Вазъи пешгӯинашавандаи Украина

Вазъияти Украинаро дар ҳоли ҳозир касе наметавонад пешбинӣ кунад. Дар шаҳре, ки барои чанд соат оромии нисбӣ дорад, бо як ҳаракат авзоъ комилан дигаргун мешаваду бархӯрдҳо авҷ мегиранд.
Чархҳои мошинҳоро ба оташ мекашанд, сангарҳои бештар барои муқовимат бо нерӯҳои пулис сохта мешаванд ва фазои Киев ба дуд олуда мешавад. Аз шаби ҷумъа то субҳи шанбе шаҳри Киев-пойтахти Украина шоҳиди бархӯрдҳои хушунатомез миёни нерӯҳои пулис ва эътирозгарони мухолифи ҳукумат шуд. Аммо то нимаҳои рӯз бар тибқи гузоришҳо, авзоъ дар Киев нисбатан ором буд.

Вале рӯзи шанбе нооромӣ ба шаҳрҳои дигари Украина сироят кард. Тазоҳургарон дар ин рӯз дар шаҳри Виннитса, бинои шаҳрдориро ишғол карда ва хостори истеъфои раиси шаҳр шуданд. Дар баъзе аз дигар шаҳрҳои ғарбиву марказии Украина ҳам чанде аз идораҳои ҳукуматӣ дар тасарруфи тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ аст.

Виталий Захаренко, вазири умури дохилии Украина рӯзи шанбе гуфт, талошҳо барои поён додан ба бӯҳрон бе истифодаи зӯрӣ “бесамар” будаанд. Вазири украинӣ, мухолифони умдаи давлатро ба он муттаҳам кард, ки қодир ба идораи тарафдорони тундрави худ нестанд ва афзуд, ки тазоҳургарон дар бинои шаҳрдории Киев, ки дар дасташон аст, “аслиҳа ҷамъ мекунанд.”

Мақомоти пулиси Киев ҳамчунин гуфтанд, ки тазоҳургарон ду афсари пулисро дар ҳамин бино бандӣ кардаанд ва хостанд, ки тазоҳургарон фавран онҳоро раҳо кунанд. Аммо тазоҳургарон ин иддаоро рад мекунанд. Стефан Фюлле, масъули умури густариши Иттиҳодияи Аврупо барои ҳалли бӯҳрон дар Украина ба шаҳри Киев омадааст ва рӯзи шанбе аз ҳукумати Украина хост, “барои қатъи занҷираи хушунату таҳдидҳо” чораҳои мушаххас биандешад.

Стефен Фюлле рӯзи ҷумъа бо раиси ҷумҳур Виктор Янукович ва ҳам раҳбарони аслии мухолифони давлати Украина мулоқот кард. Виктор Янукович ваъда дод, ки дар ҳайъати ҳукумат тағйирот ворид мекунад ва тазоҳургарони боздоштшударо ҳам авф хоҳанд шуд. Ӯ ваъда дод, ки қонуни нав дар бораи манъи гирдиҳамоиҳоро, ки сабаби тазоҳуроту хушунатҳои ахир шуд, ислоҳ мекунад.

Пулиси Украина таъйид кард, ки дар хушунатҳои ахир се тазоҳургар кушта шудаанд ва ду нафари онҳо аз зарби тир ба ҳалокат расидаанд. Мухолифони давлат теъдоди қурбониёнро панҷ нафар мегӯянд. Рӯзи шанбе Виктор Янукович, раиси шаҳри Киевро аз мақомаш барканор кард, ки маҳз ӯро масъули саркӯби бераҳмонаи тазоҳуротти рӯзи 30-уми ноябр дар ҳамин шаҳр медонанд. Аммо мухолифони давлати Украина ваъдаву иқдомоти Виктор Януковичро нокофӣ медонанд ва мехоҳанд, ки ӯ истеъфо бидиҳад.

Аз ҷумла Виталий Кличко, яке аз пешвоёни мухолифони давлат рӯзи ҷумъа гуфт: “Тағйири вазирон кофӣ нест. Мардум мехоҳад, мудирият тағйир ёбад, зеро онҳо аз зиндагии беқонуну қоида хаста шудаанд. Шумо метавонед, ҳар додгоҳро бихаред, шумо дар кишвари мо адолатро намеёбед. Низом комилан фосид аст. Барои ҳамин мардум ҳоло норозианд.”

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Украина баъди он шурӯъ шуд, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина моҳи ноябр ғайриинтизор аз имзои аҳдномаи деринтизори ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид.