Марзбонҳои Русия ба Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик иҷозаи вуруд ба қаламрави он кишварро надода, баъд аз тақрибан як соати "боздошташ" ба Тоҷикистон фиристодаанд. Ӯ ҳамроҳ бо як гурӯҳ аз ҳунармандони қирғиз барои намоиши "Достони манқурт" ба ҷашнвораи байналмилалии театрҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия бо номи "Встречи в России" ба Санкт-Петербург мерафт.
Ин коргардони маъруф рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бо вуҷуди пофишориҳо натавонист вориди Русия шавад ва ба ин хотир гурӯҳаш ба танҳоӣ дар ҷашнвораи Санкт-Петербург иштирок карда, барои "Достони манқурт" ҷоизаи Кирилл Лавровро соҳибӣ намудааст.
"Достони манқурт" бар пояи романи "Дуроҳаи бӯҳронӣ ё як рӯзи дарозтар аз аср"-и Чингиз Айтматов таҳия шудааст. Дар ин ҷашнвора, ки барои бори 18-ум доир шуд, намоишномаи дигари ин коргардони маъруфи тоҷик - "Ҳамсинфон. Сабақҳои зиндагӣ" - низ ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Барзу Абдураззоқов гуфт, бо шиносномае, ки тӯли шаш соли охир дар дасташ буд ва бо он марзи чандин кишвари дунёро убур кардааст, ба Русия рафта буд, аммо марзбонҳои он кишвар гӯё дар он нуқсеро ёфта ва ба ин далел ӯро ихроҷ кардаанд.
"Самти парвози мо аз Бишкек ба Маскав ва аз онҷо ба Санкт-Петербург буд. Вақте ба Маскав расидем, сарҳадбонҳои рус шиносномаамро диданд, ки дар он ҷо чандин бор ба Украина, Туркия ва Гурҷистону Эрон рафтаам. Онҳо хеле асабонӣ ба назар мерасиданд. Баъд, намояндагони ФСБ омада, шинсономаи маро гирифтанд ва нусхабардорӣ карданд. Ба ман гуфтанд, ки дар шиносномаатон хато ҳаст ва маро нигоҳ доштанд. Ҳарчанд хостам, ки ба Вазорати фарҳанги Русия занг занам, то бубинанд, ки чӣ мушкил аст, иҷоза надоданд," - нақл кард ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сӯҳбати муфассали Барзу Абдураззоқов ба зудӣ дар ҳамин саҳифа нашр хоҳад шуд
Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ба ин тартиб тӯли тақрибан як соат дар фурудгоҳи "Домодедово" банд монда ва пас аз он бо ҳавопаймое, ки мусофиронро аз Маскав ба Кӯлоб меовард, ба Тоҷикистон фиристода шудааст. "Дар рӯзи ифтитоҳи ҷашнвора алакай дар Душанбе будам ва гурӯҳи ман бе ҳузури ман дар ҷашнвора иштирок кард," - гуфт Абдураззоқов.
Ин коргардони тоҷик ҳоло шиносномаи нав гирифтааст ва мегӯяд, то чанд рӯзи дигар барои идомаи кораш ба хориҷа хоҳад рафт. Аммо ӯ гуфт, омаданаш ба Тоҷикистон ҳамин тавр бо "гуноҳи" шиноснома ва тасодуфӣ набуда, "балки аз қабл ният доштам барои дидорбинии модарам ба Душанбе биоям. Ман барои парвоз аз Санкт-Петербург ба Душанбе дар рӯзи 10 апрел билет гирифта будам, вале тақдир моро як ҳафта пештар ба назди модар расонд."
Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов соли 1959 дар Душанбе ба дунё омадааст. Падари ӯ ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов ва модараш коргардони низ маъруфи театр Фотима Ғуломова мебошанд. Соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистн ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарский дар шаҳри Маскавро хатм кардааст.
Дар соли 2009 намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93", ки Барзу Абдураззоқов дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, аз ҷониби мақомоти вазорати фарҳанг манъ карда шуд. Баъди он дар Тоҷикистон ба ин коргардон имкони кор надоданд ва ӯ дар соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол паиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд.
Соли гузашта мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълон карданд, ки ба ин коргардон дар Душанбе шароити кор фароҳам хоҳанд овард, вале худи ӯ мегӯяд, дар ниҳоят ягон пешниҳоди расмие аз сӯи мақомот нагирифт.