БҶ: 13% аҳолии Тоҷикистон дар "фақри шадид" ба сар мебарад

Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши тозаи хеш мегӯяд, шумораи камбизоатҳо дар Тоҷикистон тайи чанд соли охир коҳиш наёфт. Тоҷикистон тайи як даҳсола аз солҳои 2003 то 2015 дар коҳиши мизони камбизоатӣ шоҳиди дастовардҳои чашмрасе гашта, мизони камбизоатиро аз 73 дарсади қаблӣ то ба 31 дарсад коҳиш дода буд.

Аммо дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ки дар ҳошияи таҳияи стратегияи нави ҳамкории ин бонк бо Тоҷикистон таҳия шудааст, гуфта мешавад, ки шурӯъ аз соли 2014 ба инҷониб, мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон коҳиш наёфт ва бетағйир боқӣ монд. Бонки ҷаҳонӣ мизони фақрро аз рӯи ченаки харҷӣ камтар аз 3 доллару 10 сент барои як нафар дар як рӯз ҳисоб мекунад. Бинобар арзёбии ин бонк, нафаре, ки дар як рӯз камтар аз 3 доллару 10 сент харҷ мекунад, нодор ва онҳое, ки дар як рӯз камтар аз 1 доллару 10 сент харҷ мекунанд, “бисёр фақир” эътироф мешаванд.

Бинобар арзёбии БҶ, то соли 2014 сарчашмаи аслии коҳиши фақр дар Тоҷикистон, пулҳои муҳоҷирон буд. Аммо фаро расидани бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, даромади онҳоро кам кард ва хонаводаҳои фақир ҳамонгуна фақир монданд.

Бинобар арзёбии ин бонк дар Тоҷикистон, 13 дарсади аҳолӣ дар ҳолати “фақри шадид” ба сар мебаранд ва шумораи фақирон аз соли 2009 ба ин сӯ коҳиш намеёбад. Бахши аъзами афроди фақир дар Тоҷикистон, аниқтараш 81 дарсади онҳо дар деҳот ба сар мебурдаанд. Ду минтақаи нисбатан дорои Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд номбар шудаанд, ки ҳамагӣ 20-22 дарсади сокинони он фақир будаанд. Аммо мизони аз ҳама баланди фақр дар вилояти Бадахшон мушоҳида шудааст ва 39 дарсади аҳолии он дар ҳоли фақр ба сар мебурдаанд.

Сокинон ҳам мегӯянд, воқеан беҳ нашудани зиндагӣ ва ё ҳатто кам шудани даромадҳояшонро ба хубӣ эҳсос мекунанд. Холбӣ Назарова сокини деҳаи Чорводор дар 20-километрии Душанбе мегӯяд, тайи ду соли охир ӯ ва аҳли хонаводааш беҳбудеро дар зиндагиашон эҳсос намекунанд.

Ӯ гуфт: “Масалан солҳои 2010-2012 фарзандонам дар муҳоҷират буданд, пули нағз фиристоданд, тавонистем, хонаро таъмир кунем, барои фарзанди калониам хонаи нав бунёд карда, зиндагиашро ҷудо кунем. Аммо ду сол аст, ки кӯшиш дорем, барои фарзанди дигариамон низ замин гирифта, хона созем, вале даромади мардҳои хона танҳо барои хариди хӯрок мерасаду халос. Пул ҷамъ карда наметавонем”.

Абдувалӣ Қулов, роҳбари раёсати омори иҷтимоӣ ва демографияи Оҷонсии омори Тоҷикистон.

Масъулони Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд суъати коҳиши фақр дар Тоҷикистон суст шудааст, аммо теъдоди камбизоатон сол ба сол кам мешавад. “Сатҳи камбизоатӣ тайи солҳои охир то як дарсад коҳиш ёфта истодааст. Масалан дар соли гузашта камбизоати 0,7 дарсад кам шуда, дар сатҳи 31, 3 дарсад қарор дорад. Албатта суръати коҳиш мисли солҳои пешин нест, аммо камбизоати бемайлон коҳиш меёбад” – гуфт Абдувалӣ Қулов, роҳбари раёсати омори иҷтимоӣ ва демографияи Оҷонсии омори Тоҷикистон.

Бинобар арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, то соли 2014 сарчашмаи аслии коҳиши фақр дар Тоҷикистон, пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ буд. Аммо бо фаро расидани бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва маҳрум шудани як қисмате аз муҳоҷирон аз ҳаққи кор дар он кишвар даромади Тоҷикистонро кам кард ва хонаводаҳои фақир ҳамонгуна фақир монданд.

Бонки ҷаҳонӣ, ки бо шиори “Ҷаҳони бидуни фақр” барномаҳояшро дар беш аз 180 кишвари дунё пиёда мекунад, дар ин гузориш низ суол гузоштааст, ки барои Тоҷикистион дар ояндаи наздик чӣ омил метавонад сарчашмаи даромади қишрҳои нодорӣ аҳолӣ ва кам шудани камбизоатӣ гардад?

Ин бонк ният дорад, қабл аз таҳияи стротегия нави ҳамкориаш бо Тоҷикистон бо доир намудани вохӯриҳо бо қишрҳои гуногун ва аз ҷумла коршиносону иқтисоддонҳо ба ин суол посух ёбад ва стротегияи нави ҳамкорӣ бар пояи ҳамин таҳлилҳо таҳия шавад.