Ҳушдори қудратҳои ҷаҳонӣ ба ду ҷанҷолӣ - Эрон ва Арабистони Саудӣ

Акси Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари созмони Ҳизбуллоҳ дар яке аз рустоҳои Лубнон.

Қудратҳои ҷаҳонӣ аз Арабистони Саудӣ ва Эрон хостанд, ба мудохила дар умури дохилии Лубнон хотима диҳанд ва айни замон Эрон ба созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳушдор додааст, ки фаъолиятҳои низомиаш дар кишварҳои ҳамсояро кам кунад.

Гурӯҳи Байналмилалии Кӯмак ба Лубнон, ки ба он Амрикову Фаронса, Чину Русия ва Бритониё - панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал, шомил ҳастанд, рӯзи 8-уми декабр дар шаҳри Париж ҷамъ омада ва бо Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон гуфтӯгу карданд. Ҳадаф аз ҳамоиш кӯмак ба Ҳарирӣ барои нигаҳ доштани ҳукумати эътилофӣ ва шиканандаи Лубнон аст.

Саъд Ҳарирӣ моҳи гузашта ҳангоми сафар ба Арабистони Саудӣ дар он кишвар эълон кард, ки аз тарси сӯиқасд ба ҷонаш аз мақоми нахуствазири Лубнон истеъфо медиҳад ва ҳамингуна кишварашро ба бӯҳрони сиёсӣ андохт. Ӯ гуфт, аз он метарсад, ки созмони Ҳизбуллоҳ ва Эрон ба ҷонаш сӯиқасд мекунанд.

Саъд Ҳарирӣ ҳангоми ширкат дар нишасти хабарии рӯзи 8-уми декабр дар Париж

Саъд Ҳарирӣ Ҳизбуллоҳро, ки яке аз тарафҳои ҳукумати эътилофӣ аст, ба он муттаҳам кард, сиёсати бетарафии Лубнон дар муноқишаҳои минтақаро риоят намекунад. Созмони Ҳизбуллоҳ ва Эрон дар ҷанги дохилии Сурия ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад кӯмак мекунанд.

Баъди фишорҳои байналмилалӣ ва музокирот байни ҷиноҳҳои сиёсии Лубнон, Саъд Ҳарирӣ аризаи истеъфояшро рӯзи 5-уми декабр пас гирифт ва ҳукумати эътилофии ӯ таъкид кард, ки дар муноқиша дар кишварҳои арабӣ бетарафиро ихтиёр мекунад.

Дар нишасти Париж, ки дар он намояндагони Олмону Итолиё ва Миср ҳам ширкат карданд, аъзои гурӯҳ ба Арабистони Саудӣ ва Эрон ҳушдор доданд, ки дар умури дохилии ин кишвари хурдӣ арабӣ дар соҳили баҳри Миёназамин мудохила накунанд.

Эрон ҳамеша аз созмони шиамазҳаби Ҳизбуллоҳ ва шибҳанизомиёни он дар Лубнону Сурия ҳимоят кардааст. Аз тарафи дигар Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои арабӣ, ки аз нуфузи афзояндаи Эрон дар Ховари Миёна метарсанд, ба Саъд Ҳарири суннимазҳаб кӯмак мекунанд.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса зимни ифтитоҳи нишасти Париж гуфт, “Бисёр муҳим аст, ки тамоми тарафҳо дар Лубнон ва бозигарони минтақа, усули асосии мудохила накардан дар умури кишварҳои дигарро риоят кунанд”. Ӯ қабл аз нишаст, чанд ҳафта талош кард, бӯҳрон дар Лубнон ва дигар кишварҳои минтақаро ҳал кунад.

“Субот дар Лубнон на танҳо барои сокинони он, балки барои тамоии минтақа фавқуллода муҳим аст” – гуфт Эммануел Макрон ва Лубнони гуногунмазҳабро ба ҳайси як намунаи дигарандешӣ дар Ховари Миёна ситоиш кард. Дар Лубнони 6 миллионнафарӣ намояндагони мазҳабҳои гуногун, сунниву шиа ва масеҳиён зиндагӣ мекунанд.

Жан Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷии Фаронса

Жан Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷии Фаронса гуфт, ки қудратҳои ҷаҳонӣ сиёсати Лубнон ҷиҳати бетарафӣ дар муноқишаҳои минтақавиро тарафдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин сиёсатро бояд ҳама “чӣ дар дохил ва ё чӣ дар хориҷи кишвар” пайравӣ кунанд.

Вазири фаронсавӣ бо ишораи бахусус ба Эрону Арабистони Саудӣ аз ҳама тарафҳо хост, танишҳои минтақавиро ба Лубнон “содир накунанд.”

Ба гуфтаи Саъд Ҳарирӣ, риоят накардани сиёсати адами мудохила, дигарбора Лубнонро ба “минтақаи хатарнок” мекашад.

Ӯ афзуд, ки “сиёсати адами мудохила” барои манофеи Лубнон бисёр муҳим аст. Қудратҳои ҷаҳонӣ дар муроҷиатномае, ки ба созмони Ҳизбуллоҳ нигаронида шудааст, гуфтанд, “аз ҳамаи тарафҳо даъват мекунем, сиёсати бетарафӣ дар муноқишаҳои хориҷиро ҳамчун як авлавияти муҳим риоят кунанд.”

Лубнон соли 2012 сиёсати бетарафиро эълон кард, то ин кишвари гуногумазҳабро аз низоъҳои минтақавӣ ва ҷанги дохилии Сурия дур нигаҳ дорад. Аммо ин эълон монеи мудохилаи созмони Ҳизбуллоҳ дар ҷанги Сурия нашуд.

Дигар ин ки ин созмон рӯзи 7-уми декабр эълон кард, ки аз даъватҳо барои ошӯби фаластиниён ба зидди Исроил ҳимоят мекунанд. Баъди онки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Байтулмуқаддасро ба ҳайси пойтахти Исроил эътироф мекунанд, аз фаластиниён даъватҳо сурат гирифт, ки ба зидди Исроил ошӯб бардоранд.

Саъд Ҳарирӣ гуфт, мухолифи эълони Доналд Трамп аст, чунки он “барои амнияти минтақа мушкилоти нав меофарад”. Ба қавли ӯ, “Амният дар Лубнон бо назардошти низоъҳои зиёд, ки минтақаро ноором мекунанд, мисли як мӯъҷизаи хурд ба назар мерасад.”