Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти маҳаллӣ тақозо дорад, то зиндониён собиқ руйхат ва фавран бо ҷои кор таъмин шаванд. Ин тасмим дар ҳолест, ки давоми ду соли ахир наздик ба ҳазор тан аз маҳбусони озодшуда, дубора даст ба ҷиноят задаанд. Муҳаммадризо Халифазода, сухангӯи Додситонии кулли Тоҷикистон 2-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, таъмини маҳбусон бо ҷои кор як роҳи ҷилавгирӣ аз дубора даст ба ҷиноят задани собиқ зиндониён аст.
Ӯ гуфт: “Маҳбусони озодшуда бояд бештар мавриди ғамхорӣ қарор бигиранд, то онҳо ба муҳити иҷтимоӣ ворид шаванд. Бо ҷои кор таъмин кардан вазифаи прокуратура нест, вале дар доираи салоҳият аз мақомотҳои маҳаллӣ талаб мекунем, то дар самти бо ҷои кор таъмин кардани маҳбусони озодшуда, вазифаашонро дурусттар иҷро кунанд.”
Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд рӯзи 31-уми март дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят гуфт, ба кор ҷалб кардани маҳбусон дар ин вилоят ба талабот ҷавобгӯ нест, аз ин рӯ, аз 3 ҳазор маҳбуси раҳошуда дар Суғд, беш 160 нафари онҳо дубора даст ба ҷиноят задаанд.
Ӯ гуфт: “Инҳо дубора ҷиноятҳои вазнин низ содир кардаанд. Аз қабили куштор, таҷовуз ба номус ва ҷиноятҳое, ки хусусияти эктремистӣ доранд. Ҳамон шахсоне, ки пештар дар ҷойҳои маҳруми аз озодӣ буданд ва доғи судӣ доштанд. Ба ҳамин хотир мо бояд бонҳо кор кунем ва пайваста дар зери назар бошанд.”
Бо кор таъмин кардани маҳбусони собиқ бар дӯши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва намояндагиҳои Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳаст.
Раҷабалӣ Гулшанов, сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии ин Вазорат 1-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари маҳбусон пас аз раҳо шудан, барои дарёфти кор ба онҳо муроҷиат намекунанд ва дар сурати муроҷиат кардан низ барои кори пешниҳод шуда розӣ намешаванд. Гулшанов мегӯяд, дар як соли ахир аз 1700 нафар маҳбуси аз маҳбас раҳо шуда, танҳо 130 нафараш бо ҷои кор таъмин шудааст.
“Мо барояшон ҷои кор пайдо мекунем, вале онҳо маош кам аст гуфта кор намекунанд. Баъдан мо танҳо ба онҳое кор пайдо мекунем, ки ба мо муроҷиат карда бошанд. Давоми се моҳ то кор пайдо кардан ҳар моҳ барояшон 250 сомонӣ пардохт мекунем.”
Ин масъули Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, 130 нафар маҳбуси раҳошуда бештар дар сохтмон ва идораҳои коммуналӣ кор пайдо кардаанд, ки аз 500 то ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
Аммо Фирӯз Саймиддинов, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳафт моҳи пеш аз маҳбас раҳо шудааст, мегӯяд, барои худро дар қайди бекорон гузаштан ва омода кардани ҳуҷҷат маблағе сарф мешавад, ки бештар аз маоши се моҳ пардохткардаи идораҳои Шуғли аҳолӣ ҳаст: “Даҳ ҳуҷҷат мепурсанд ва ҳафтаҳо бояд даводав кунӣ. Ҳоло одамоне, ки доғи судӣ надоранд ва маълумоти олӣ доранд, кор намеёбанд, барои мо аз куҷо кор пайдо мешавад. Ба корҳои хуб аслан моро доғи судӣ дорӣ гуфта намегиранд. ”
Ин ҷавон мегӯяд, давоми 7 моҳ 8 бор ҷои кораш дар сохтмонро иваз кардааст. Ӯ бо иттиҳоми интиқоли қочоқи маводи мухаддир боздошт ва барои 8 сол равонаи зиндон шуда буд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Фирӯз, ҳар замоне корфармо дар бораи собиқаи ӯ огоҳ мешавад, муносибат бо ӯ тағийр меёбад.
Гулчеҳра Холматова, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки дар доираи як лоиҳа соли гузашта ба 150 маҳбуси собиқ кӯмаки ҳуқуқӣ расонидааст, мегӯяд, воқеан, на танҳо ба маҳбусон ҷои кор пешниҳод мешавад, балки замоне корфармо аз собиқаи ӯ огоҳ мешавад, муносибаташ бо ӯ тағийр меёбад. Ба гуфтаи хонум Гулчеҳра нобоварӣ ба собиқ маҳбусон онҳоро дубора ба ҷиноят тела медиҳад.
Ӯ гуфт: “Ҳолатҳои зиёд буд, ки корфармо маҳбуси собиқро аз кор пеш кардааст. Мо мактуб навиштем ва бо машварт онҳоро дубора дар ҷои кор барқарор кардем. Муносибат аксаран бо маҳбусони собиқ аз ҷониби корфамоён сард аст. Ин аст, ки фикр мекунам, ки чун онҳо пас аз озод шудан дубора мавқеи худро дар ҷоме пайдо намекунанд, дубора даст ба ҷиноят мезананд. ”
Мавзӯи ҷалби собиқ маҳбусон ба кор дар ҳолест, ки ҳоло Тоҷикистон гирифтори бӯҳрон аст ва аксари корхонаҳо кормандони худро аз ихтисор мекунанд.
Тибқи иттилои расмӣ 500 ҳазор сокини Тоҷикистон ҳоло шуғли доимӣ надорад, аммо бо ин вуҷуд мақомоти додситонӣ мегӯянд, роҳи асосии ҷилавгирӣ аз ҷинояти собиқ маҳбусон бо кор таъмин кардани онҳо боқӣ мемонад.