Қумрӣ Ҳафизова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 25 август ҳамсараш аз боздоштгоҳи Дубай телефон кард ва аз поймолшавии ҳуқуқаш шикоят кард.
Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари соҳибкори боздоштшудаи тоҷик Умаралӣ Қувватов гуфт, ки шавҳараш баъди таъхири даҳрӯза ниҳоят рӯзи якшанбе, 25 август ба ӯ занг зад ва аз маҳдудшавии ҳуқуқаш шикоят кард. Хонум Ҳафизова гуфт, ки баъди даст ба гуруснанишинӣ задани ҳамсараш дар боздоштгоҳ, мақомоти ин муассиса ба ӯ иҷозат доданд, ки бо ҳамсараш телефонӣ сӯҳбат кунад.
Умаралӣ Қувватов, аз шарикони собиқи тиҷоратии хешовандони раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар кишвар ба дуздии 6 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор доллар муттаҳам мекунанд. Ӯ баъди тарки Тоҷикистон дар ду соли пеш дар Маскав иқомат дошт ва тобистони соли 2012 эълон кард, ки бо таъсиси созмони мухолифи давлат бо номи Гурӯҳи 24 ба сиёсат ворид мешавад. Вай рӯзи 23 декабр дар шаҳри Дубай бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуд ва аз он замон то имрӯз дар боздошт ба сар мебарад.
Қумрӣ Ҳафизова: Шавҳарам худаш аз Дубай занг зад. Тахминан 3 дақиқа гап задем. Гуфт, суди ӯ бояд рӯзи 18 август баргузор мешуд, вале худаш дарак надоштааст ва ин мурофиа як моҳ пеш, яъне 22 июл баргузор шудааст. Вай гуфт, ки вақтҳои охир ӯро аз тамос бо олами беруна маҳдуд мекунанд, намегузоранд, ки бо касе телефонӣ сӯҳбат кунад. Ҳеҷ намояндаи созмони мудофеи ҳуқуқи инсон аз ӯ хабар намегирад. Шавҳарам тамоми вақт дар як ҳолати баста дар дохили ҳуҷраи зиндон нигоҳдорӣ мешуд ва маҷбур шуд, даст ба гуруснанишинӣ занад. Панҷ рӯз гуруснанишинӣ кард, ки ба ӯ рӯзи 15 август имкон доданд, ба ман занг занад. Баъд боз ҳамин ҳолат такрор шуд. Ӯ бори дуюм гуруснанишинӣ кард ва ин навбат 7 рӯз ба даҳон обу ғизо нагирифт ва онҳо (маъмурияти боздоштгоҳ) маҷбур шуданд, талаби ӯро ба инобат гирифта, рӯзи 25 август, яъне дирӯз ба ӯ иҷозат диҳанд, ки ба ман телефон кунад. Вай мегӯяд, давоми нӯҳ моҳе, ки дар боздошт аст, касе аз мудофеони ҳуқуқи инсон аз ӯ хабар нагирифт. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ӯ ба Дубай ҳаргуна иттилову санадҳои тӯҳматангез мефиристанд, ӯро дар ҷиноятҳои сангин гунаҳгор мекунанд, ки воқеият надорад.
Озодӣ: Ҳадафи гуруснанишинии Умаралӣ Қувватов эътироз аз адами тамос бо хешу табор, бо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва баргузоршавии мурофиаҳо бидуни ҳузури худи он аст. Боз чӣ эътирозе доранд?
Қумрӣ Ҳафизова: Вай инчунин мегӯяд, ки бо вуҷуди таҳдиди иттиҳомоти зиёд ва сангин, хатари истирдод ба Тоҷикистон, аз роҳаш баргаштанӣ нест ва мегӯяд, ки тамоми ноадолатиҳое, ки дар бораашон ба матбуот гуфтааст, ҳама ҳақиқатанд.
