Вазири собиқи дифои ИМА ва мақомоти Тоҷикистон намехоҳанд гуштӣ аз Бозиҳои олимпӣ хориҷ шавад.
Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмиллалии олимпӣ ахиран дар Лозаннаи Швейтсария пешниҳод кардааст, ки гуштии озод ва юнониву румӣ аз барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020-ум хориҷ шаванд. Ба назар мерасад, Федератсияи гуштии варзишии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ба ин маъракаи байналмилалӣ барои дар барномаи Бозиҳои олимпӣ нигоҳ доштани ин навъҳои варзиш ҳамроҳ шудааст, дар симои Тоҷикистон ба худ як муттафиқи муҳимро пайдо кардааст.
Яке аз сиёсатмадорони “сангинвазни” Вашингтон, собиқ вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелд изҳор кард, ки ҳатто дар ҳамин синни 80-солагиаш омода аст, ки рӯи қолини гуштӣ барояд ва барои ҳифзи гуштӣ дар барномаи Олимпиада мубориза барад.
Чунон ки маълум шуд, ӯ беш аз даҳ сол дар мактаб ба гуштӣ машғул будааст. Вай минбаъд ҳам дар ҳаёт - ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Принстон ва хидмат дар қӯшунҳои ҳарбиву баҳрии ИМА ба гӯштӣ бетараф набуд.
Дар мақолае, ки дар рӯзномаи “Вашингтон пост” дарҷ шудааст, собиқ сарвари Пентагон аз пешниҳоди кумитаи иҷроияи КБО дар бораи ҳазфи гуштӣ аз барномаи ҳатмии рақобатҳои тобистонаи олимпии соли 2020-ум изҳори нигаронӣ каррдааст. Вай, аз ҷумла, навиштааст, ки “таърихи гуштӣ дар Бозиҳои олимпӣ ба худ ҳамто надорад.”
Ҷаноби Рамсфелд хотиррасон мекунад, ки ин навъи варзиш ҳанӯз дар Юнони қадим пайдо шудааст ва ба рӯҳияи мусобиқоти олимпӣ ҷавобгӯ мебошад. “Аз барномаи Бозиҳои олимпӣ хориҷ кардани гуштӣ барои варзиш, барои варзишгарон ва барои анъанаҳои бойи Бозиҳои олимпӣ фоҷиа мебошад,”- иброз доштааст собиқ вазир. - Дар муддати чандин ҳазорсолаҳо гуштӣ дар ҳамаи қораҳо маъруфият пайдо кардааст. Он қариб дар ҳамаи кишварҳо паҳн шудаааст ва қисми мероси фарҳангии онҳо ба шумор меравад.”
Рамсфелд изҳор доштааст, ки кӯшиши муттаҳид сохтани “ҷамоаи байналмилалии гуштӣ”-ро барои роҳ надодан ба ихроҷи гуштӣ аз барномаи Олимпиада комилан дастгирӣ мекунад. Ба ақидаи ӯ аҳли ҷомеаи варзишӣ аз кишварҳои мухталиф бояд далелҳои асоснок пайдо кунанд ва роҳбарияти Кумитаи байналмилалии олимпиро бовар кунонанд, ки гуштӣ дар барномаи Бозиҳои олимпӣ нигоҳ дошта шавад.
Федератсияи гуштии варзишии ИМА умедвор аст, ки ба ҷониби худ ходимони таъсирбахши сиёсиву ҷамъиятиро ҷалб месозад, то ин ки ба маъракаи ҳимояи ин навъи варзиш нуфузу мартабаи баланд диҳад. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он қаҳрамонҳои олимпӣ дохиланд. Ин гурӯҳ дар назди КБО манфиати гуштии варзиширо ҳимоят мекунад.
Русия, ки яке аз пешсафони гуштии варзишӣ дар ҷаҳон ҳамчунин барои нигоҳ доштани ин навъи варзиш дар барномаи ҳатмии Бозиҳои олимпӣ талош дорад. Александр Жуков, раиси Кумитаи олимпии Русия ба президенти КБО Жак Рогге нома фиристода, дар он дархост кардааст, ки гуштиро аз барномаи Олимпиада хориҷ накунанд.
