Чаро Шоҳзода Оғохони IV ба Тоҷикистон наомад?

Акс аз бойгонӣ.

Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон мегӯяд, лағви сафари раҳбари ин ниҳод Шоҳзода Оғохони IV ба Тоҷикистон ҷанбаҳои фаннӣ дорад.

Қарор буд Шоҳзода Оғохони IV, яке сармоягузорони тарҳҳои Тоҷикистон дар ифтитоҳи пули Шоҳон – Хоҳон миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Шӯробод ширкат кунад ва ҳам хишти аввали неругоҳи Себзор дар Роштқалъа ва Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон бигзорад. Ҳамчунин президенти Тоҷикистон дар мулоқоташ бо соҳибкорони тоҷик, ки 10 октябр баргузор шуд, гуфт, ба наздикиҳо дар ҳамдастӣ бо роҳбари Бунёди Оғохон пули Шоҳон – Хоҳонро ифтитоҳ хоҳанд кард.

Ёдгор Файзов, раҳбари намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ба Радиои “Озодӣ” гуфт, лағви сафари Имом Оғохони IV ба ниҳоӣ нашудани сохтмони пули Шоҳон – Хоҳон бастагӣ дорад: “Мехостанд пулро боз кунанд, аммо ҳама чиз омода нест. Худи пул соли гузашта омода шуда буд, аммо дар ин миён қарор шуд, ки дар баробари пул як бозор, нуқтаҳои гумрукӣ ва марзбонӣ низ сохта шаванд. Сабаби

дигар номусоидии обу ҳаво аст, ки дар нимаи дуввуми моҳи ноябр пешбинӣ мешавад. Моҳи октябри соли 2011 вақте омаданд, дар Шӯробод борони сел борида, сахт хунук шуд, ки дар таърихи умрашон ин гуна риск накарда буданд. Мо ҳам ба хулоса омадем, чун пул омода нест, ҳуҷҷатгузории неругоҳи Себзор ҳам моҳи декабр такмил мешавад, беҳтар аст сафарро ба баҳор гузорем. Худи президент ҳам расман паём доданд, ки пас аз моҳи май метавонанд ҳар вақти хостаашон ташриф оранд.”

Хишт аввали пули миёни Шоҳони Тоҷикистон ва Хоҳони Афғонистонро Эмомалӣ Раҳмон ва Имом Оғохони IV ҳанӯз 31 октябри соли 2011 гузошта буданд. Сохтмони пул соли гузашта ба охир расида, ҳоло дар ҳолатҳо изтирорӣ барои баровардани ҳоҷати мардуми ду тарафи дарё истифода мешавад. Пас аз Хоруғ, Ишкошим, Қалъаи Хум, Ванҷ ва Панҷи Поён пул тариқи Шӯрообод шашумин пулест, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам мепайвандад ва барои он Бунёди Оғохон 3 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Созиш бар сари сохтмони неругоҳи Себзор бо иқтидори 12 МВт моҳи апрели соли 2013 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди Оғохон ҳосил шуда буд. Тибқи ахбори охирини расонаҳо, сохтмони он ҳангоми сафари навбатии президенти Тоҷикистон ба Бадахшон оғоз мешавад.

Ёдгор Файзов дар мавриди сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, як пойгоҳи таълимӣ, ки Бунёди Оғохон чанд сол боз тарҳи бунёди онҳро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, корҳои омодагии сохтмон дар маҳалли донишгоҳ дар Хоруғ шурӯъ шуда, барои он 63 миллион доллар ихтисос ёфтааст.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба улуми инсонӣ, иҷтимоӣ ва табиӣ – фаннӣ ихтисос хоҳад ёфт, ки дар минтақаи Дашти шаҳри Хоруғ дар масоҳати 100 ҳазор метри мураббаъ ва тибқи меъёрҳои байнулмилал сохтаву таълим ҳам ба ҳамин меъёрҳо роҳандозӣ мешавад. Ин як тарҳи минтақаии Бунёди Оғохон дар се кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, ки созишномааш моҳи августи соли 2000 аз сӯи се кишвар ва Бунёд ба имзо расида буд. Сохтмон бо ҳазинаҳои беш аз 100-миллиондолларӣ дар Қазоқистону Қирғизистон шурӯъ шудааст.

