст, нияти пайвастан ба ЕАЭС-ро надоранд

Русия аз замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад

Тошканд ният надорад, ки ба паймонҳои низомӣ ва ниманизомӣ шомил шавад ва, инчунин, дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (як созмони зери нуфузи Русия) ҳамчун кишвари нозир хоҳад монд.

Ба гузориши вебсайти “Фарғона” аз 17-уми октябр, дар ин бора Акмал Саидов, муовини аввали раиси порлумони Узбекистон, гап задааст. “Мо ҳаргиз бачаҳои худро ба иҷрои ягон миссияи низомӣ, аз ҷумла посдори сулҳ, ба хориҷа намефиристем. Дар қаламрави кишвари мо ягон пойгоҳи ҳарбии берунӣ вуҷуд нахоҳад дошт,” – афзудааст ӯ.

Саидов дар мавриди пайвастани Узбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо (ЕАЭС) гуфтааст: “Мо беш аз ҳазор ҳуҷҷати гуногуни ин созмонро бодиққат омӯхта, ба хулосае омадем, ки имрӯз дар мақоми нозир мондан ба беҳтар аст.”

Вай барои исботи гуфтаҳои худ Қазоқистонро мисол овардааст, ки “аз шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манфиати хеле кам ба даст овард”.

Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд. Узбекистону Куба ва Молдова мақоми нозирро доранд. Русия аз замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад.

Тарафдорони пайвастани Тоҷикистон ба ЕАЭС дар дохили кишвар кам нест. Бахусус муҳоҷирон бовар доранд, ки дар сурати узвияти Тоҷикистон дар созмон вазъи онҳо дар Русия беҳтар мешавад. Мухолифони пайвастани Тоҷикистон бовар доранд, ки шомилшавӣ ба ин созмони зери назари Русия, даромади буҷаи Тоҷикистонро аз ҳисоби боҷи гумрукӣ бамаротиб кам мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки дар мавриди шомил шудан ё нашудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи баъзе аз кишварҳои узв, бавижа Қирғизистон ва Арманистонро меомӯзанд.