Федератсияҳои миллии гуштии варзишии кишварҳои мухталиф мақсад доранд, ки то ҷаласаи кумитаи иҷроияи КБО, ки моҳи май дар Санкт-Петербург доир мешавад ва дар он аз ҳашт навъи варзиш якеаш ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид мегардад, кори бузургеро анҷом диҳанд.
Гуштии варзишӣ дар қатори 7 намуди дигари варзиш, яъне бейсбол/софтбол, каратэ, сабқат бо ролик, кӯҳнавардӣ, сквош, лижаронии обӣ ва вушу барои шомил шудан дар рӯйхати варзишҳои иловагии бозиҳои олимпии соли 2020-ум сабт шудааст.
Қарори ниҳоӣ дар бораи сарнавишти гуштӣ дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ум моҳи сентябр дар ҷаласаи КБО дар Буэнос-Айреси Аргентина қабул мешавад. Дар ҳамон ҷаласа шаҳри мизбони бозиҳои тобистонаи Олимпии соли 2020-ум низ интихоб хоҳад шуд.
Масъулони соҳаи варзиши Тоҷикистон низ аз пешниҳоди кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки мехоҳад гуштии озод ва юнониву румиро аз рӯйхати Бозиҳои олимпии соли 2020-ум хориҷ намояд, хушҳол нестанд.
Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, берун кардани гуштии озод ва юнониву румӣ аз барномаи Олимпиада “як амали ноодилона аст”.
Вай гуфт: "Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ин навъҳои қадимаи гуштӣ алоқамандони зиёд доранд. Бахусус баъди дастоварди бузурги паҳлавони маъруфи мо Юсуф Абдусаломов дар Олимпиадаи Пекин таваҷҷуҳи ҷавонон ба гуштии озод боз ҳам афзун шуд. Аз ин қарор мо хеле нигаронем, зеро гуштӣ ҳатто дар Бозиҳои олимпии Юнони бостонӣ шомил буд. Бинобар ин, мо намехоҳем, ки гуштӣ аз Бозиҳои олимпӣ берун шавад ва мо аз он ҳимоят хоҳем кард".
Баҳрулло Раҷабалиев мегӯяд, тасмими мазкур “як бозии сиёсӣ” аст, зеро кишварҳое ҳастанд, ки манфиатдори берун шудани гуштӣ аз сабқати муҳими варзишии ҷаҳон ҳастанд.
Эшон Сироҷев, муовини раиси Федератсияи гуштии озод ва юнониву румии Тоҷикистон мегӯяд, аслан тасодуфӣ ва таассуфовар аст. Вай гуфт: “Ин навъҳои қадимаи гуштӣ дар дунё хеле маъруфият пайдо кардаанд ва дар Бозиҳои олимпӣ намудҳои асосӣ маҳсуб мешуданд. Гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ аз соли 1886 ва гуштии озод аз соли 1904 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомиланд. Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1952 дар ин навъҳои варзиш дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекард. Гуштии варзишӣ дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боз ҳам рушд ёфтааст. Паҳлавони мо Юсуф Абдусаломов дар Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин дар риштаи гуштии озод барандаи медали нуқра гардидааст. Ва аммо боиси таассуф аст, ки кумитаи иҷроияи КБО бо пешниҳоди худ гуштиро аз барномаи Бозиҳои олимпӣ хориҷ карданист. Вале мо умедворем, ки гуштӣ дар барномаи Олимпиада нигоҳ дошта мешавад.”
Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ баъди ҳар олимпиада ба арзёбии муваффақияту нокомии намудҳои варзиш рӯй меорад, то намудҳои ҷолибтаре ба бозиҳои олимпӣ роҳ ёбанд.
Дар бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2012-ум дар Лондон 344 гуштигир барои 18 медали тило: 11 медал дар гуштии озод ва 7 медал дар гуштии юнониву румӣ сабқат кардаанд. Дар миёни 29 кишваре, ки дар сабқати гуштигирони Лондон ба гирифтани медал ноил гаштаанд, Русия бо 4 медали тилло, ду медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ҷои аввалро ишғол намудааст.
Яке аз сиёсатмадорони “сангинвазни” Вашингтон, собиқ вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелд изҳор кард, ки ҳатто дар ҳамин синни 80-солагиаш омода аст, ки рӯи қолини гуштӣ барояд ва барои ҳифзи гуштӣ дар барномаи Олимпиада мубориза барад.
