Як гурӯҳи занон аз ноҳияи Фархор, 200- километрии ҷануби пойтахт, барои додхоҳӣ аз президенти Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд.
Сайлонбӣ Салимова, зани солхӯрдаи нобинои 74-сола ҳамроҳи 10 ҳамсояаш рӯзи 26 апрел ба дафтари радиои Озодӣ омад ва гуфт, дар масъалаи пас гирифтани заминҳои наздиҳавлигиашон ягон мақоми масъули ноҳия ба доди онҳо нарасидааст ва ягона умедашон аз президент аст.
Холаи Сайлонбӣ, сокини ҷамоати "Ватан"-и ноҳияи Фархор, борҳо дар бораи масъалаи онҳо газетаву радиоҳо навиштанд, лекин ҳеҷ идораи масъул сар аз ҳукумати ноҳияи Фархор то додситонии кулл ба доди онҳо нарасид: «Ман бо ҳамин пойҳои камҳаракату чашмони нобино аз Фархор омадам, ҳамроҳи ман бо 10-12 занони дигар ҳастанд. Мо мехоҳем дар назди қасри президент ҷамъ шавем ва ин дафъа, то худи президентро набинем, ба Фархор барнамегардем.»
Тағойгул Алиева, як сокини дигари ҷамоати "Ватан", ки дар дасташ даҳҳо номаҳои Додситонии кулл ва дастгоҳи президентро дошт, мегӯяд, “мансабдорон асноди заминҳои моро қалбакӣ меноманд ва мегӯянд, ин заминҳои обии кишоварзӣ аст ва як гурӯҳ авбошон моро фиреб карда, ҳин заминҳоро ғайриқонунӣ ба мо фурӯхтаанд.”
Вале, ба таъкиди хонум Алиева, ин заминҳо ба онҳо дар ҳузури раиси қаблии ноҳияи Фархор тақсим гардида буд, на аз ҷониби «як гурӯҳ авбошон». Алиева мегӯяд, вай бар ивази 1800 доллари аз муҳоҷират фиристодаи фарзандонаш 16 сотих замин гирифта буд ва акнун ки мақомот заминро пас гирифтанд, намедонад, пулашро аз кӣ ситонад? Ба қавли холаи Тағойгул, ҳоло онҳо фақат умед аз президентро доранд, ки ба доди онҳо бирасад.
Аммо дар як тамоси телефонӣ як масъули ҳукумати ноҳияи Фархор, ки нахост номаш зикр шавад, иддаои сокинонро дар мавриди фишори мансабдорони ноҳия бепоя хонд.
Дар оғози соли 2009 дар маҳаллаи Шаҳртеппаи ноҳияи Фархор мақомот ба 154 сокини ҷамоати "Ватан" 14,76 гектар заминро барои бунёди манзил тақсим карда буданд. Аммо акнун мақомоти маҳаллӣ тақсимоти ин қитъаҳоро ғайриқонунӣ дониста, пойдеворҳои бунёдкардаи сокинонро тахриб ва бунёди манзилро дар ин заминҳо манъ кардаанд.