Чаро Лола аз Гулнора фосила гирифт?

Лола Каримова-Тиллоева (аз чап) ва хоҳари калонияш Гулнора Каримова.

Мусоҳибаи Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов баҳси пуршӯреро дар расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.
Дар ин мусоҳиба, ки ба таври хаттӣ ва аз тариқи имейл бо бахши узбакии радиои Би-би-сӣ ҷараён гирифтааст, Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, худро мухолифи бархе аз корҳои падар ва апааш Гулнора Каримова қаламдод карда, гуфтааст, ки 12 сол боз бо Гулнора ҳамгап нест ва ҳатто дар нишастҳои оилавӣ низ бо ӯ рӯбарӯ намегардад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯҳбатҳои Лола дар бораи асрори хонаводагии Ислом Каримов



Коршиносон ва қисме аз ширкатдорони баҳсҳои онлайнӣ ин мавзеъгирии Лола Каримова-Тиллоеваро ба он бастагӣ медиҳанд, ки бо сабаби тафтиши парвандаҳои пулшӯйии Гулнора дар Швейтсария, Фаронса ва Шведсия акнун рӯйи фаъолиятҳои ӯ, ки низ дар Швейтсария зиндагӣ мекунад, соя афтодааст. Як манбаи мӯътамад ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, чанд ҳафта пеш мақомоти Швейтсария ҳисобҳои бонкии Лола Каримова-Тиллоеваро, ки намояндаи доимии Узбакистон дар дафтари ЮНЕСКО -идораи омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милал дар Женева аст, бастааст.

Дар ҳоле ки духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар мусоҳибааш гуфтааст, бизнеси шавҳари ӯ Темур Тиллоев аз ягон имтиёз дар Узбакистон бархӯрдор нест ва ба сарватҳои табиии Узбакистон ё буҷа ва тендерҳои давлатӣ рабте надорад, маҷаллаи “Билан” ин оиларо яке аз пулдортарин хонадонҳои Швейтсария унвон карда, тазаккур додааст, ки Лола дар Женева қасреро ба маблағи 41 миллион доллари амрикоӣ харидааст. Вале худи Лола дар мусоҳибааш мегӯяд, пас аз фурӯхтани аксари кулли дороиҳои худ дар Узбакистон танҳо 18 дарсади нархи манзилро пардохта, пули боқимондаро аз бонк қарз гирифтааст.

Таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ Брюс Панир мегӯяд, суханони Лола боварбахш нестанд: “Ончӣ вай имрӯз мегӯяд, бо ончӣ қаблан гуфта буд, дар ихтилоф аст. Мегӯяд, мисли шаҳрвандони одӣ аз бонк қарз гирифт, то қаср харидорӣ кунад ва ҳам мегӯяд, миллионҳо долларашро ҳамчун закот барои мадад ба камбағалон сарф мекунад. Ва ҳамчунин манбаи даромаду моликияти ӯ рӯшан нест. Ҳама медонанд, ки дар Узбакистон бе рбитаи хуб бо ҳукумат касе бой шуда наметавонад. Боварбахш нест, вақте духтари президент мегӯяд, ман бе ёрии падарам ё хешу таборам сарватманд шудаам.”

Вале Лола Каримова-Тиллоева дар бораи хонаи дигари худ дар гузари Беверлӣ-Ҳилзи Лос Анҷелеси Амрико, ки ба 58 миллион доллар харидорӣ шудааст, чизе нагуфтааст. Дар бораи ин қаср маҷаллаи электронии “Бизнес Инсайдер” иттилоъ нашр намудааст.

Дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон талош кардааст, худро шахси тақводор ва модари ғамхор нишон диҳад. Вай, аз ҷумла гуфтааст, солона закоти мол медиҳад, муҳимтарин масъалаи ҳаёташ кумак ба кӯдакони ятим аст ва фарзандони худро ба гунае тарбия мекунад, хоксору раҳмдилу порсо бошанд. Тасвире, ки аз ин мусоҳиба ҳосил мешавад, бо симои расонаии хоҳари калонии Лола Гулнора Каримова шадидан дар ихтилоф мешавад. Таври маълум Гулнора ҳамчун шоираву овозхон, дизайнеру заргару рассом ва сиёстмадору соҳибкори муваффақ шӯҳрат дорад. Ҳамчунин гуфта мешавад, вай сарвати худро аз назорат бар риштаҳои асосии иқтисодиёти Узбакистон ба даст овардааст.

Вале мубоҳисон ёдовар мешаванд, ки “Викиликс” иттилои махфиеро дар бораи дилхушиҳои Лола дар як мафҳили шаб дар Порис нашр карда буд. Бино бар ҳамин манбаъ, ширкати “Абӯ Сахӣ”, ки асосан ба Лола дахл дошта, аз тарафи шавҳараш идора мешавад, яке аз монополистҳои бозори хӯроквории Узбакистон аст. Ин ширкат аз пардохти ҳама гуна боҷу андозҳо дар Узбакистон озод аст. Шавҳари Лола Темур писари яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҷиноии Узбакистон Ҳаким Тиллоев аст, ки аз наздикони Салим-бойбача ё Салим Абдувалиев мебошад.

Лола Каримова-Тиллоева дар ҳоле аз Гулнора канораҷӯӣ ва сиёсатҳои падари худ, раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро танқид мекунад, ки ду сол пеш ба ҳимояи ӯ бархоста, барои корбурди калимаи “диктатор” дар мавриди падараш хабарнигори маҷаллаи интернетии – Rue89-ро ба додгоҳ кашида буд. Ҳоло вай мегӯяд, ҳадафаш на ҳимояи падар, балки ҳимояи худаш буд, ки хабарнигори ӯро “духтари диктатор” номидааст.