Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии нерӯгоҳи "Норак" 225 млн $ ҷудо кард

Бонки ҷаҳонӣ барои таҷдиду бозсозии нерӯгоҳи "Норак"-и Тоҷикистон 225,7 миллион доллари амрикоӣ, ҷудо кардааст. Дар иттилоияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки рӯзи 3-юми май нашр шуд, гуфта мешавад, ки бо ихтисос додани ин маблағ аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Бонки Ҷаҳонӣ (АБР) барои татбиқи тарҳи таҷдиду барқарорсозии Норак, мардуми Тоҷикистон ва корхонаҳои ватанӣ ба таъминоти бештар ва боэътимоди нерӯи барқ, дастрасӣ пайдо мекунанд.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки чаҳоряки ин маблағ кӯмаки молӣ ё грант ва аз чор се ҳиссаи он, қарз мебошад. Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки "барои расидан ба рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, мусоидат дар тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштаи сатщи зиндагии шаҳрвандон, таъмини боэътимоди нерӯи барқ зарур аст".

Тарҳи таҷдиду бозсозии нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак аз сӯи ширкати "Барқи тоҷик" амалӣ мешавад.

Ин масъули Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки бо тасвиби ин қарор, "Бонки ҷаҳонӣ ба талошҳои Тоҷикистон барои таъмини амнияти энержӣ барои мардуми худ ва устувории молиявии низоми энержии кишвар саҳмгузор шуда ва ба рушди иқтисодии устувор ва фарогир мусоидат мекунад."

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки марҳилаи аввали барқарорсозии нерӯгоҳи Норак тақрибан ба 350 миллион доллар ниёз дорад ва ба ҷуз пуштибонии Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷониби Бонки Осиёии сармоягузориҳои зербиноӣ маблағи 60 миллион доллар, Бонки таҷдиду рушди Авруосиё 40 миллион доллар ва сарчашмаҳои дигар ба маблағи 24 миллион доллар, кӯмакҳо пешниҳод мегардад.

Дар ин иттилоияи Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо маблағи 310 миллион доллар се чархаи ин нерӯгоҳро барқарорсозӣ намуда, шаш трансформатори танзимкунандаи шиддати нерӯи барқи тавлидшударо, иваз менамояд. Барои бехатарии садди обанбор 30 миллион доллар масраф хоҳад шуд. Ин тарҳ аз сӯи ширкати "Барқи тоҷик" амалӣ мешавад. Бар асоси ҳисобҳои қаблии Вазорати молияи Тоҷикистон, барои тармиму бозсозии 9 чархаи нерӯгоҳи Норак беш аз 4,7 миллиард сомонӣ ё 600 миллион доллари амрикоӣ лозим аст.

Нерӯгоҳи барқи обии Норак яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон буда, зиёда аз 70 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистон дар он ҷо истеҳсол мешавад. Сохтмони нерӯгоҳи Норак дар соли 1961 дар дарёи Вахш оғоз гардида, агрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор даромадааст.

Баландии сарбанди ин нерӯгоҳи барқӣ 300 метр буда, дар он 9 агрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Нерӯгоҳи барқи обии Норак бо ду дастгоҳи тақсимкунандаи неруи барқи 500кВ ва панҷ 220кВ бо системаи энергетикии кишвар пайваст аст. Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ аз тарафи Бунёди Рушди Осиё ба маблағи 54 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи ширкати Олмонии «Алстом» сохта шудааст.

Таҷҳизоти асосии Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ (ДТПЭ), кабелҳои баландшиддат, таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ ва таҷҳизоти системаи телекоммуникатсионӣ дар давлатҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон истеҳсол гардида, ба ҷумҳурӣ ворид ва дар НБО-и Норак насбу васл гардидаанд.

Зимнан, дар моҳи августи соли 2013 дар неругоҳи Норак дастгоҳи таксимкунандаи пӯшидаи элигазии-220 кВ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ бо навтарин технологияи аврупоӣ дар давлатҳои Италия, Фаронса, Олмон ва Швейтсария бунёд ёфтааст.