Имшаб дар Бразилия марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол шурӯъ мешавад. 32 тими қавитарини дунё барои даст ёфтан барои унвони қаҳрамони футболи ҷаҳон вориди рақобат хоҳанд шуд.
32 тиме, ки дар мароҳили муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ пештоз шуданд ва 32 тими қавитарини футболи имрӯза ба шумор мераванд, таз 12 июн то 13 июл, тайи 31 рӯз барои даст ёфтан ба унвони қаҳрамони футбол – пуртамошобинтарин навъи варзиши дунёи муосир – вориди майдон мешаванд.
Дар арафаи оғози бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол бо истифода аз сомонаҳои http://www.gazeta.ru/brazil2014/
ва http://www.fifa.com/worldcup/index.html
чанд маълумоти ҷолиб дар бораи ин мусобиқотро гулчин кардаем.
Ёрони "пир"-и Месси
“Кӯҳансолтарин” тим дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар Бразилия тими Аргентина аст, ки синни миёнаи бозигаронаш 29 соли 336 рӯз будааст. Ҷавонтарин тим дар ин мусобиқот тими кишвари африқоии Ғана аст, ки синни миёнааш 25 солу 224 рӯз аст. Дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2006 “кӯҳансолтарин” тими Италия буд, вале бо ин вуҷуд итолиёиҳо бо уфтоданҳоу хестанҳо ва таҳрими Зайниддин Зидан ба муноқиша тавонистанд қаҳрамони он мусобиқот шаванд.
Тими Русия бо синни миёнаи 27 солу 357 рӯз аз нигоҳи синну сол дар ҷои 10-ум будааст.
Фарид Мондрагон, дарвозабони Колумбия кӯҳансолтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонӣ дар Бразилия хоҳад шуд. Мондрагон, ки аз соли 1993, инак 21 сол боз дар тими миллии Колумбия бозӣ мекунад, рӯзи 21 июн ба синни 43 мерасад. Соле ки Мондрагон ба тими миллии Колумбия омад, Фабрис Олинга аз тими Камерун, ҷавонтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 ҳамагӣ 1 сол дошт.
"Пентакемпион"-ҳо - довталаби рақами 1?
Аммо хушномтарин тим дар Ҷоми ҷаҳонӣ боз ҳам тими мизбон – Бразилия – аст. Ин тим танҳо кишварест, ки 5 дафъа қаҳрамони дунё шуда, унвони “пентакампеон”(қаҳрамони панҷкарата)-ро дорад. Бразилия танҳо кишварест, ки дар марҳалаи ниҳоии ҳамаи 20 Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат варзидааст. Бразилия ва ҳамин тавр, Олмон, беш аз ҳар тими дигар – 7 дафъа – ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфтаанд.
Босния ва Ҳерзеговина аммо барои бори нахуст ба Ҷоми ҷаҳонӣ меравад ва рӯзи 15 июн дар нахустин бозиаш ба дидори Аргентина хоҳад рафт. Ку бубинем, ки тими Эдин Ҷеко зӯртар аст ё аз Леонел Месси?
Бозигари собиқи тими Бразилия Роналдо бо 15 гол нишонзани аввал дар таърихи Ҷоми ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Роналдо кайҳо “бознишаста” шудааст, вале дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 ҳуҷумкунандаи тими Олмон Мирослав Клозе шояд битавонад рекорди ӯро бизанад. Клозеи 36-сола, ки бо 69 гол нишонзани аввал дар таърихи тими миллии Олмон ба шумор меояд, то ҳол дар марҳалаҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ 14 тӯб задааст ва танҳо гол кофист, ки ба рекорди Роналдо бирасад ва як голи дигар, ки ӯро пушти сар гузорад. Албатта, агар Клозеро ба маҳзи синнаш дар хараки бозигарони эҳтиётӣ нигоҳ надоранд.
Ба бовари бисёриҳо, сарнавишти Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 бештар дар дасти ситораҳои аввал аст ва ба онҳо бастагӣ дорад, ки бо чӣ омодагиву чӣ табъе ба майдон мебароянд. Португалия ба Криштиано Роналдо умед бастаасту Бразилия - ба Неймар, Аргентина – ба Леонел Мессӣ ҳолланд бо ситораҳои қадиму як каме дигар як каме "солхӯрда"-аш - Уэсли Снайдер, Ари Роббен ва Робин Ван Перси, Олмон бо сутунҳои туркиаш - Масъуд Ӯзил ва Самӣ Хидира - ва Испания – ба сели ситораҳое, ки аз “Реал”-у “Барселона” ва “Атлетико” ҷамъ овардааст.
