Пас аз рафтан ва кушта шудани ҳамсарони ба ном ҷиҳодии худ, хонавода ва ба вижа ҳамсарони онҳо ба унвони шахси наздикашон дар Тоҷикистон то чанд муддат ба қаҳрамони гузоришу барномаҳои телевизиону расонаҳо табдил меёбанд. Онҳо, ки тоза саробони хонаводаашонро аз даст медиҳанд, ҳанӯз ба худ наомада, маҷбур мешаванд ба суолҳои бепоёни мақомоту хабарнигорон барои ин амали марди хонаводаашон посух бигӯянд.
Навору филмномаҳо бо ширкати ин занон ба хотири тарғиби зидди пайвастани ҷавонон ба гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” миёни сокинон тақсим шуда, ҳатто дар дӯконҳои фиттафурӯшӣ низ фурӯхта мешавад ва ҳамин сабтҳо занонро берун аз деҳу ноҳияашон ҳамчун “ҳамсари террорист” шинохтаву ангуштнамо кардааст.
Мавҷигул Ҳакимова, сокини ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол дар ноҳияи Бохтар аз ҷумлаи заноне аст, ки 4 моҳи пеш хабари марги шавҳарро аз Сурия шунид. Ҳоло ин зани 28-сола кӯшиш мекунад аз сӯҳбату вохурӣ бо дугонаву ҳамсояҳо парҳез кунад, зеро пайвастани чанд ҷавони дигар аз ин деҳаро сокинон ҳамчун ҷурми шавҳари ӯ медонанд: “Шавҳарам мулло буд ва бачаҳое, ки аз паяш рафтанд, мардум мегӯянд, онҳоро ҳам шавҳари ман бурдааст ва ҳамин хел дар борааш гапи зиёд мегӯянд.”
Ин ҳарфҳо дар мавриди шавҳараш Мавҷигулро хеле нороҳат мекунад, зеро аксарият тавре бо ӯ ҳарфе мезананд, ки гӯё ӯ низ дар ин қазия даст дошта бошад. Шавҳари Мавҷигул - Набӣ Лоиқови 40-сола моҳи сентябри соли гузашта мисли садҳо нафари дигар аз Русия ба Сурия рафт. Мавҷигул бо духтари 5-солааш ҳанӯз бо хонаводаи шавҳар зиндагӣ дорад. Вай мегӯяд, роҳи бозгашт ба хонаи падарро надорад, чун волидонаш барвақт фавтидаву шароити зиндагии бародарон ҳам хуб нест. “Ояндаи мо намедонем чӣ мешавад. Духтарчаам хурдсол аст, дигар ҷои рафт ҳам надорам ва шояд то бузургтар шудани духтарам ҳамин ҷо мемонам”, мегӯяд Мавҷигул.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баръакси Мавҷигул, Гулқадаҳи 25-сола аз ноҳияи Вахш, зани дигаре, ки бинобар кушта шудани шавҳараш дар Сурия бева мондааст, тарки хонаи хусуру хушдоман кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳар кунҷи хона хотироте аз шавҳар дошт ва ҳар замон зинда шудани ёди шавҳари аз дастдода барояш фоҷеа буд, ки дигар таҳаммули онро надошт. Шавҳари ин зан Қудратулло Гулов 7 моҳи пеш ба Сурия рафтааст ва барои хонаводааш то ҳанӯз зинда ё мурда будани вай маълум нест.
Гулқадаҳ бо ду фарзанд, яке ҳафт ва яке панҷсола имрӯз дар хонаи волидон зиндагӣ дорад: “Истода натавонистам, онҷо азоби руҳӣ мекашидам. Вақте бародарони шавҳараш ба ҳамсаронашон занг мезаданд, фарзандонам мепурсидам, ки чаро падари фалонӣ ба онҳо занг мезанаду аз мо не. Азоби зиёд кашидам ва ба ин хулоса омадам, ки танҳо ва дур аз он хона буданам беҳтар аст”.
Марги шавҳар, суолҳои пайвастаи атрофиёну фарзандон дар бораи падар ва азияти равонӣ, Гулқадаҳро гирифтори бемории шадиди асаб кардааст. Наздиконаш нақл мекунанд, ки борҳо баъди пурсиши ҳамсояву мақомот дар бораи Қудратулло, Гулқадаҳ аз ҳуш рафтаву соатҳо ба худ намеомад. Худи Гулқадаҳ дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар як сол ҳамагӣ чанд моҳ бо шавҳараш зиндагӣ мекард, аммо боз ҳам хушбахт буд, чун медонист, ки шавҳараш дар Русия аст. Аз ҳолаш бохабар буд ва бовар дошт, ки муваққатан ҳам бошад, ба наздашон бармегардад.
