Вокуниши сарони ҷаҳон ба суханронии Трамп. ВИДЕО

Соате пас аз суханронии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури нави Армико, дар маросими адои савгандаш раҳбарони ҷаҳон ба изҳороти ӯ вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла, муовини садри аъзами Олмон гуфт, ки кишвараш бояд барои қарор гирифтан дар баробари "даврони сахт"-и Трамп омода бошад. Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, Зигмар Габриэл, муовини садри аъзами Олмон шаби ҷумъа гуфт, "ончӣ имрӯз шунидем, лаҳни бисёр миллигароёна дошт. Ба назарам, мо бояд худро барои қарор гирифтан дар баробари давроне сахт омода кунем."

Нахуствазири Ҳинд Нарендра Моди, раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко ва раиси ҷумҳури Косово Ҳошим Тачи Доналд Трампро шодбош гуфта ва аз омодагии худ барои ҳамкорӣ бо маъмурияти ӯ хабар додаанд.

Ӯ дар як сӯҳбати телевизионӣ ҳам гуфтааст, "Трамп дар суханронии маросими савгандаш "фавқулодда ҷиддӣ" буд, ки ба ин маъно аст - ваъдаҳояш дар заминаи тиҷорат ва дигар масъалаҳоро бо иқдомоташ пеш мебарад." Гарбиэл мегӯяд, Аврупо ва Олмон бояд барои "дифоъ аз манфиатҳояшон" якҷоя истодагарӣ кунанд.

Зигмар Габриэл, муовини садри аъзами Олмон.

Амрико бузургтарин шарики тиҷоратии Олмон аст. Аммо Трамп ҳушдор додааст, ҳукумати ӯ ба мошинҳои тавлидкардаи BMW, ки ин ширкат қасд дорад, дар корхонаи наваш дар Мексика тавлид кунад ва онро ба Амрико содир намояд, молиёти 35 дарсади марзӣ муқаррар намояд. Раиси ҷумҳури нави Амрико ҳини суханронӣ дар маросими адои савгандаш гуфт, "аз ин баъд Амрико авлавияти аслӣ хоҳад буд". Вай афзуд, "ин раванде, ки дар ҳоли аз байн бурдани амрикоиҳост, бояд ҳамин ҳоло қатъ шавад. Ҳар тасмиме дар бораи тиҷорат, молиёт, муҳоҷират ва сиёсати хориҷӣ, дар ростои манфиати коргарон ва хонаводаҳои амрикоӣ гирифта хоҳад шуд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Савганди Президенти 45-уми ИМА Доналд Трамп

Аз тарафи дигар, раиси ҷумҳури Мексика ҳам ҳарчанд президенти тозаинтихоби Амрикоро табрик гуфт, аммо таъкид кард, ки ҳокимият, манфиатҳои миллӣ ва ҳимоят аз сокинони Мексика дар авлавият хоҳад буд. Раиси ҷумҳури Мексика дар "Твиттер"-и худ навишт, дар пайи гуфтугӯҳои "муҳтарамона" бо ҳукумати Доналд Трамп аст.

Мардум ва мақомоти Мексика аз тарҳи Доналд Трамп барои сохтани девор дар марзи ҷанубии Амрико бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ асабонӣ ҳастанд. Президенти нави Амрико борҳо гуфтааст, ки Мексика бояд пули ин деворро бипардозад. Ӯ ҳамчунин борҳо аз ширкатҳои амрикоӣ интиқод карда буд, ки корхонаҳои тавлидии худро ба Мексика мунтақил мекунанд.

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон.

Дар ҳамин ҳол Поп Франсиск, раҳбари католикҳои ҷаҳон аз Доналд Трамп хост, ки арзишҳои ахлоқиро сарлавҳаи фаъолияти кории худ қарор диҳад ва гуфт, ки ӯ бояд ба нодорону камбағалон кумак намояд.

Бозорҳои молӣ низ бо оғози давраи раёсати ҷумҳури Доналд Трамп вокуниш нишон доданд. Дар ҳоле ки доллари Амрико андаке арзиши худро аз даст дод, вале бозорҳои саҳҳом шоҳиди рушди мусбат буданд.

Дар Маскав низ суханронии Доналд Трамп вокуниш барангехт. Ба гузориши "ТАСС", Константин Косачев, раиси Кумитаи сиёсати хориҷии Шӯрои Федератсия гуфтааст, ки изҳороти президенти нави Амрико таҳсинбарангез буд. Ӯ изҳор доштааст, ки "суханони Трамп дақиқан хитоб ба амрикоиҳо буд, на хитоб ба ҳамаи ҷаҳон."

Нахуствазири Ҳинд Нарендра Моди, раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко ва раиси ҷумҳури Косово Ҳошим Тачи низ Доналд Трампро шодбош гуфта ва аз омодагии худ барои ҳамкорӣ бо маъмурияти Трамп хабар додаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Обама Трампро дар Кохи Сафед пешвоз гирифт