Раҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, ки гузориши нахустини ҷанбаҳои фаннӣ (техникӣ) -и нерӯгоҳи Роғун то охири моҳи ҷорӣ нашр хоҳад шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Сароҷ Кумар Ҷа, раҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ ин матлабро рӯзи панҷшанбеи 19 сентябр дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баён кард.
Раҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки ин гузориш пас аз нашр дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар нишасти машваратии намояндагони масъули ҳамаи кишварҳои манфиатдори минтақа бо ҳузури коршиносони мустақил мавриди баҳсу баррасии ошкоро қарор дода мешавад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар дидори раҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ бо президент Раҳмон, "изҳори боварӣ шуд, ки ташхиси иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва арзёбии таъсири иҷтимоию экологии он дар сатҳи боэътимоди байналмилалӣ шаффофу воқеъбинона ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа анҷом дода мешавад."
Ба иттилоъи ин манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин пиромуни оғози иҷрои тарҳи CASA-1000, ки кашидани хатти барқии 500-киловолта аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, низ сӯҳбат кардаанд.
Бонки ҷаҳонӣ қаблан гуфта буд, ки “бинобар печида будани арзёбиҳо ва зарурати таҳқиқоти изофӣ дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳ ” арзёбии тарҳи ин сохтмон аз сӯи ин ниҳоди молиявӣ тӯл кашидааст. Виген Саргсян аз бахши равобити хориҷии дафтари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, ахиран дар як номаи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон аҳд додаанд, ки арзёбиҳо комилу шаффоф сурат мегирад ва биноан чунин кор вақт мехоҳад."
Бонки ҷаҳонӣ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон арзёбии байналмилалии асноди фанниву иқтисодӣ ва пайомадҳои муҳитзистии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро бар дӯш гирифтааст. Дар пайи мухолифати шадиди кишварҳои поёноби минтақа. Бахусус Узбакистон, Душанбе маҷбур шуд, анҷоми чунин кореро аз Бонки ҷаҳонӣ дархост кунад.
Қарор буд, арзёбиҳо дар мавриди короӣ ва таъсироти муҳитзистии нерӯгоҳи Роғун охири тобистони ҳамин сол такмил ва натиҷаҳояш эълон шавад. Ба гуфтаи Виген Саргсян, моҳи гузашта сарнавишти арзёбиҳои Роғун дар як силсила мулоқотҳо бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, гурӯҳи мустақили мутахассисон, мушовирони мустақил ва кормандони Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон баррасӣ шуд.
Аммо ҳанӯз дар ҳамон аввали ҳафта Виген Саргсян гуфт, ки мумкин аст, ба зудӣ бахши дигаре аз пажӯҳишҳои нерӯгоҳи Роғун нашр шавад: “Айни ҳол бахши навбатии санадҳои вобаста ба пажӯҳишҳои сохтмонҳои мавҷуд дар нерӯгоҳ ва дигар бахшҳои фаннии он дар марҳилаи ниҳоӣ барои нашр қарор доранд. Мо интизор дорем, ки ба зудӣ ин санадҳоро дар торнамои Бонки Ҷаҳонӣ нашр кунем ва сипас рӯзи машварати ояндаро эълон хоҳем кард.”
Манзур аз ин машварат, баррасии арзёбиҳо дар бораи тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст, ки бо ҳузури намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи мадании Тоҷикистону Афғонистон, Қирғизистону Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистон сурат мегирад. Қарор буд, ин машварат низ охири тобистони ҳамин сол сурат бигирад, вале ба далели тӯл кашидани таҳқиқот, ин нишаст низ ба таъхир афтод.
Дар машварати пешина дар моҳи феврал, ки дар шаҳри Алмаато сурат гирифт, аз ҷумла пажӯҳиши муқаддамотии ҷуғрофиёии соҳили рости рӯдхонаи Вахш ва таҳқиқи обшиносӣ ва ё гидрологии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд, ки дар он омадааст, “маҳаллу навъи садди интихобшуда, барои бунёди нерӯгоҳи Роғун муносиб аст.”
Ҳукумати Узбакистон дар номае ба номи Сароҷ Кумар Ҷҳа, мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ гуфтааст, ки бе такмили пажӯҳишҳо чунин хулоса кардани Бонки Ҷаҳонӣ, “аз мавзеъгири якҷониба ва пешқазоватии муаллифони пажӯҳиш” дарак медиҳад. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ ин иддаъоро беасос хонда ва гуфтааст, ки “хулосаҳои таҳқиқоти ниҳоӣ бар асоси воқеият ва таҳлили бетарафона” хоҳанд буд.
Арзёбиҳои фанниву иқтисодӣ ва таъсироти муҳитизистии нерӯгоҳи Роғун тақрибан се сол аст, аз тарафи ширкатҳои Poyry ва Coyne & Bellier идома дорад. Давлати Тоҷикистон нерӯгоҳи Роғунро, масъалаи ҳаёту мамоти кишвар хонда ва онро танҳо роҳи наҷот аз бӯҳрони нафасгиркунандаи энергетикӣ медонад, ки ҳар мавсими сармо такрор мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисони тоҷик, дар сурати бунёди 3600-мегаваттии Роғун, ки 60 дарсади сохтмонаш алакай анҷом шудааст, Тоҷикистон метавонад ҳам худро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад ва ҳам ба ҳамсояҳо нерӯи барқи арзон фурӯшад. Ҳукумати Узбакистон пайваста гуфтааст, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун дар маҳалли зилзилахезе чун Тоҷикистон, метавонад боиси фалокати бузурги табиӣ дар Осиёи Марказӣ шавад ва ё кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро “лабташна” бигузорад.
Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаъоҳо асосе надоранд ва Узбакистон, ки аз фурӯшандагони аслии барқ дар Осиёи Марказист, намехоҳад, дар ин бозор рақиб пайдо кунад. Ҳамин тарҳ сабаби тирагии равобит миёни ду ҳамсоякишвар шудааст.