Аммо ин бор дигар намедонад, ки интизориаш чӣ қадар тӯл хоҳад кашид ва ояндаи худу фарзандонаш чӣ мешавад: “Ҳоло дар хонаи падару модарам касе несту мо ҳам истодаем, оянда келиндор мешаванду наберадор, дигар шароит ҳам мушкил мешавад, намедонем чӣ кор мекунем. Дар хонаи шавҳарам ҳам 3 оила аст ва ман худам ҳам дар он хона истода наметавонам.”
Бар асоси иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон беш аз 500 нафар дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд. 150 ҷавони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаву 50 нафар бо оилаҳои худ сафар кардаанд. Бинобар иттилои мақомоти қудратии Тоҷикистон, аксари ҷавононе, ки ба “давлати Исломӣ” пайвастаанд, оиладор ва соҳиби фарзанд ҳастанд. Ҳалокати онҳо дар Сурия ҳамсаронашонро дар ватан бо фарзандони хурдсол рӯ ба рӯи ояндаи норӯшан қарор додааст.
Бархе аз ин занон на танҳо миёни ҳамсояҳо ва ҷомеа ангуштнамо, балки дар хонаводаи шавҳар ҳам муқассири бадбахтиҳо дониста мешаванд. Ба шӯъбаи кор бо занони Кӯлоб ахиран зане муроҷиат кардааст, ки дар паи кушта шудани шавҳараш дар Сурия, бо як фарзанд аз хонаи хушдоман берун карда шудааст. Волидону наздикони шавҳар ба ин фикр будаанд, ки маҳз нороҳативу шикоятҳои келин аз зиндагӣ ва муносибати нохуби ӯ фарзандашонро ба ҳадде расонид, ки роҳи Сурияро интихоб кунад.
Саида Нуряминова, намояндаи ин кумита дар Кӯлоб мегӯяд, “мо ба ин зан машварат додем, ки аз хонаи шавҳар берун наравад. Чун медонем, ки вазъияти зиндагии хонаводаи худаш хеле бад аст ва гуфтем дар хонаи хушдоман бимонад. Ӯ ҳам бо фарзандаш ҳаққи зиндагӣ дар он хонаро дорад”.
Занони бевамондаи “ҷиҳодиҳо”-и тоҷик ҳам мисли модарон ва дигар наздикони онҳо дар посух ба суоли "чӣ шуд, ки шавҳарҳояшон ба Сурия рафтанд?", оҷиз мемонанд. Аксари онҳо ҳамагӣ 4-5 солӣ бо ҳамсарони худ зиндагии муштарак доштаанд ва чун шавҳаронашон бештар дар муҳоҷират дар Русия буда, гоҳ-гоҳе меҳмонашон мешуданд, аз дунёву ақидаи онҳо зиёд огоҳ нестанд. Ин занҳоро ҳоло фақат ду савол азият медиҳад, ки чаро падари фарзандонашон фикри онҳоро накард ва ояндаи онҳо чӣ хоҳад шуд?
Ҳарчанд, ки ба ҷуз гумном шудани шавҳарон, онҳо чизе дар бораи марги онҳо намедонанд. Танҳо аксу занги телефонӣ аз “шаҳид” шудани наздиконашон аз Сурия мерасад, ки бархе ба он чандон эътимод надоранд ва дар кунҷе аз дилашон ҳанӯз умеде зинда аст.
Аз ҳама беш, фарзандони хурдсоли ҷангиён, ки ба дарки ҷангу Сурия намераванд, чашм ба роҳи падарони ба муҳоҷират рафтаи худ ҳастанд. Раҳимаи 5-сола бори охир як соли пеш падарашро дар Санкт-Петербурги Русия дида буд ва ба ин бовар аст, ки вай ҳанӯз дар Русия асту рӯзе бармегардад. “Ба мо гуфт, ки шумо равед, милисаҳо моро инҷо ҷанг мекунанд. Гуфт ман ҳам дертар наздатон меоям. Аммо дурӯғ гуфт, наомад....”