Рӯзи 27-уми август дар тарабхонаи “Мафтуна” дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа тӯй мешавад. Арӯсу домод – Марҷонаву Саидшо, ду сокини ноҳияи Бохтар ақди никоҳ мебанданд. Барои ин тӯй як суханронии Саидшо дар назди президент сабаб шуд.
Ҳанӯз як моҳ пеш ин ду ҷавон – яке ҳамшираи шафқат ва дигаре омӯзгори мактаб – тасаввур ҳам намекарданд, ки ба зудӣ оила барпо хоҳанд кард. Инҳо ҳатто 5 рӯз пеш аз тӯй якдигарро надидаанд. Тасмими оиладориро ба ҷойи онҳо гирифтаанд.
Ҳаяҷон доштам, баромад кардам, президент дар бораи ман ва хонаводаам пурсид. Гуфт, ки зан дорӣ? Ман гуфтам зан надорам. Президент ба роҳбарияти ноҳия дастур дод. Рӯзҳои наздик тӯй мешавем.
Рӯзи 16-уми август президент Эмомалӣ Раҳмон меҳмони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар буд. Лаҳзае, ки ӯ дар мулоқот бо фаъолону сокинони маҳаллӣ дар минбари пур аз гул нишаста буд, омӯзгори ҷавони фанни таърих дар мактаби 39-уми ноҳияи Бохтар Саидшо Асророви 23-сола назди микрофон омад. Ӯ гуфт, хушбахт аст, ки метавонад рӯбарӯ бо президент сӯҳбат карда, барои заҳматҳояш дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли ҷавон ташаккур кунад. Дар суханрониаш Асроров чанд пораи шеърро ҳам қироат кард.
Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ кӯтоҳ суолу ҷавоб кард ва аз ҷумла пурсид, ки оиладор аст ё на ва баъдан назди худ даъват карда ба ӯ як соати саримизӣ тақдим намуд. Мақомоти ноҳияи Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъди ин мулоқот президент аз онҳо хостааст, ки дар оиладор кардани омӯзгори ҷавон мусоидат кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Худи Саидшо рӯзи 22-юми август гуфт, ҳамон лаҳза хеле ҳаяҷонзада буд. Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ин мулоқот барояш фаромӯшношуданӣ шуд: “Ҳаяҷон доштам, баромад кардам, президент дар бораи ман ва хонаводаам пурсид. Гуфт, ки зан дорӣ? Ман гуфтам зан надорам. Президент ба роҳбарияти ноҳия дастур дод. Ҳама чиз хуб пеш меравад. Рӯзҳои наздик тӯй мешавем.”
Саидшо мегӯяд, дар як хонаводаи 5-нафарӣ дар ҷамоати деҳоти "Сарвати истиқлол"-и ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунад. Ду соли ахир омӯзгори таърих ва ҳуқуқ аст. Баъди мулоқот бо президент ва бархостани масъалаи оиладории ӯ ба хостгорҳо гуфтааст, мехоҳад бо Марҷона оила барпо кунад. Марҷона – духтари омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонист. Саидшо мегӯяд, солҳои донишҷӯии Марҷона дар коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа ӯро “аз дур дидааст”.
Хостгорҳо аз ҳукумат омаданд
Мегӯяд, ҳарчанд ошиқи Марҷона набуд, вале дар дилаш ҳамин андеша ҷой дошт, ки мехост бо ин духтар зиндагии муштарак барпо кунад. Дере нагузашта, дари хонаи Марҷона Худойдодоваи 22-сола дар деҳаи Гулзор тақ-тақ шуд. Хостгорҳое, ки рӯзи 19-уми август ба хонаи Марҷона омаданд, намояндагони ҳукумати ноҳияи Бохтар буданд. Ҳайати хостгорҳоро Дилафрӯз Маҳмадалиева, муовини бахши идеологияи ҳукумати ноҳияи Бохтар раҳбарӣ мекард. Рӯзи 22-юми август Маҳмадалиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои Саидшо як духтари таҳсилкардаву арзандае аз деҳаи Гулзор ёфта, ба хостгории ӯ рафтанд.
"Мо худамон хостгорӣ кардем. Духтари таҳсилкардаро келин мекунем. Муаллим аз оилаи эҳтиёҷманд аст, падару модараш бознишаста аст. Сару либоси арӯсро худамон бурдем, ҳамаро ҳал кардем. Рӯзи якшанбе тӯйи ин ду ҷавон дар тарабхона баргузор мешавад. Ҷиҳоз ва лавозимоташро гирифтем, ба хонаводаи духтар низ кумак кардем. Ҳарду оилаи хуб ҳастанд”, - афзуд ӯ.
Волидони Марҷона ҳарфи хостгорҳои баландпояро, ки бо як рисолати махсус омада буданд, рад накарданд. Савлатбӣ Худойдодова, модари 8 фарзанд мегӯяд, то ин замон бисёриҳо бо нияти арӯсӣ бо Марҷона хостгор шудаанд, вале вақте ба ҳамаашон шарт гузоштанд, ки духтарашон бояд баъди арӯсӣ аз рӯи ихтисосаш кор кунад, ноумед мешуданд. Хонум Савлатбӣ мегӯяд, шарти онҳо ба Саидшоҳ ҳам ҳамин аст, ки Марҷона баъди арӯсӣ бояд дар ягон муассисаи тиббӣ аз рӯи ихтисосаш кор кунад.