Ин аст ки вақте хабари лат хӯрдани Роналду баромад, тамоми Португалия барои шифои ӯ даст ба дуо кушода буд. Ваё рӯзе ки ба иллати лат хӯрдан Френк Рибери аз ҳайати тими миллии Фаронса ва Радамел Фалкао аз тими Колумбия ихроҷ шуданд, ин ду кишвар дар баробари ин ду бозигар ба мотами саросарӣ нишаст.
Қимор -2014
Ширкатҳои букмекерӣ бештар аз ҳама рӯи пирӯзии тими Бразилия дар Ҷоми ҷаҳонӣ - 2014 ҳисоб мекунанд. Аз ҷумлаи ширкати William Hill пирӯзии мизбони мусобиқоти имсоларо бо коэффисиенти 4,00 ҳисоб мекунад. Шонси тими Аргентинаро букмекерҳо 5,50 ва аз Олмонро 6,50 баровард кардаанд. Дар муқоиса бо онҳо шонси қаҳрамони кунунии ҷаҳону Аврупо – тими Испания – ҳамагӣ 7,00 ҳисоб шудааст.
Шонси аз ҳама камтаринро, ки 2501,00 баровард шудааст, дар ин Ҷоми ҷаҳонӣ ба тими Коста-Рика додаанд. Аммо агар раваду ин тим қаҳрамон шавад, касе барои пирӯзии он пул монда бошад, дар як лаҳза миллионер мешавад.
Коэффисиенти тими Русияро, ки асосан аз ҳисоби бозигарони қаҳрамонии футболи худи Русия такмил шудаву ситорае дар сатҳи футболи ҷаҳонӣ надорад, ширкатҳои букмекерӣ 67,00 баровард кардаанд ва ин нишон медиҳанд, ки умеди чандоне ба пирӯзии ин тим надоранд.
Ин дар ҳолест ки дар Душанбе бисёре аз мусоҳибони Озодӣ мегӯянд, дар Бразилия барои тими Русия мухлисӣ хоҳанд кард. Назари мухлисони тоҷик ба Ҷоми ҷаҳонӣ-2014-ро инҷо тамошо кунед:
Чанд рақам
Дар арафаи оғози бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол бо истифода аз сомонаҳои http://www.gazeta.ru/brazil2014/
ва http://www.fifa.com/worldcup/index.html
чанд маълумоти ҷолиб дар бораи ин мусобиқотро гулчин кардаем.
Ёрони "пир"-и Месси
Тими Русия бо синни миёнаи 27 солу 357 рӯз аз нигоҳи синну сол дар ҷои 10-ум будааст.
Фарид Мондрагон, дарвозабони Колумбия кӯҳансолтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонӣ дар Бразилия хоҳад шуд. Мондрагон, ки аз соли 1993, инак 21 сол боз дар тими миллии Колумбия бозӣ мекунад, рӯзи 21 июн ба синни 43 мерасад. Соле ки Мондрагон ба тими миллии Колумбия омад, Фабрис Олинга аз тими Камерун, ҷавонтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 ҳамагӣ 1 сол дошт.
"Пентакемпион"-ҳо - довталаби рақами 1?
Аммо хушномтарин тим дар Ҷоми ҷаҳонӣ боз ҳам тими мизбон – Бразилия – аст. Ин тим танҳо кишварест, ки 5 дафъа қаҳрамони дунё шуда, унвони “пентакампеон”(қаҳрамони панҷкарата)-ро дорад. Бразилия танҳо кишварест, ки дар марҳалаи ниҳоии ҳамаи 20 Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат варзидааст. Бразилия ва ҳамин тавр, Олмон, беш аз ҳар тими дигар – 7 дафъа – ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфтаанд.
Босния ва Ҳерзеговина аммо барои бори нахуст ба Ҷоми ҷаҳонӣ меравад ва рӯзи 15 июн дар нахустин бозиаш ба дидори Аргентина хоҳад рафт. Ку бубинем, ки тими Эдин Ҷеко зӯртар аст ё аз Леонел Месси?
Ба бовари бисёриҳо, сарнавишти Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 бештар дар дасти ситораҳои аввал аст ва ба онҳо бастагӣ дорад, ки бо чӣ омодагиву чӣ табъе ба майдон мебароянд. Португалия ба Криштиано Роналдо умед бастаасту Бразилия - ба Неймар, Аргентина – ба Леонел Мессӣ ҳолланд бо ситораҳои қадиму як каме дигар як каме "солхӯрда"-аш - Уэсли Снайдер, Ари Роббен ва Робин Ван Перси, Олмон бо сутунҳои туркиаш - Масъуд Ӯзил ва Самӣ Хидира - ва Испания – ба сели ситораҳое, ки аз “Реал”-у “Барселона” ва “Атлетико” ҷамъ овардааст.
