Эрдуғон: “Худо моро бубахшад!” Туркия чӣ?

5 августи соли 2013. Яке аз муттаҳамони додгоҳи "Эргенекон" баъди мурофиа ба боздоштгоҳ интиқол меёбад. Силиврӣ, наздикиҳои Истанбул

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни арзёбии фаъолиятҳои рӯҳонии маъруф Фатҳулло Гюлен, ки ӯро ҳукумат ташаббускори кӯшиши табаддулоти давлатии рӯзи 15 июл ном мебарад, гуфт, “Мутаассифона, дар гузашта мо дар робита бо Гюлен ба иштибоҳҳои зиёде роҳ додем. Худо моро бубахшад!”. Ӯ гуфт, “агар шумо дар бораи ҳодисаҳои охир 20 соли пеш, 10 ё ҳатто се ё чор сол пеш мегуфтед, ҳеҷ боварам намеомад”. Солҳое, ки Эрдуғон ба он ишора мекунад, ба давраи нахуствазириаш мувофиқ меояд.

Манзури Эрдуғон аз “иштибоҳҳои гузашта” давраест, ки дар фосилаи солҳои ҳадди аққал 2002 то 2013 Эрдуғон ва Гюлен ду муттафиқи наздике ҳисоб мешуданд, ки ҳамроҳ бар зидди низоми дунявӣ ва нирӯҳои қудратии Туркия мубориза мебурданд. Нуқтаи авҷи наздикшавии хатарнок ва ҳам харобкоронаи ин ду муттафиқи собиқ ба даврае рост омад, ки гурӯҳи тозатаъйини додситонҳову додрасҳо муҳокимаҳои хеле ҳассоси 750 афсари баландпоя, кормандони низоми додгустарӣ, журналистон ва ҳуқуқдонҳоро ба роҳ монданд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Ин нафарон дар пайравӣ аз гурӯҳи “Эргенекон” муттаҳам шуданд, ки додгоҳҳои замони Сталинро ба ёд меорад. Муттаҳамон дар кӯшиши табаддулоти давлатии мусаллаҳона алайҳи нахуствазир Эрдуғон ва ҳам ҳизби ҳокими “Адолат ва тараққиёт”-и ӯ айбдор шуданд. Аксари муттаҳамон мунаққидони дунявии ҳукумати Эрдуғон буданд ва ҳукуматро аз роҳи пешгирифтаи як “исломизми пинҳонӣ” ҳушдор медоданд.

Генералҳо, додситонҳо, журналистони номӣ ва сиёсатмадорон дар ҳолати шармандавор боздошт шуда солҳо бидуни дастрасӣ ба муҳокимаҳои одилона ва ҳам аз рӯи иттиҳомоти сохта дар боздоштгоҳҳо нигаҳдорӣ шуданд. Ин маърака ҳанӯз дар оғози солҳои 2000-ум барои тақвияти қудрати Эрдуғон мусоидат кард. Вале бо гузашти солҳо ошкор шуд, ки мурофиаҳо бар асоси санадҳои тақаллубӣ ва тӯҳмат барпо шуда, додгоҳҳоро афрод ва тарафдорони Гюлен ташкил кардаанд. Билохира, моҳи апрели соли 2016 додгоҳи олӣ ин нафаронро аз гуноҳҳо пок кард ва гуфт, ки чунин гурӯҳи ҷиноие бо номи “Эргенекон”, ки мақсадаш табаддулоти давлатӣ бошад, вуҷуд надорад.

Худи Эрдуғон соли 2010 зидди нуфузи афзояндаи ҳаракати Гюлен ва аз соли 2013 ба поккории сафҳои ҳукумат, артиш ва матбуот аз тарафдорони ин рӯҳонӣ иқдом кард. Дар ҳоле, ки худи раҳбари кишвар

Фатҳулло Гюлен

ҳамеша аз шарҳи мавзӯи додгоҳҳои “Эргенекон” худдорӣ кардааст, қурбониёни ин муҳокимаҳо аз хароб шудани низоми артиш ва ҳам давлати кишвар зиёд интиқод мекарданд. Эрдуғон пайваста такрор мекард, ки “Низоми додгустарӣ дар Туркия мустақил аст. Мо ба хотири халал ворид накардан ба қарорҳои судӣ аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунем”.

Ҳоло бо гузашти беш аз ду ҳафта аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ дасти кам 60 дар сади генералҳои низомиву адмиралҳо дар иртибот бо ҳаракати Гюлен аз мақом ронда шудаанд. Аарон Стейн, як таҳлилгари низомӣ дар Вашингтон дар сӯҳбат бо оҷонсии Ройтерс гуфт, ҳоло артиши Туркия як нирӯи шикаста аст ва солҳои зиёд зарур аст, ки тавони он барқарор шавад. аксари афсарони баландпояе, ки дар кӯшиши табаддулоти давлатии ахир ҳамчун пайравони Гюлен дар артиш муттаҳам шудаанд, собиқаи ҳадди аққал 20-солаи корӣ доштанд. Касе намедонад, ки Худо гуноҳҳои Эрдуғонро мебахшад ё на, вале мардуми зиёд дар Туркия додгоҳҳои “Эргенекон”-ро ёд доранд, ки нахуст барои тақвияти қудрати Эрдуғон хизмат карду дар ниҳоят бо кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи июл анҷом ёфт.

Аббос Ҷаводӣ, Радиои Озодӣ