Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ: Аз кӣ ба кӣ мемонад?

Дар ҳоле ки ворисони эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов маълум мешаванд, то ҳол мушаххас нашудааст, ки интиқоли қудрат дар Узбакистону Қазоқистон аз чӣ роҳ сурат хоҳад гирифт?

Раҳбарони чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистону Туркманистон – то кунун барномаи аз қудрат канор рафтани худро эълон накардаанд. Аммо аз ҳоло ин баҳс матраҳ аст, ки баъд аз рафтани онҳо, қудрат дар ин чор кишвари минтақа ба дасти кӣ хоҳад уфтод?

СУЛОЛА

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ҳукуматдории сулолавӣ дар минтақа эҳё ва раҳбарии кишварҳо аз падарон ба фарзандон ва ё хешутаборони наздик мегузарад. Ба қавли онҳо, ҳоло ворисони эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – раҳбарони Тоҷикистону Туркманистон – маълум мешаванд, аммо ҳанӯз мушаххас нест, интиқоли қудрат дар Узбакистону Қазоқистон, ки раҳбаронаш писар надоранд, аз чӣ тариқ сурат мегирад.

Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ барои тағйири Қонуни асосияш раъйпурсӣ баргузор мекунад. Тарҳи иловаҳо, ки аз сӯи вакилони парлумон таҳия шуда ва ба он Додгоҳи конститутсионӣ ҳам ризоят додааст, аз 41 банд иборат аст.

Рустами Эмомалӣ

РОҲИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Аммо коршиносон мегӯянд, асоси ин тағйирот ду нуктаи он аст, ки аввалӣ ба Рустами Эмомалӣ - писари раисиҷумҳур ҳақ медиҳад, дар интихоботи соли 2020 номзад шавад ва дувумӣ ба худи Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, ки бидуни маҳдудият дар интихоботҳои президентӣ иштирок кунад. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 боз – ду сол ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва 22 соли дигар ба ҳайси раисиҷумҳур – зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад.

Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказии созмони Дидбони ҳуқуқи башар", мегӯяд, ки нуктаи муҳими тағйири Қонуни асосии Тоҷикистон аз 35 ба 30 поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурист. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ Рустами Эмомалӣ ҳоло 28 сол дорад ва дар интихоботи соли 2020 ба синни 32 мерасад. Писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аст. Дар гузашта ӯ раҳбари Хадамоти гумрук буд ва рутбаи генералӣ дорад. Озода Раҳмон – яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон низ дар моҳи январи соли ҷорӣ раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд.

Дариға Назарбоева

АЗ ДАРИҒА ТО САМАТ

Яке аз раҳбарони Осиёи Марказӣ, ки аввалин шуда наздиконашро ба ҳукумат овард, Нурсултон Назарбоев - раисиҷумҳури Қазоқистон аст. Роҳат Алиев - шавҳари собиқи Дариға - духтари бузурги Назарбоев ҳанӯз соли 1996 корро дар ниҳодҳои андози Қазоқистон шурӯъ карда, баъдан ба мақоми муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ расида буд.

Худи Дариға ба тиҷорат ва сиёсат дар оғози солҳои 2000-ум омад. Дар соли 2004 ӯ вакили парлумони Қазоқистон интихоб шуд ва баъди даҳ солаш, дар соли 2015, муовини нахуствазир таъин гардид.

Рӯзи 26 декабри соли гузашта Нурсултон Назарбоев ҷиняи 37-солааш Самат Абишро муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии кишвараш таъин кард. Нуралӣ Алиеви 31-сола, набераи Нурсултон Назарбоев ноиби ҳокими Алмаато аст ва набераи дигараш Айсултон Назарбоеви 25-сола дар вазорати дифои Қазоқистон кор мекунад.

КАРИМҚУЛӢ Ё САРДОР?

Каримқулӣ Бердимуҳаммадов – набераи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов чандин бор дар рӯи экранҳои телевизионҳои давлатӣ дар паҳлӯи бобояш пайдо шудааст. Каримқулӣ ҳоло барои ишғоли курсии президентӣ хеле ҷавон аст ва бисёриҳо пешбинӣ мекунанд, ки

ҳоло ба ин мақом Сардор – писари Қурбонгулӣ омода мешавад.

Туркманҳо дар бораи оилаи раисиҷумҳур Бердимуҳаммадов тақрибан чизе намедонанд. Онҳо ҳатто намедонанд, ки падару модари Каримқулӣ кӣ аст ва ӯ набераи духтарии Бердимуҳаммадов аст ё фарзанди писараш. Гуфта мешавад, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ду духтар ва як писар дорад. Писари ӯ Сардор дар риштаи равобити байналмилалии донишгоҳи Маскав таҳсил карда, корманди вазорати хориҷӣ будааст.

