"Хукҳо зиёд шуданд". Ду моҳи бехобии деҳқони тоҷик

“Як шаб агар моро дар сари замини кишт хоб барад, меҳнат ва захираи яксолаамон барбод меравад. На аз хӯса метарсанд, на аз сагу одам. Гала-гала меоянд ва агар як шаб хобат барад, тамоми киштзор ба хок яксон мешавад”.

Маҳмад Нуров, сокини ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон ду моҳ бояд бедорхобӣ бикашад, то ним гектар кишти картошкаашро аз ҳуҷуми хукҳои ваҳшӣ наҷот диҳад. Ин марди деҳқон мегӯяд, теъдоди хукҳо аз солҳои гузашта зиёд шудааст ва ҳар шаб гала-гала шуда ба киштзорҳои картошка ҳуҷум мекунанд.

​Муҳаммадҷон ҳамроҳ бо даҳҳо тан деҳқоқони дигар шабҳо бедорхобӣ мекашанд, то киштзори худро аз ҳуҷуми хукҳо наҷот диҳанд. Танҳо як шаби бехобӣ захираи солонаи зиндагии Маҳмад ва панҷ фарзандашро метавонад барбод диҳад. “Се чор рӯз пеш ба баъзе ҳамсояҳо зарар расонд. Шабҳо меравем ва бедорхобӣ мекашем. Як бор агар дарояд, ҳамаро бо фукаш зада хароб мекунад. Агар даҳ кило хӯрад, сад килои дигар зарар мерасонад”, - гуфт ӯ.

Ҳоло дар Тоҷикистон замони нашъунамои кори деҳқон аст. Кишти картошка, гандум ва нахуд то моҳи август ҷамъоварӣ мешавад ва дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳар деҳқон барои ҳифзи киштзораш ҳадди аққал ду моҳ бояд бедорхобӣ кашад.

Хуки себхӯри Ховалинг

Саидолим Мирзоев, як деҳқони дигар аз ноҳияи Ховалинг мегӯяд, сабаби афзоиши хукҳо дар Тоҷикистон камбуди милтиқи шикорӣ ва гарон будани арзиши тир барои шикор аст. “Ҳоло як тир як-ду доллар шудааст. Камонҳоро ҳам баъди ҷанг гирифтанд, дигар хук бисёр шуд. Мардуми мо гӯшти хукро ҳаром медонанд ва онро шикор намекунанд. Аз тарафи дигар, ки тир қиммат аст, касе тирашро дар хук ҳайф намекунад”, - гуфт ӯ.

Саидолим дар ноҳияи Ховалинг панҷ гектар боғ дорад. Ӯ мегӯяд, аз тарси ҳуҷуми хукҳо дигар дар боғаш зироат кишт намекунад. Бо ин вуҷуд, ӯ мегӯяд, хукҳо ҳатто себи дарахтҳои боғи ӯро мехӯранд. “Шояд ҳайрон шавед, ки хук чӣ тавр себро аз шохи дарахташ мехӯрад? Хук меояд ва ба кундаи дарахт худашро мезанад. Себҳо ҳама ба замин мерезад ва мехӯрад. Саҳар меравӣ, ки таги себ пури пӯчоқ аст ва тани себ ҳам пӯстканда ҳаст”, - гуфт Саидолим.

Боғҳо, кишти гандум, нахӯд, картошка ва дигар полезиҳо ҳамасола дар Тоҷикистон мавриди ҳамлаи ин ҷонвари ваҳшӣ қарор мегирад. Соли 2016 дар пайи ҳамлаи хукҳо ҳадди аққал панҷ сокини минтақаи Кӯлоб осеб дида, як духтари 16-солаи сокини ноҳияи Восеъ кушта шуд.

Деҳқонон бо усулҳои вижа талош мекунанд хукҳоро аз мазореи худ дур кунанд. Тоҳир Сатторов, як деҳқон аз Шӯрообод мегӯяд, дар ин ноҳия бештар кишти нахӯд мавриди ҳуҷуми хукҳо қарор мегирад. Ӯ гуфт: “Ба ғайр аз бедорхобӣ, мо сагҳоро мебарем, сари киштзор мусиқии баланд мегузорем, умуман чизҳое мегузорем, ки садои баланд диҳанд ва хукҳоро гурезонанд. Хук гули нахудро дуст медорад ва дар як шаб даҳ хук ним гектар нахудро нобуд мекунанд”.

Афзоиши хукҳо - аломати тавсеаи қаламравҳои бешазорҳои Тоҷикистон

Шумораи хукҳо бар асоси ҳисоби Идораи хоҷагии ҷангал дар навоҳии кӯҳистон тахминан ба 12,5 ҳазор сар расидааст, ки дар қиёс ба як соли пеш наздик ба ду ҳазор сар бештар аст. Ин ҳайвони ваҳшӣ маъмулан чанд бача ба дунё меорад ва аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ ва решаи дарахт рӯз мегузаронад. Хукро як ҷонвари бадхашму хатарнок ҳам мегӯянд, ки дар сурати рӯбарӯ шудан бо хатар, бераҳмона ҳамла мекунад.

Ғиёсиддин Ятимов, масъули хоҷагии ҷангали Тоҷикистон 25 май ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси як қарори ҳукумат сокинон ҳақ доранд, ҳангоми ҳуҷуми хук ба кишташон онро бипаронанд. “Зиёд шудани хук аз зиёд шудани қаламрави ҷангалҳо шаҳодат медиҳад. Хук ҳам як боигарии ҷангалҳои Тоҷикистон аст. Қарори ҳукумат ҳаст барои шикор, вале сокинон хеле кам ин навъи ҷонварро шикор мекунанд. Хук ҳам аз ҳайвоне аст, ки соле то 12 бача ҳам мезояд”

Афзоиши хукҳо дар ҳолест, ки Тоҷикистон як зимистони сардро пушти сар кард ва бисёриҳо чорвои хонагии худро аз даст доданд. Зиндагии аксари мардуми Тоҷикистон дар деҳот аз ҳисоби заминдорист ва аз ин рӯ ҳимояи ҳосили кишт аз ҳуҷуми хукҳо барояшон гарави дарёфти ҳосил ва даромади хуб аст.