"Сиёсат кори зан нест. Зан наметавонад тиҷорат кунад. Нерӯи зан барои варзиш нокофист. Зан тавони пешво шуданро надорад."
Ин чанд қолаби шахшуда дар ҷомеаи Тоҷикистонро як гурӯҳ аз ҷавонони хатмкардаи барномаҳои амрикоӣ мехоҳанд, ки тағйир бидиҳанд. Ин ҷавонон дар мисоли ҳашт чеҳраи занони лидери тоҷику хориҷӣ мисли Ҳилларӣ Клинтон, Индира Нуӣ, Ойниҳол Бобоназарова, Гулбаҳор Маҳкамова ва Томирис талош доранд, дар зеҳни духтарон ва занони тоҷик қобилияти пешво буданро тақвият диҳанд.
Рухшона Нарзуллоева, барномасози ин тарҳ, рӯзи 18 март дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо 10 ҷавондухтарро аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, ки малакаҳои лидерӣ доранд, ҷамъ оварда мулоқоти онҳоро бо занони роҳбар ташкил кардаанд. “Имрӯз аксарияти занону духтарон маълумоти кофӣ надоранд ва намедонанд, ки бо мардон баробарҳуқуқ ҳастанд. Мо мехоҳем, ки ин духтарон бо шунидани таҷрибаи кори занони пешбар, аз онҳо ибрат бигиранд ва дар қадамҳои худ устувор бошанд,” - мегӯяд Рухшона Нарзуллоева.
Тасмими қолабшикании ин ҷавонон дар ҳолест, ки ҳатто Шӯравии собиқ бо ҳама қудрату сиёсаташ натавонист стереотипҳои нотавонмандии занро дигар кунад. Дар 25 соли мустақилияти Тоҷикистон ҳам вазъ тағйир наёфт ва занон ҳамчунон на дар сиёсат, на дар бизнес ва на дар иҷтимоъ ҷойгоҳи назаррас надоранд. Дар сутуни давлатдорӣ низ занҳо дар сояи мардҳои сиёсатмадор нонамудор ҳастанд.
Шаҳзода Суман, ҷавондухтаре, ки ба ин лоиҳа фаро гирифта шудааст, мегӯяд, дар Тоҷикистон зоҳиран занон барои дигарон зиндагӣ мекунанд. Онҳо бештар кореро анҷом медиҳанд, ки барои атрофиён писанд бошад, ҳатто он коре, ки худашон қабул надоранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Худи занони фаъоли тоҷик, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ ва падарсолории ҷомеаи Тоҷикистонро аз омилҳое медонанд, ки бонувони тоҷикро осебпазир мекунад ва барои рушди малакаҳои раҳбарии онҳо мониа мешавад.
Фирӯза Носирова, раҳбари ширкати “Идея”, устоди дарси тиҷорат ва равоншиносӣ, ки дар ҷомеа ҳамчун зани пешсаф муаррифӣ мешавад, сирри муваффақатияшро дар устуворӣ ва касбияти худ медонад. Ӯ мегӯяд, дар ҷомеаи шарқӣ, ки маъмулан дар хонаводаҳо мард ҳарфи аввалро мезанад, барои ӯ низ осон набуд.
“Зани пешбаре, ки зери итоати худ 200 коргар дорад ва ду дасти худро дар миён гузошта дар оила мехоҳад, хуҷаинӣ кунад, чунин занро мард ҳаргиз қабул намекунад. Зане, ки мехоҳад дар воқеъ лидер бошад ва шаваҳарш дар ин самт ба ӯ кумак кунад, бояд дар хонавода раҳбар буданашро фаромӯш кунад. Ман алалкай 20 сол ҳаёти олилавӣ дорам ва дар ҷомеа низ ҷойгоҳи худро пайдо кардам. Вақте шахс дар назди худ ҳадафи баромадан ба қулларо мекунад,бояд омода бошад, ки ин кори осон нест” – нақл кард Фирӯза Носирова.
Ойниҳол Бобоназарова, нахустин муддаии курсии раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, талоши қолабшикании гуруҳи ҷавононро барои тарбияи духтарони пешбар аввалин гоме медонад, ки бояд хеле барвақттар бардошта мешуд. Ба қавли Бобоназарова, “ин танҳо баҳона аст, ки барои чеҳрасозии зан мафкураи шарқӣ роҳ намедиҳад. Агар бигирем, аз ҳама бештар аз шарқиён занон президент буданд, на дар Ғарбу Аврупо. Барои ин лозим аст, ки зан бояд нотарсона вориди майдон шавад ва заифнолӣ накунад. Агар ӯ мутахассиси хуб аст, роҳашро хуб медонад ва дигаронро аз пасаш бурда метавонад, ҳатман муваффақ мешавад.”
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки тибқи оморҳо нисфи ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Аз рӯи Қонуни асосиаш, Тоҷикистон як кишвари дунявӣ аст, ки баробарии ҳуқуқи зану мардро дар банди махсус тазмин кардааст. Вале ҳукумат, ки ба сурати умум мардсолор аст, ин шеваро ба сари ҷомеа низ таҳмил кардааст.