Чаро афюнро нобуд мекунанд? (ВИДЕО ва 16 АКС)

Мақомоти тоҷик барои нахустин бор ба таври расмӣ посух доданд, ки чаро афюнро месӯзонанду нобуд мекунанд ва онро дар соҳаи тандурустии кишвар истифода намебаранд.

Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон барои нахустин бор ба суол дар барои чаро афюнро дар Тоҷикистон месӯзонанду нобуд мекунанд, вале барои истифода дар соҳаи тандурустии кишвар коркард намекунанд, посухи расмӣ додааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 26 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз матраҳ шудани суолҳои зиёд дар нишастҳои хабарӣ ва семинару конфронсҳо дар мавриди ин, ки чаро навъи “афюн” дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон расман истифода намешавад, зарур шуморидаанд, ки онро ба таври расмӣ дар ихтиёри расонаҳо бигузоранд.

Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, истеҳсол ва коркарди афюн ба сиёсати давлатии зиддимаводи мухаддири кишвар мухолиф буда, Тоҷикистон муҷаввизи Кумитаи байналмилалии маводи мухадирро надорад ва дар феҳрасти 6 кишвари ҷаҳон, ки ҳуқуқи истифодаи “афюн”-ро доранд, шомил нест. Аз ин рӯ ,Тоҷикистон иҷозати расмии кишти кӯкнорро надорад.

Ба гуфтаи вай, Иттиҳоди Шуравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъе аз он буд, ба ҳайати ҳафт кишваре, ки СММ расман иҷозати содироти афюнро дода буд, шомил мешуд. Вале дар соли 1987 бо қарори Шӯрои вазирони Иттиҳоди шӯравӣ вақт, кишти кӯкнор дар қаламрави он манъ карда шуд. Шаш кишвари боқимонда, ки муҷаввизи содироти афюнро доранд - Булғория, Юнон, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва Югославия мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир барои кишти қонунии кӯкнор ва истеҳсоли афюн барои саноати фарматсевтӣ, кишварҳои Австралия, Фаронса, Маҷористон, Испания, Ҳиндустон ва Туркия муҷаввизи расмии Кумитаи байналмилалии назорати маводи мухадирро доранд.​

Оқои Раҳматуллоев афзуд, қонунгузориҳои Тоҷикистон сӯзонидани воситаҳои нашъадор ва маводи психотропиро, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардидааст, пешбинӣ намудааст. Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, барои истеҳсоли “афюн” ҷиҳати коркарди соҳаи тандурустӣ–фарматсевтӣ, афюни тоза, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ бошад, лозим аст ва намуди зоҳириаш ҳам бояд якранги хамирмонанд бе олудагии маводи мухаддири дигар ва рутубаташ на бештар аз 45 дар сад бошад.

Ба гуфтаи манбаъ, афюне, ки аз қочоқчиён мусодира мегардад, одатан бо анвои дигари маводи мухаддир омехта аст ва ба талаботи технология ҳангоми коркарди он ба морфин ҷавобгӯ намебошад.

Тибқи моддаи 4 қонуни Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ дар асоси иҷозатнома ва дар доираи квотаи давлатӣ сурат мегирад. Воситаҳои нашъаовар ва маводи психотропӣ, ки дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд, мутобиқи квотаи давлатӣ ба кишвар ворид карда мешаванд.

Дар Туркия ки иҷозаи расмии кишти афюнро дорад 54 дар сади майдони кишти ҷаҳонии кӯкнорро соҳиб мебошад ва дар соли гузашта дар ин кишвар 70 тонна “афюн” истеҳсол шудааст.

Тавре Оҷонсии зидди маводи мухаддир мегӯяд, бузургтарин харидори афюн Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошанд, ки 80% талаботи худро барои ба таври қонунӣ истифода бурдани афюн қонеъ мегардонад ва ин афюн аз Туркия ворид карда мешавад. Ба Ҳиндустон -- кишвари дигари соҳибҳуқуқи кишти афюн иҷозат дода шудааст, ки дар соли 2014 даҳ тонна “афюн” истеҳсол кунад.

Ҳамчунин ин ҳуқуқро Кумитаи байналмилалии назорати маводи мухаддир ба Австралия дар соли 2013 додааст, ки 50 дарсади истеҳсоли қонунии афюнро барои истифодаи морфин, кодеин ва тебаин дошта ва дар соли гузашта 27 630 килло “афюн” истеҳсол кардааст. Дар Фаронса дар соли соли 2014 - 12 тонна дар Маҷористон- 13 тоннаву 500 кило ва дар Испания 16 тоннаву 250 кило “афюн” истеҳсол шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон -- тавлидкунандаи аслии маводи мухаддардар ҷаҳон марзи муштарак дорад ва солона садҳо килогарм анвои мухталифи маводи мухаддир аз сӯи ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон кашф ва мусодира мешавад. Ба манзури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, дар Тоҷикистон ниҳоди вижа таъсис шудааст. Ҳудуди як ҳафта қабл, вазорати умури дохилии Тоҷикистон тақрибан 600 килограм анвои гуногуни мухаддиротро сӯзонда ва нобуд карданд.

Дар Душанбе 600 кг мухаддирот сӯзонида шуд