Ин аст ки вақте хабари лат хӯрдани Роналду баромад, тамоми Португалия барои шифои ӯ даст ба дуо кушода буд. Ваё рӯзе ки ба иллати лат хӯрдан Френк Рибери аз ҳайати тими миллии Фаронса ва Радамел Фалкао аз тими Колумбия ихроҷ шуданд, ин ду кишвар дар баробари ин ду бозигар ба мотами саросарӣ нишаст.
Қимор -2014
Шонси аз ҳама камтаринро, ки 2501,00 баровард шудааст, дар ин Ҷоми ҷаҳонӣ ба тими Коста-Рика додаанд. Аммо агар раваду ин тим қаҳрамон шавад, касе барои пирӯзии он пул монда бошад, дар як лаҳза миллионер мешавад.
Коэффисиенти тими Русияро, ки асосан аз ҳисоби бозигарони қаҳрамонии футболи худи Русия такмил шудаву ситорае дар сатҳи футболи ҷаҳонӣ надорад, ширкатҳои букмекерӣ 67,00 баровард кардаанд ва ин нишон медиҳанд, ки умеди чандоне ба пирӯзии ин тим надоранд.
Ин дар ҳолест ки дар Душанбе бисёре аз мусоҳибони Озодӣ мегӯянд, дар Бразилия барои тими Русия мухлисӣ хоҳанд кард. Назари мухлисони тоҷик ба Ҷоми ҷаҳонӣ-2014-ро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чанд рақам
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 аз 12-уми июн то 13-уми июл дар Бразилия баргузор мешавад.
Дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шудааст, ширкат мекунад. Бозиҳои даври гурӯҳӣ аз 13-ум то 27-уми июн барпо мегарданд. Ба плей-офф (қисми 1/8-ниҳоии мусобиқот) дастаҳое роҳ меёбанд, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои якуму дувумро гирифтаанд. Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ аз 28-уми июн то 2-юми июл, бозиҳои ¼-ниҳоӣ — 4, 5 ва 6-уми июл, бозиҳои ниманиҳоӣ — 9-10-уми июл доир мешаванд. Бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 13-уми июл баргузор хоҳанд шуд.
Бозиҳо дар 12 шаҳр: Белу-Оризонти, Бразилиа, Куяба, Куритиба, Манаус, Натал, Форталеза, Порту-Алегри, Ресифи, Салвадор, Сан-Паулу ва Рио-де-Жанейро баргузор мешаванд.
Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи "Марио Филю", ки бештар бо номи «Маракана» маълум аст, барпо мегардад. Соли 1950 маҳз дар ин варзишгоҳ бозии ҳалкунандаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия доир шуда буд.
Бояд гуфт, ки дар чаҳор мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Амрикои Ҷанубӣ баргузор шуда буд (Уругвай-1930, Бразилия-1950, Чили-1962 ва Аргентина-1978), дастаҳои мунтахаби ин қора ғолиб шудаанд.
Бразилия панҷумин кишварест, ки пас аз Мексика, Италия, Фаронса ва Олмон барои дувумин бор мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол гардидааст. Ҷоми ҷаҳон аз ин пеш дар Бразилия соли 1950 баргузор шуда буд.
Маблағи ҷавоизи мусобиқот нисбат ба соли 2010 37% афзудаааст ва 576 млн долларро ташкил медиҳад. Соли 2010 ҳамагӣ 420 млн доллар буд. Ғолиби мусобиқот 35 млн доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 25 млн доллар ва барои ҷойи севум 22 млн доллар муқаррар шудааст.
Дастаи мунтахабе, ки ҷойи чорумро соҳиб мешавад, бо 20 млн доллар сарфароз мегардад. Ба ширкаткунандагони даври чаҳорякниҳоӣ 14 млн долларӣ, даври ҳаштякниҳоӣ - 9 млн долларӣ ва ба тимҳое, ки муборизаро дар даври гурӯҳӣ анҷом медиҳанд, ба ҳар кадом 8 млн долларӣ супурда хоҳад шуд.
Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии 20-уми ҷаҳон ҳамаи 8 дастае, ки пештар (аз замони оғози ин мусобиқот) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд – Уругвай (1934, 1950), Италия (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон (1954, 1974, 1990), Бразилия (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Инглистон (1966), Аргентина (1978, 1986), Фаронса (1998) ва Испания (2010) ширкат меварзанд. Ва аммо мунтахаби Босния ва Ҳерзеговина барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунад.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Хорватия, ки рӯзи 13-уми июн дар Сан-Паулу баргузор мегардад, шурӯъ мешавад.