Озодӣ: Дар бораи мурофиаи додгоҳии шавҳаратон иттилои дақиқ ва қобили эътимоде вуҷуд надорад. Аз сӯе, Анвар, додарарӯси шумо ба Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ баргузор ва ҳукми истирдоди шавҳаратон дубора тасдиқ шуд. Айни замон, муттафиқ ва дӯсти Умаралӣ Қувватов - Николай Николаев мегӯяд, наздикони ӯ дар бораи додгоҳ иттилои дақиқ надоранд ва иттилои нодуруст пахш мекунанд. Пас ҳақиқат чист? Суд баргузор шуд? Кай ва чӣ ҳукм баровард?
Қумрӣ Ҳафизова: Ҳақиқат, тавре гуфтам, ҳамин аст, ки суд як моҳ пеш бе ҳузури шавҳарам баргузор шудааст. Як марди араб вакили дифояш аст. Ӯро ба
назарам тарсондаанд, ки вай аслан бо мо гап намезанад. Мо як нафарро ба наздаш фиристодем ва ӯ гуфтааст, ки ҳукми суди дуюм ҳам ин будааст, ки Умаралӣ истирдод шавад. Вале мо аниқ намедонем. Медонам, ки Тоҷикистон тамоми қувваташро ба ҳамон Дубай партофтааст, то ки ӯро истирдод кунанд. Хулоса, худи Умаралӣ дар зиндон меистад, вале ӯро ба суд намебаранд.
Озодӣ: Пас агар ҳолат ингуна бошад, шавҳаратон охирин хабарҳоро аз кӣ мефаҳманд?
Қумрӣ Ҳафизова: Дар зиндон, шояд аз зиндонбонҳо. Ростӣ, фурсати зиёди гап задан намедиҳанд, аз ин рӯ, ман инро намедонам.
Озодӣ: Аз созмонҳои мисли Amnesty International ё Human Rights Watch чӣ хабар?
Қумрӣ Ҳафизова: Ман ба онҳо бори охир ҳам муроҷиат кардам, баромадҳои шавҳарамро ба забонҳои арабиву англисӣ тарҷума карда ба онҳо равон кардам ва аз онҳо хостам, ки нагузоранд шавҳарам истирдод шавад, чунки ба ӯ дар Тоҷикистон марг таҳдид мекунад. Ман 100 фоиз боварӣ дорам, ки вақте шавҳарамро ба Тоҷикистон таслим кунанд, зинда намемонанд. Ба тарафи ман ҳам бисёр таҳдид мекунанд, илтимос, инро чоп кунед. Таҳдид мекунанд, ки дар пӯсташ каҳ ҷо мекунем, мекушемаш.
Озодӣ: Аз кадом роҳ таҳдид мекунанд?
Қумрӣ Ҳафизова: Ба саҳифаи ман дар Фейсбук, дар Одноклассники ҳар чиз менависанду таҳдид мекунанд. Фарзандони ман ду сол шуд, дар азобанд. Ман панҷ фарзанд дорам, сетоаш бояд дар мактаб хонанд, вале аз тарси таҳдид,
онҳо ду сол шуд мактаб намераванд. Ояндаи онҳо чӣ мешавад? Шавҳари ман ягон ҷиноят накардааст. Ӯ фақат барои баёни назари худаш, барои истифодаи ҳақи худаш барои гуфтани ҳақиқат азият мешавад. Инро ҳама медонанд.
Озодӣ: Аз рӯи баъзе хабарҳое, ки мо, дар Озодӣ дар ихтиёр дорем, воқеан ҳам Қувватовро бояд дигар ба Тоҷикистон истирдод кунанд ва танҳо масъалаи ташкили ҳавопаймо мондааст. Инро ба мо як манбаи мӯътамад гуфт. Оё шумо ё худи Умаралӣ аз ин таҳаввулоти ахир ноумед нестед?
Қумрӣ Ҳафизова: Не, албатта, ноумед нестам. Шавҳари ман ҳам як одами худотарс аст ва мегӯяд, ки то нафаси охирин бовар дорад, ки худованд раҳмону раҳим аст. Мо аз ин қазияҳо бисёр афсурда ҳастем, ки як одами бегуноҳро ҳам аз молу мулкаш маҳрум кунанд ва ин қадар тӯҳмат кунанд. Вале бо ин вуҷуд, мо то нафаси охир умед дорем, ки ба доди шавҳари ман ягон кас мерасидагист...
Радиои Озодӣ