Чунон ки маълум шуд, ӯ беш аз даҳ сол дар мактаб ба гуштӣ машғул будааст. Вай минбаъд ҳам дар ҳаёт - ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Принстон ва хидмат дар қӯшунҳои ҳарбиву баҳрии ИМА ба гӯштӣ бетараф набуд.
Дар мақолае, ки дар рӯзномаи “Вашингтон пост” дарҷ шудааст, собиқ сарвари Пентагон аз пешниҳоди кумитаи иҷроияи КБО дар бораи ҳазфи гуштӣ аз барномаи ҳатмии рақобатҳои тобистонаи олимпии соли 2020-ум изҳори нигаронӣ каррдааст. Вай, аз ҷумла, навиштааст, ки “таърихи гуштӣ дар Бозиҳои олимпӣ ба худ ҳамто надорад.”
Рамсфелд изҳор доштааст, ки кӯшиши муттаҳид сохтани “ҷамоаи байналмилалии гуштӣ”-ро барои роҳ надодан ба ихроҷи гуштӣ аз барномаи Олимпиада комилан дастгирӣ мекунад. Ба ақидаи ӯ аҳли ҷомеаи варзишӣ аз кишварҳои мухталиф бояд далелҳои асоснок пайдо кунанд ва роҳбарияти Кумитаи байналмилалии олимпиро бовар кунонанд, ки гуштӣ дар барномаи Бозиҳои олимпӣ нигоҳ дошта шавад.
Федератсияи гуштии варзишии ИМА умедвор аст, ки ба ҷониби худ ходимони таъсирбахши сиёсиву ҷамъиятиро ҷалб месозад, то ин ки ба маъракаи ҳимояи ин навъи варзиш нуфузу мартабаи баланд диҳад. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он қаҳрамонҳои олимпӣ дохиланд. Ин гурӯҳ дар назди КБО манфиати гуштии варзиширо ҳимоят мекунад.
Русия, ки яке аз пешсафони гуштии варзишӣ дар ҷаҳон ҳамчунин барои нигоҳ доштани ин навъи варзиш дар барномаи ҳатмии Бозиҳои олимпӣ талош дорад. Александр Жуков, раиси Кумитаи олимпии Русия ба президенти КБО Жак Рогге нома фиристода, дар он дархост кардааст, ки гуштиро аз барномаи Олимпиада хориҷ накунанд.
Федератсияҳои миллии гуштии варзишии кишварҳои мухталиф мақсад доранд, ки то ҷаласаи кумитаи иҷроияи КБО, ки моҳи май дар Санкт-Петербург доир мешавад ва дар он аз ҳашт навъи варзиш якеаш ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид мегардад, кори бузургеро анҷом диҳанд.
Қарори ниҳоӣ дар бораи сарнавишти гуштӣ дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ум моҳи сентябр дар ҷаласаи КБО дар Буэнос-Айреси Аргентина қабул мешавад. Дар ҳамон ҷаласа шаҳри мизбони бозиҳои тобистонаи Олимпии соли 2020-ум низ интихоб хоҳад шуд.
Масъулони соҳаи варзиши Тоҷикистон низ аз пешниҳоди кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки мехоҳад гуштии озод ва юнониву румиро аз рӯйхати Бозиҳои олимпии соли 2020-ум хориҷ намояд, хушҳол нестанд.
Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, берун кардани гуштии озод ва юнониву румӣ аз барномаи Олимпиада “як амали ноодилона аст”.
Вай гуфт: "Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ин навъҳои қадимаи гуштӣ алоқамандони зиёд доранд. Бахусус баъди дастоварди бузурги паҳлавони маъруфи мо Юсуф Абдусаломов дар Олимпиадаи Пекин таваҷҷуҳи ҷавонон ба гуштии озод боз ҳам афзун шуд. Аз ин қарор мо хеле нигаронем, зеро гуштӣ ҳатто дар Бозиҳои олимпии Юнони бостонӣ шомил буд. Бинобар ин, мо намехоҳем, ки гуштӣ аз Бозиҳои олимпӣ берун шавад ва мо аз он ҳимоят хоҳем кард".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад