Дар гузориши ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ бо номи “Дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ. Июни соли 2016” дар иртибот ба вазъ ва дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон омадааст, ки мизони рушди иқтисоди ин кишвар дар соли ҷорӣ 4 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки ин рақам аз пешгӯии аввалҳои соли ҷорӣ ба миқдори 0,8 дарсад камтар будааст.
Бино ба ин гузориш, дар солҳои 2017 ва 2018 низ мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт. Бонки Ҷаҳонӣ иллати коҳиши мизони рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба бӯҳрони молӣ дар Русия ва ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтани пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ватан марбут хондааст.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нишасти хабариаш дар рӯзи 21 июл гуфт, ки дар соли ҷорӣ дар муқоиса ба соли гузашта теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 10 дарсад коҳиш ёфтааст.
“Омилҳои асосии коҳиш ёфтани теъдоди муҳоҷирони корӣ ба хориҷи кишвар ин вазъи иқтисодии Русия, поин рафтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллари амрикоӣ, навовариҳо дар қонунгузориҳои Федератсияи Русия дар бахши муҳоҷират ва афзоиши хароҷот барои расмикунонии фаъолияти меҳнатӣ ва буду боши муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошад.”
Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ин вазорат, дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 301 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса ба давраи соли гузашта 28 ҳазор нафар кам будааст.
Доктор Азимҷон Насимов, иқтисоддони тоҷик баровардҳои Бонки Ҷаҳониро дар мавриди дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон воқеъбинона хонд. Ба гуфтаи ӯ, ба дунболи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ду бахши умдаи воридоти асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон - фурӯши ашёи хом ва судури неруи корӣ ҷиддан осеб дидаанд.
Азимҷон Насимов дар ин робита гуфт, ки “дар солҳои ахир арзиши ашёи хоми Тоҷикистон-нахи пахта ва алюминий қариб 20 дарсад коҳиш ёфт. Ин вазъият дубора мавзӯъи коркарди ниҳоии ашёи хом дар дохили кишварро доғ кардааст. Агар танҳо нахи пахта дар дохили Тоҷикистон пурра коркард ва маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол шавад, дар муқоиса ба ашёи хом 20 баробар бештар фоида ба даст меояд. Он замон теъдоди зиёди бекорон кор пайдо карда ва шумори муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар низ камтар мешуд”.
Ба эътиқоди ҷаноби Насимов, рушди иқтисоди Тоҷикитсон ба омилҳои хориҷӣ вобаста буда, танҳо дар сурати коҳиши шиддати бӯҳрони молӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодии Русия ва Қазоқистон сатҳи рушди иқтисоди ин кишвар боло хоҳад рафт.
Зимнан, дар аввалҳои соли ҷорӣ Бонки Осиёии Рушд низ дар бораи коҳиши мизони рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ пешгӯӣ карда буд. Бино ба маълумоти ин ниҳоди байналмилалии молӣ, дар соли оянда мизони рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон то 2,8 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи коршиносон, ин вазъият ба поин рафтани сатҳи некуаҳолии сокинон ва бештар шудани мизони фақру бекорӣ дар кишварҳои минтақа боис хоҳад шуд.