Агар Хуршед Бобокалонов, яке аз қурбониҳои шиканҷа 27-уми июни соли 2009 кушта намешуд, 25-уми июн 37 солро пур мекард.
«Ман ҳеҷ гоҳ худро барои он намебахшам, ки қалби ман мусибати бо фарзандам дар фосилаи панҷ дақиқа роҳ аз хонаи ман рӯйдодаро ҳис накард. Ман худро барои он маломат мекунам, ки фарзандамро тавре тарбия кардам, ки боғуруру сарбаланд бошад. Ман фарёд кардан мехоҳам, ки ин дуруст нест, вақте ки одамро барои сар нафаровардан мекушанд.»
Ин хотироти Саодат Қулиева, модари Хуршед Бобокалонов аст, ки риштаи умри писари 33-солаашро кормандони милиса дар натиҷаи лату кӯби бераҳмона барканданд. Хотираҳои хонум Қулиева, дар баробари 8 қиссаи дигар, дар китобе бо номи «Чанд ҳаёти сӯзондашуда, ҷонҳои рабудашуда» дарҷ шудааст. Китоби мазкур, ки дар асоси ҳикояҳои воқеии қурбониҳои шиканҷа дар Тоҷикистон таълиф ёфтааст, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа, 25-уми июн дар маросиме таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» муаррифӣ гардид.
Ҳамзамон дар ин ҳамоиш барои аввалин бор аксҳои Ҳамза Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов нишон дода шуданд, ки зимни боздошт ё дар маҳбас бар асари лату куб ва шиканҷа ба марг расиданд.
Ин ҳамоиш бо ибтикори Дафтари ҳуқуқи башар ва риояти қонуни Тоҷикистон ва мусоидати Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон «Amnesty International» сурат гирифтааст.
Наргис Зокирова, мудири Дафтари ҳуқуқи башар ва риояти қонуни Тоҷикистон мегӯяд, аз ин тариқ мехоҳанд бори дигар таваҷҷӯҳи ҷомеа ва бахусус мақомоти болоиро ба ин масъалаи доғи шиканҷа ҷалб кунанд. Бону Зокирова афзуд, «ин намоишгоҳ асосан ба хотири пуштибонӣ аз устувории пайвандони афроди шиканҷашуда ташкил шудааст. Зеро пайвандони онҳо новобаста ба ҳама фишорҳову мушкилот то ҳанӯз ба адолати судӣ бовар доранд ва талоши худро дар ин замина анҷом медиҳанд. Ва ҳадафи мо низ аз ташкили ин намоишогоҳ он аст, ки ҳамаи ин парвандаҳо боадолатона баррасӣ шаванд ва гунаҳкорон ҷазои худро бигиранд.»
Наргис Зокирова аз ҷумла гуфт, ӯ хеле мехост намояндагони ниҳодҳои давлатӣ низ дар ин намоишгоҳ ширкат кунанд ва аксҳои қурбониёни шиканҷаро бо чашмони боз бубинанд. Зеро ба гуфтаи Сергей Романов, раҳбари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон то ҳанӯз мавзӯи шиканҷа ва бадрафторӣ дар зиндонҳо ва маҳбасҳои интизомии Тоҷикистон як падидаи фарогир боқӣ мондааст. Ҷаноби Романов ҳамчунин гуфт, «мавҷудияти шиканҷа ва бадрафториро дар Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ҳам этироф мекунанд. Вакилони мудофеи мо дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон кор мебаранд ва мавридҳои бадрафторӣ дар ҳама манотиқ ба чашм мерасад. Ва ҳадафи мо низ аз он иборат аст, вазъи воқеъии шиканҷаро дар кишвар нишон дода, тавассути чорабиниҳои иттилоотиву омӯзишӣ ва ҳамчунин мурофиаҳои судӣ ин тамоюлро камтар кунем. Бояд бигӯям, ки пайвандони қурбониён ҳаққи гирифтани ҷубронпулиро доранд. Ва мо шурӯъ аз соли гузашта, дар нисбати ниҳодҳои давлатӣ даъво пешниҳод кардем. Ва аллакай чанд ҳалнома низ дар даст аст, ки ин пешравиро нишон медиҳад.»
Дар зимн қарор аст, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои наздик даъвои Ниёзбӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев як боздоштшудаи фавтидаро, дар мавриди рӯёнидани 180 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баррасӣ кунад.
Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи боло даргузашт, ки гуфта мешавад ин ҳодиса бар асари лату кубаш аз ҷониби маъмурин сурат гирифтааст. Ниёзбӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, баробари аз даст додани фарзанд саломатияш бад шудааст. Вай мегӯяд, «ман хеле мехоҳам қотилони писари ман ҷазо бигиранд, имрӯз писари маро куштанд, фардо писари як нафари дигарро метавонанд ба ҳамин ҳол расонанд. Баъд аз сари фарзанд дигар модар худро одам ҳис карда наметавонд, ин дарди хеле сахт аст.»
Бояд гуфт, дар ду соли охир чанд мавриди пурсарусадои шиканҷа дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои Тоҷикистон расонаӣ шуд, ки охиринаш марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси шумораи якуми шаҳри Душанбест. Пайвандони ӯ мегӯянд, ки ӯро бо шиканҷа куштаанд, вале ба иддаои мақомот, Икромзода худкушӣ кардааст. Ахиран ҳатто ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо дархости волидайни Ҳамза Икромзода, ба хотири шаффоф сурат гирифтани ҷараёни тафтишот вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёровро дар ихтиёри онҳо қарор дод.
Аммо муовини вазири адлия ва раҳбари идораи зиндонҳои Тоҷикистон вуҷуди шиканҷаро дар маҳбасхонаҳои кишвар рад мекунад. Генерал Иззатулло Шарифов дар сӯҳбатҳои ихтисосӣ бо радиои Озодӣ, шароити зиндонҳои кишварро ҳатто дар муқоиса бо даврони Шӯравӣ беҳтар арзёбӣ намуда, мавридҳои бадрафториро нисбати зиндониён такзиб мекунад. Генерал Шарифов аз ҷумла мегӯяд, «ин дурӯғи маҳз аст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд дорад. Ин хатогии маҳз ва дурӯғ аст, ки кормандони зиндон дидаву дониста ба шиканҷаву дигар амалҳои ношоиста роҳ медиҳанд. Магар инҳо падару модар, фарзанд надоранд? Аз Худо наметарсанд, ки ба чунин коре даст мезананд?ин мардум касе набошанд, кадом ҷинояте содир накарда бошанд, барои мо - кормандони низоми зиндонҳо -инсон ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ нисбати онҳо бадрафторӣ ва шиканҷа сурат намегирад.»
Ин дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ҳанӯз дар аввоили соли ҷорӣ аз афзоиши муроҷиати шаҳрвандон нисбати ҳодисаҳои шиканҷа дар маҳбасҳо изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи додситонии кулл, соли 2012 дар маҷмӯъ, 22 ҳолати муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба амалҳои шиканҷа ба ниҳоди зери роҳбарии вай ворид шудаанд. Нисбати 10 ҳолат парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ҳолатҳои шиканҷа тасдиқ ва парвандаҳояш ба додгоҳ ирсол шудаанд.