Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Маргарит Чан, раиси Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми январ дар нишасти намояндагони кишварҳои узви ин созмон хостори баргузории нишасти изтирории ин созмон барои мубориза бо вируси "зика" дар оғози моҳи феврал шудааст. Хонум Чан ҳамзамон гуфтааст, ки дар ин нишаст бояд мушаххас шавад, ки оё эъломи вазъияти изтирории умумӣ, ҳатмӣ аст ё на.
Вай ишора кардааст, ки дар мавридҳои гузашта, ибтило ба ин вирус, монанди соли 1948, ки нахустин бор дар як маймун дар Уганда кашф шуд, нигаронии зиёде ба вуҷуд наовард, "аммо вазъияти феълӣ бисёр фарқкунанда аст."
Вируси "зика", ки дар бадани як навъи пашша рушд мекунад, аз тариқи неши он ба бадани инсон мегузарад. Яке аз сабабҳои муассир дар афзоиши навзодоне аст, ки бо нуқси узв, таваллуд мешаванд.
Дар ин робита, гирифтории занони бордор ба "зика" дар Бразилия боиси таваллуди навзодон бо косахонаи бисёр хурди сар шудааст, ки боиси рушд накардани мағзи ин кӯдакон мешавад. Ба навиштаи рӯзномаи New-York Times, аз моҳи октябр то ба ҳол наздик ба 4200 мавриди гирифторӣ ба вируси "зика" дар Бразилия ба қайд гирифта шудааст.
Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бар ин ақида аст, ки ҳанӯз зуд аст дар бораи робитаи вируси "зика" бо таваллуди навзодон бо косахонаҳои хурди сар сухан гуфт. Албатта вай гуфтааст, ки гумони қавӣ вуҷуд дорад, ки чунин робитае вуҷуд дорад.
Вируси "зика", ки маркази паҳншавии он ғарби Африқо мебошад, тавассути пашшаи нави Аедес ба инсон интиқол меёбад ва боиси бархе бемориҳои кушанда мешавад.
Як масъули Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Амрико рӯзи панҷшанбе гуфтааст, ки интизор меравад, ки байни се то чаҳор миллион мавриди гирифторӣ ба вируси "зика" дар кишварҳои амрикоӣ вуҷуд дошта бошад. Бархе гузоришҳо қаблан гуфта буданд, ки дар 20 кишвари Амрикои ҷанубӣ ва марказӣ ин беморӣ паҳн шуда ва то Мексика густариш ёфтааст.
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе хостори таҳқиқоти ҳарчи зудтар дар мавриди вируси "зика" ва тавлиди ваксина барои мубориза бо он шуд. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, натиҷаҳои як таҳқиқот нишон медиҳад, ки вируси "зика" имкони расидан ба бархе минтақаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дорад, ки 60 дарсади аҳолии ин кишвар дар онҳо зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи шабакаи хабарии MSN, маркази пешгирӣ ва контроли бемориҳои Амрико гуфтааст, ки мавридҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар иёлотҳои Флорида, Ҳаваи, Нюҷерсӣ ва Тексас дида шудааст. Ҳамаи ин мавридҳо дар байни афроде, ки ба тозагӣ аз кишварҳои ғарби Ариқо ба Амрико бозгаштаанд, мушоҳида шудааст.
Рӯзномаи Guardian, чоп Лондон рӯзи панҷшанбе гузориш дод, ки дар Дания ва Шведсария гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Ба гузориши ин нашрия, пештар низ мавридҳои гирифторӣ ба вируси зика дар Ҳоланд, Бритониё, Итолиё, Португалия ва Испания ба қайд гирифта шуда буд. Бар пояи ин гузориш, аксари афроди гирифтор ба вируси "зика", дар моҳҳои гузашта ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ сафар кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки вазири тандурустии Русия эълом кардааст, ки системаи хадамоти дармонии кишвари худро барои шиносоӣ ва дармони ҳаргуна мавоиди ибтило ба вируси "зика", омода кардааст.