Муҳаммад Тоҳир, раҳбари бахши туркмании Озодӣ мегӯяд, ки бар илова домоди раисиҷумҳури Туркманистон Ихлашгелди намояндаи он кишвар дар масоили энержӣ дар Лондон аст ва хоҳари раисиҷумҳур дар Ишқобод тиҷорат дорад.

ТАҚДИРИ НОРӮШАНИ ГУЛНОРА

Кетерин Путс, муҳаррири маҷаллаи Diplomat дар умури Осиёи Марказӣ, мегӯяд, ки механизми тақсими курсиҳо дар ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ миёни хешутаборон ва аъзои оила то замони мумкин аст, кор мекунад. Аммо вақте аз кор монд, ҳамааш ба қисматҳо ҷудо хоҳад шуд.​

Дар ҳамин ҳол Стив Свердлов ба унвони мисол аз вазъи Гулнора Каримова - духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов

Гулнора Каримова дар ҳабси хонагӣ

намуна овард. Пештар Гулнора яке аз ворисони воқеии Ислом Каримов гуфта мешуд, аммо баъд аз ин ӯ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд ва то кунун дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.

Аммо дар ин миён сокинони Қирғизистон ду даъфа ба мақомҳои намоён расидани фарзандону хешутабори раисиҷумҳурони собиқи он кишварро таҳаммул накардаанд. Дар соли 2005 ду фарзанди раисиҷумҳури нахустини Қирғизистон Аскар Оқоев дар интихоботи парлумонӣ иштирок ва дар Жокоргу Кенеш ҷой гирифта буданд. Қурмонбек Боқиев, ки баъди сарнагунии ҳукумати Оқоев ба ин курсӣ нишаст, бародараш Ҷанишро раҳбари Хадамоти амният таъин карда буд ва писараш Максим Боқиев иқтисоди кишварро раҳбарӣ мекард. Он замон Максим ҳамагӣ 30 сол дошт.

4 ФАРЗИЯИ ИНТИҚОЛИ ҚУДРАТ

Соли гузашта таҳлилгарони Financial Times чаҳор фарзияи вазъи сиёсии Қазоқистону Узбакистонро баъди аз сари қудрат рафтани раҳбаронашон пешбинӣ карда буданд. Аввалин фарзияе, ки онҳо дар миён гузоштанд, "интиқоли қудрат аз падарон ба ворисон" аст. Ҳамон тавре ки соли 2003 Ҳайдар Алиев, раисиҷумҳури собиқи Озарбойҷон, калидро ба дасти писараш Илҳом Алиев супурд, то мурвати сиёсату иқтисод ва иҷтимои кишварашро тоб диҳад. Аммо Financial Times мегӯяд, на Қазоқистон ва на Узбакистон мисли Ҳайдар Алиев вориси ҳақиқӣ ва омодаи тахташонро надоранд.

Фарзияи дувуми Financial Times сенарияи "интиқоли қудрат аз Борис Елтсин, раисиҷумҳури собиқи Русия, ба Владимир Путин" будааст. Таҳлилгарони ин нашрияи бритониёӣ ин фарзияро дар Қазоқистон нисбатан амалишаванда хондаанд.

Сенарияи севум "сенарияи Туркманистон" гуфта мешавад, ки баъд аз марги Сафармурод Ниёзов ё Туркманбошӣ дар моҳи декабри 2006, элитаи сиёсии ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови ношиносро ба раҳбарӣ пешниҳод карданд ва ӯ тақрибан нӯҳ сол боз ҳукмронӣ дорад. Дар мақолаи Financial Times гуфта мешавад, амалӣ шудани ин сенария дар Узбакистон ба эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад. Ин нашрия раҳбари идораи амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов, нахуствазир Шавкат Мирзиёев ва вазири молия Рустам Азимовро ҷойгузини Ислом Каримов дар сурати амалӣ шудани ин сенария донистаанд.

Фарзияи охир "беназмии идоранашаванда" ё "сенарияи Украина" унвон гирифта, дар ин ҷо аз таҳдиди ифротгароҳо ба Узбакистон ёдоварӣ шудааст. Ҳатто як дипломати аврупоӣ ба ин нашрия гуфтааст, аз он метарсад, ки "Узбакистон Афғонистони дувум мешавад."