Мунир Меҳралӣ, раҳбари пешини Бунёди Оғохон 4 дар Тоҷикистон.

Аммо дар гузашта аз ихтилофи назарҳо дар бораи ин сохтмон суҳбат мешуд. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки ҳукумат мехоҳад маблағи ин тарҳ тариқи Вазорати молия гузарад, аммо Бунёд ба ин розӣ нест. Дар як суҳбат бо «Озодӣ» моҳи январи соли гузашта сарвари пешинаи намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Мунир Меҳралӣ гуфта буд, ки донишгоҳ бо имтиёз ба ҷониби Тоҷикистон сохта мешавад, масалан, дар Қазоқистон маблағ қарз аст, дар Қирғизистон қарзу грант 50 ба 50 ва барои Тоҷикистон 100% грант аст. Бино ба гуфтаи ӯ, донишгоҳ бояд бо 30 миллион доллар кӯмаки Бонки Осиёии Рушд ва 70 миллион доллари Бунёд Оғохон сохта мешавад.

Коршинос Аловуддин Қараев мегӯяд, ин як донишгоҳи замонавӣ хоҳад буд, ки сатҳи донишомӯзӣ дар Тоҷикистонро баланд мебардорад: “Дар ҳар куҷое бунёд шавад, низоми кор ва нақшаи корашро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия кунаду барои рушди маориф дар кишвари мо мусоидат кунад, бояд бунёд шавад. Мо ҳар қадар соҳаи маорифро рушд медиҳем ва ҷавононро аз улуми тахрибкунанда эмин медорем, бурд мекунем. Ин донишгоҳ кадом як абзоре, ки барои таъсир расондан бошад, буда наметавонад. Агар сатҳи маърифат боло наравад, як ҷавон наметавонад ватани худро аз нигоҳи дигар бинад”

Дар ҳамин ҳол, иддаи дигар аз коршиносон бар инанд, ки Донишгоҳи Осиёи Марказии Бунёди Оғохон дар Душанбе ва ё навоҳии атрофи он сохта шавад, зеро бидуни баҳс, ин як донишгоҳи беҳтарине хоҳад буд, ки бояд барои Тоҷикистон дастрас бошад.

Саймиддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов, сарвари маркази ИНДЕМ, мегӯяд, аслан ҳукумат бояд нагузорад, ки донишгоҳҳои хуб дар маркази вилоятҳо таъсис ёбанд, зеро дар раванди миллатсозие, ки имрӯз Тоҷикистон қарор дорад, ошноии ҷавонони кишвар бо якдигар муҳимтарин омил аст: “Таҷаммӯи ҳазорон донишҷӯву унвонҷӯ дар пойтахт, деги худшиносии миллӣ бояд биҷӯшанд, тавре дар замони Шӯравӣ буд. Он замон донишҷӯён аз кунҷу канори Тоҷикистон ҷамъ омада, дар як хобгоҳ зиндагӣ мекарданд ва бо ҳам шахсият мешуданд. Ҳоло бархе ҷавононро дар Суғду Бадахшон ва Хатлон метавон вохӯрд, ки аз ҳамон музофотҳо ба хориҷ рафта, дунёро медонанд, аммо пойтахту ҳамватани худро дуруст намешиносанд. Ин оқибати хуб надорад”

Бунёди Оғохон аз соли 1993 ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Бино ба иттилои ин ниҳод, солона то 100 миллион доллар дар тарҳҳои мухталифи иқтисодӣ сармоя мегузорад. Ширкати «Tcell» яке аз бузургтарин андозсупорандагони Тоҷикистон аст, ки ҳар сол мустақим ба буҷаи Тоҷикистон 100 миллион доллар ворид мекунад ва ҳам Бонки микромолиявӣ низ ба ин бунёд тааллуқ дорад.