Ҷадвали гурӯҳҳо
Гурӯҳи А Гурӯҳи В Гурӯҳи С Гурӯҳи D
Бразил Испания Колумбия Уругвай
Хорватия Нидерландия Юнон Коста Рико
Мексика Чилӣ Кот-д'Ивуар Англия
Камерун Австралия Ҷопон Италия
Гурӯҳи Е Гурӯҳи F Гурӯҳи G Гурӯҳи H
Шветсария Аргентина Олмон Белгия
Эквадор Босния ва Ҳерзеговина Португалия Алҷазоир
Фаронса Эрон Гана Русия
Ҳондурас Нигерия ИМА Кореяи Ҷанубӣ
Даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014
http://resources.fifa.com/mm/document/tournament/competition/01/52/99/91/2014fwc_matchschedule_wgroups_22042014_en_neutral.pdf
Тақвими бозиҳо
(Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст)
13 июн, ҷумъа
01:00, Бразилия — Хорватия
21:00, Мексика — Камерун
00:00, Испания — Ҳолланд
14 июн, шанбе
03:00, Чили — Австралия
21:00, Колумбия — Юнон
00:00, Уругвай — Коста-Рика
15 июн, якшанбе
03:00, Инглистон — Италия
06:00, Кот-д'Ивуар — Ҷопон
21:00, Швейтсария — Эквадор
00:00, Фаронса — Гондурас
16 июн, душанбе
03:00, Аргентина — Босния ва Ҳерзеговина
21:00, Олмон — Португалия
00:00, Эрон — Нигерия
17 июн, сешанбе
03:00, Гана — ИМА
21:00, Белгия — Алҷазоир
00:00, Бразил — Мексика
18 июн, чоршанбе
03:00, Русия —Кореяи Ҷанубӣ
21:00, Австралия — Ҳолланд
00:00, Испания — Чили
19 июн, панҷшанбе
03:00, Камерун — Хорватия
21:00, Колумбия — Кот-д'Ивуар
00:00, Уругвай — Инглистон
20 июн, ҷумъа
03:00, Ҷопон — Юнон
21:00, Италия — Коста-Рика
00:00, Швейтсария — Фаронса
21 июн, шанбе
03:00, Гондурас — Эквадор
21:00, Аргентина — Эрон
00:00, Олмон — Гана
22 июн, якшанбе
03:00, Нигерия — Босния ва Герзеговина
21:00, Белгия — Русия
00:00, Кореяи Ҷанубӣ — Алҷазоир
23 июн, душанбе
03:00, ИМА — Португалия
21:00, Испания — Австралия
21:00, Ҳолланд — Чили
24 июн, сешанбе
01:00, Камерун — Бразилия
01:00, Хорватия — Мексика
21:00, Италия — Уругвай
21:00, Коста-Рика — Инглистон
25 июн, чоршанбе
01:00, Юнон — Кот-д'Ивуар
01:00, Ҷопон — Колумбия
21:00, Нигерия — Аргентина
21:00, Босния ва Ҳерзеговина — Эрон
26 июн, панҷшанбе
01:00, Эквадор — Фаронса
01:00, Гондурас — Швейтсария
21:00, ИМА — Олмон
21:00, Португалия — Гана
27 июн, ҷумъа
01:00, Кореяи Ҷанубӣ — Белгия
01:00, Алҷазоир — Русия
1/8 финал
Ғолибони гурӯҳҳо бо дастаҳои дувуми гурӯҳҳои дигар бозӣ мекунанд:
28 июн, шанбе
21:00, 1A — 2B (49)
29 июн, якшанбе
01:00, 1C — 2D (50)
21:00, 1B — 2A (51)
30 июн, душанбе
01:00, 1D — 2C (52)
21:00, 1E — 2F (53)
31 июн, душанбе
1 июл, сешанбе
01:00, 1G — 2H (54)
21:00, 1F — 2E (55)
2 июл, чоршанбе
01:00, 1H — 2G (56)
Давраи 1/4-ниҳоӣ
4 июл, ҷумъа
21:00, Барандаи бозӣ(Б)-и 53 — Б54 (58)
5 июл, шанбе
01:00, Б49 — Б50 (57)
21:00, Б55 — Б56 (60)
6 июл, душанбе
01:00, Б51 — W52 (59)
Давраи ниманиҳоӣ
9 июл, чоршанбе
01:00, Б57 — Б58 (61)
10 июл, ҷумъа
01:00, Б59 — Б60 (62)
Бозӣ барои ҷои севум
13 июл, душанбе
01:00, Бозандаи бозиҳои 61 ва 62
Даври ниҳоӣ
13 июл, якшанбе
00:00, Б61 — Б62