Чаро сарвазири Қирғизистон аз мақомаш истеъфо медиҳад?

Ҷомарт Оторбоев, сарвазири Қирғизистон

Сарвазири Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев рӯзи 23 апрел ба порлумони ин кишвар гуфтааст, ки аз мақомаш истеъфо хоҳад дод.

Сарвазири Қирғизистон Ҷомарт Оторбоев рӯзи 23 апрел ба порлумони ин кишвар гуфтааст, ки аз мақомаш истеъфо хоҳад дод. Вай ин эълонро баъд аз додани гузориш аз кори ҳукумати худ дар соли 2014 кард ва афзуд, дар давлати демократӣ бояд монополияи қудрат вуҷуд надошта бошад. Сарвазири Қирғизистон аз он нороҳат буд, ки пешниҳодҳои ӯ барои ҳалли баҳс сари кони тилои "Кумтор" ва чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумат аз тарафи порлумон пазируфта нашуданд. Истеъфои Оторбоев дар ҳоле сурат мегирад, ки тирамоҳи имсол дар Қирғизистон интихоботи навбатии порлумонӣ баргузор мешавад ва ҳамчун кишваре, ки низоми ҳокимияташ порлумонист, ҳайати ҳукумати ояндаро натиҷаҳои интихобот муайян хоҳанд кард.

Гуляим Ашакеева, сардабири барномаҳои бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, Отарбоев 21-умин раҳбари кабинаи вазирон дар ҳукумати Қирғизистон дар солҳои истиқлолияти ин кишвар буд.

Озодӣ: Сабаби аз мақомаш истеъфо додани Отарбоевро шарҳ диҳед.

Гуляим Ашакеева

Ашакеева: Ин хабар ногаҳонӣ набуд, чунки дар бораи истеъфои Отарбоев як моҳ боз сӯҳбат мешавад. Сабаби асосиаш баҳсҳо атрофи кони тиллои Қумтор аст, ки 20 сол аст бар пояи як созишномаи Қирғизистону Канада кор мекунад. Баъди инқилоби соли 2010 масъалаи бозбинии ҳиссаҳои ҳукумати Қирғизистон ва ҷониби Канада дар ин корхона матраҳ мешавад. Се соли охир баҳси шадиде дар ин замина давом дорад. Зимнан, нахуствазири пешина ҳам бо ҳамин сабаб аз мақомаш рафта буд. Баъди эълони истеъфои Отарбоев, раиси парлумон гуфт, ки нахуствазир натавонист чун раҳбари кабинаи вазирон дар мӯҳлати муайяншуда масъалаи Қумторро ҳал кунад.

Озодӣ: Худи Отарбоев то куҷо шахсияи бонуфузи сиёсӣ аст ва рафтани ӯ ҳукуматро дучори бӯҳрони сиёсӣ намекунад?

Ашакеева: Худи Ҷомарт Отарбоев одами донишманд, писари академик, доктори илмҳои физика аст. Вай таҷрибаи бои кор дар сатҳи байналмилалиро дорад, солиёни зиёд ӯ дар Лондон дар вазифаи баланди масъули барномаҳои Осиёи Марказии Бонки аврупоии бозсохт ва рушд кор кардааст. Баъди инқилоби соли 2010 ҳукумат ӯро ҳамчун як иқтисодшинос ва донандаи фазои сармоягузории Қирғизистон ба вазифаи муовини нахуствазир даъват кард. 25 марти соли гузашта ӯ ба курсии нахуствазирӣ нишаст. Вале дар ин муддат вай натавонист худро ба унвони як раҳбар, мудир, иқтисодшинос ва сиёсатмадори қавӣ нишон диҳад. Шояд ин ҷо танҳо гуноҳи ӯ набошад. Қирғизистон як кишвари парлумонӣ аст ва дар маҷлис се фраксияи ҳизбӣ дар муқобили ду фраксияи мухолифин ҳамеша дар ҳолати баҳсу мубориза мебошанд. Мегӯянд, ба Отарбоев фурсанд надоданд, ки корашро ба итмом расонад. Аз ин рӯ, аз мақом рафтани Отарбоев ҳеҷ боиси бӯҳрони сиёсӣ намешавад, дар муддати солҳои истиқлоли Қирғизистон дар ин кишвар 21 нахуствазир дигар шудааст. Аз соли 2010 баъди инқилоби охир 4 нахуствазир иваз шуд. Дар Қирғизистон фарҳанги сиёсӣ фарқ мекунад.

Озодӣ: Вале аз сӯи дигар, чунин ҳузури бесуботи раҳбарони сиёсӣ дар мақом зарурати низоми парлумониро дар Қирғизистон зери суол намебарад?

Ашакеева: Қирғизистон дар оғози бунёди ҷомеаи парлумонӣ аст. Дар кишварҳои дигари парлумонӣ, ба мисли Фаронса ҳам ингуна баҳсу баррасиҳо ва тағйирот дар ҳукумат як чизи маъмулӣ шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро сарвазири Қирғизистон аз мақомаш истеъфо медиҳад?

Озодӣ: Дар сурати аз мақом рафтани Отарбоев чанд моҳ пеш аз интихоботи парлумонӣ, чӣ таҳаввулотро мешавад интизор шуд?

Ашакеева: Истеъфои Отарбоев дигар масъалаи ҳалшуда аст. Ба тарафдории ин қарор аксарияти парлумон овоз дод. Танҳо ризоияти президент мемонад. Нахуствазири баъдӣ то охири соли ҷорӣ кор хоҳад кард, баъд интихобот мешаваду исми нахуствазири баъдиро парлумони нав маълум мекунад. Мардуми Қирғизистон донистан мехоҳад, ки нахуствазири баъдӣ кӣ мешавад. Агар ин одам аз муттафиқони президент шавад, пас, ба гуфтаи таҳлилгарон, ин як одами кисагии президент мешавад ва дар интихобот захираҳои маъмурӣ ба фоидаи ҳизби ҳоким истифода хоҳад шуд.