Арӯс ҳанӯз домодро надидааст
Марҷона ҳам мегӯяд, ки ҳамеша орзу дошт бо шахсе оила барпо кунад, ки барои кори ӯ монеъ нашавад ва ҳамин сабаб шуд, ки хостгории домодҳои дигарро рад кардааст. Марҷона, ки дар бораи арӯсиаш шармгинона сӯҳбат мекард, дар бораи маросими хостгории мақомот чунин нақл кард: “Ман он рӯз дар хона будам ва онҳо бо калонтарҳо – хонагиҳомон – падару модарам гап заданд. Розӣ шуданд. Гуфтанд, ки бимонанд кор кардан, баъд розӣ мешавем. Мехоҳам, дар оянда дар ягон касалхона кор кунам”.
Марҷона мегӯяд, то ҳол домодро надидааст ва эҳтимол дар рӯзи тӯй аввалин бор бо ӯ рӯбарӯ шинос мешавад. Модари Марҷона мегӯяд, дар хонадони онҳо таҳсилу кори духтар як масъалаи муҳим аст. Ду фарзанди калониву домоди ӯ табиби дипломдор ҳастанд, як духтараш табиби занона ва Марҷона – ҳамшираи шафқат. Хонум Савлатбӣ, ки ҳамагӣ як моҳ баъди хатми мактаби миёна дар риштаи тиб таҳсил карда, баъди барпо кардани оила аз пайи зиндагиву фарзанд шуд, орзуи худро дар фарзандонаш амалӣ кард. Савлатбӣ Худойдодова мегӯяд, вақте хостгорҳо омаданд, гуфтанд, ки домод духтари онҳоро барои арӯсӣ интихоб кардааст.
“Президент Эмомалӣ Раҳмон гуфта гапзанон карданд. Ман гуфтам, розӣ ҳастам ба гапи шумо. Бовар кунед, чанд кас хостгор омад аз ҳамин қишлоқ, аз 50 кас зиёд омад, надодам. Гуфтам, агар монед, ки духтарам рафта кор кунад, ман ҳам розӣ. Намонед, намедиҳам. Падараш ҳам гапи маро зад. Мехоҳам, ки духтарам барои халқ хизмат кунад”, - афзуд ӯ.
Модар мегӯяд, ба духтар ва домодаш танҳо як насиҳат дорад, ки эҳтироми якдигар ва падару модарро ба ҷо оранд, касеро озор надиҳанд. Дар ҷашни хостгорӣ намояндагони ҳукумат ба ин хонавода 16 ҳазор сомонӣ ҳамчун маҳри арӯс тақдим карда, аз онҳо хостанд, ки ба арӯсӣ омода шаванд. Бо пули тақдимкардаи ҳукумат рӯзи 22-юми август хонавода ҷиҳози хонаи хоб, сандуқи арӯс ва қолӣ хариданд. Дар хона қарор шуд, ки арӯс бо либоси миллии арӯсӣ дар тӯй ҳозир мешавад. Зимнан, худи Марҷона, ки ҳунари дӯзандагиро ҳам доштааст, аз пайи таҳияи либосҳои арӯсӣ аст.
Худи ҳамин рӯз натиҷаҳои озмоиши тиббии арӯсшавандаҳо ҳам расид ва ба иттилои табибон, ин натиҷаҳо аз назари мувофиқати хуни ҳамсарони оянда ва ҳам бакорати арӯс қонеъкунанда будааст.
Рӯзи якшанбе қарор аст дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа ҷашни тӯйи Саидшову Марҷона баргузор шавад ва эҳтимол ҳунармандони маҳаллӣ ин ҷашнро обод кунанд. Мақомот мегӯянд, дар маросими ақди никоҳ тамоми талаботи қонуни танзими расму оинро риоя хоҳанд кард, ки дар ҷашни сесоатаи тӯй ҳузури 150 меҳмонро иҷозат медиҳад.
Президенти тақдирҷумбон
Ин ҳодисаи камназир аст, ки дар Тоҷикистон солҳои охир бо машварати президент ва бо кумаки ҳукумат маросими ақди никоҳи ду ҷавон баргузор мешавад. Дар солҳои оғози шӯравӣ таҷрибаи баргузории тӯйҳои ба истилоҳ “комсомолӣ” расм буд, ки бо машварат ва ширкати намояндагони ҳукумат ва харҷи кам ҷавонҳои фаъол дар кори ҷамъиятиро барпо мекарданд.
Вале мулоқоти президент бо сокинони оддии Тоҷикистон борҳо бо тасмимҳои сареъ ва ногаҳонӣ анҷомидааст. Дар мулоқоти чандин соли пеши худ бо ҷавонони фаъол борҳо шудааст, ки суханрони боистеъдоде баъди сӯҳбаташ бо президент соҳиби ҷои кор дар сохтори давлатӣ ваё донишҷӯи мактаби олии кишвар шудааст. Бархе ҷомеашиносон мегӯянд, мулоқоти президент бо мардуми оддӣ бо ҳамингуна тасмимҳо дар хотирҳо мемонад ва як василаи дигари боло бурдани таваҷҷӯҳи мардум ба шахсияти раҳбари аввал мешавад.
Онҳое, ки мушкилоти худро бо сабабҳои бюрократияи зиёд ва ҳам вуҷуди фасод дар сохторҳои дахлдори давлатӣ ҳал карда наметавонанд, бисёр вақт ба умеди мулоқоти рӯбарӯ бо президент мешаванд, ки бо як амри ҳамонлаҳзаинаи худ мушкили онҳоро ҳал мекунад. Дар натиҷа, дар миёни мардум ин бовар ҳосил мешавад, ки маҳз президент барои ҳалли масъалаҳои сахти мардуми оддӣ қодир аст ва ҳатто метавонад тақдирҷумбони ҷавонон ҳам бошад.