Нигоҳ ба 6 моҳ баъд. Кӣ президенти Эрон мешавад?

Ҳарчанд то интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон ҳанӯз 6 моҳи дигар фурсат дар миён аст, ҳадс задани он ки номзадҳо ва барномаҳои онҳо чӣ хоҳад буд, чандон бановақт ё зуд нест.
Дар интихоботи раёсати ҷуҳмури Ирон, ки гуфта мешавад, интихоботи аз ҳама пуртамошобин мешавад, танҳо чанд нафар метавонанд муддаӣ шаванд, ки ба ин талабот ҷавогӯ бошанд: номзад бояд аз ҳунари хуби мудирият, садоқат ба арзишҳои исломиву инқилоб, сарсупурдагӣ ба раҳбари олӣ ва мавқеи оштинопазир дар баробари Ғарб бархӯрдор бошад. Чунин номзадҳо ба рӯйхати иштирокдорони интихоботи раёсати ҷуҳмур дар таърихи 14 июни соли 2013 шомил мешаванд.

Мухолифон метавонад муроҷиат накунанд

Моҳи ноябр намояндаи раҳбари олӣ дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҳуҷҷатулислом Алии Саидӣ ҳунари қавии мудирият ва садоқат ба арзишҳои инқилоб ва исломиро пешшартҳои номзади “муносиб ва шоиста” эълон кард.

Нозирони Эрон ҳалқаи номзадҳоро тангтар аз ин мебинанд ва мегӯянд, сабқат ба сурати умум дар байни суннатиҳо ва посдорони нав дар ҷиноҳи муҳофизакор ҷараён мегирад. Нафарони наздик ба президенти феъли Маҳмуди Аҳмадинажод ва ислоҳлтталабҳо шансе барои пирӯзӣ надоранд.

Алӣ Ашрафӣ, таҳлилгари умури Эрон дар Вашингтон мегӯяд, режими исломӣ дар пайи як Аҳмадинажоди мутамаддин мегардад. Нафаре монанд ба президенти феълӣ, аммо то даврае, ки ӯ ҳанӯз раҳбари олиро ба чолиш намекашид.

То расидан ба марҳилаи тасдиқи рӯйхати номзадҳо роҳи дарозе дар пеш аст. Аммо аз ҳоло баъзе исмҳо рӯи об баромадаанд. Дар ниҳояти амр, ҳамон тавр, ки Ҳабибуллоҳ Асғаролад, дабири кулли Эътилофи Ҳизбҳои Исломии Ирон мегӯяд, 40 номзади эҳтимолӣ сабти ном мешавад, ки 25 нафари онҳо низ аз ҷиноҳи муҳофизакор хоҳанд буд.

Номзадҳои мавриди алоқа киҳоянд?

Саид Ҷалилӣ, 47 сол дорад, музокиракунандаи аслии барномаҳои ҳастаии Ирон ва намояндаи вежаи раҳбари олӣ аст. Намояндаи насли дуввуми инқилобиҳои исломӣ аст, ки дар ҷанги Эрону Ироқ иштирок кардаанд. Ҷалилӣ, ки як пойи худро дар ҷанг бохтааст, нисбатан ҷавон буда аз номзадҳои мавриди назари Хоманеӣ аст. Ӯ аз тундравҳо ва нафари мавриди эътимоди раҳбари олӣ аст. Дар ҳамин авохир чанд сомона ба хотири пуштибонӣ аз Ҷалилӣ таъсис ёфт ва тибқи баъзе хабарҳо ба Сипоҳи Посдорони Инқилоб гуфта шудааст, ки ба иштироки Ҷалилӣ дар интихобот монеъ нашаванд.

Алиакбари Вилоятӣ, 67 сол дорад ва дар гузашта вазири умури хориҷии Эрон ва мушовири раҳбари олӣ дар масоили хориҷӣ будааст. Гуфта мешавад, ки Вилоятӣ аз пуштибонии аксарият дар ҷиноҳи муҳофизакор бархурдор аст. Ӯ соли 2005 ба думболи эълони иштироки Алиакбари Рафсанҷонӣ дар интихобот раёсати ҷумҳур, барномаи иштирокаш ин сабқатро лағв кард. Ба навиштаи “Интихоб” дар моҳи август, Вилоятӣ аз баъзе афроди наздикаш хостааст, ки маъракаи интихоботии ӯро созмон диҳанд. Таъсиси сомонаи хусусии Velayati.ir дар соли 2012 овозаҳоро дар бораи ҷоҳталабиҳои сиёсии Вилоятӣ бештар кард.

Алӣ Лориҷонӣ. Лориҷонии 54 сола дар гузашта музокиракунандаи барномаҳои ҳастаии Ирон буд ва ҳоло ба сифати раис и парлумон фаъолият дорад. Гуфта мешавад, ки аз нафрони наздик ба раҳбари олӣ аст. Рӯзноманигори маъруфи эронӣ Акбари Ганҷӣ мегӯяд, ҳеҷ шубҳае вуҷуд надорад, ки Лориҷонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳур иштирок хоҳад кард. Аммо ба гуфтаи Ганҷӣ, ҳоло рӯшан нест, ки Лориҷонӣ номзади мавриди назари Хоманеист ё не. Моҳи сентябр Лориҷонӣ дар сӯҳбат бо нашрияи “Файнаншел Таймс” гуфт, ки ӯ ҳоло ҳеҷ барномаеро барои иштирок дар интихоботи раёсати ҷуҳмур тарҳрезӣ накардааст.

Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил. Одил, ки соли 1945 ба дунё омадааст, собиқ раиси парлумон ва мушовири Хоманеӣ аст. Одил бо Хоманеӣ хешигарӣ дорад ва духтари ӯ бо яке аз писарҳои раҳбари олӣ издивоҷ кардааст. Ӯ дар як идда мақомҳои давлатӣ, аз ҷумла ноиби вазири раҳнамоии Исломӣ ва муовини вазири маориф фаъолият дошт. Одил дар гузашта гуфта буд, ки ӯ рӯзе дар интихоботи раёсати ҷуҳмур иштирок мекунад, ҳатто агар “як овоз ҳам” бигирад.

Номзадҳои эҳтимолии интихоботи президентии Эрон



Муҳаммадбоқири Қолибоф. Қолибофи 51-сола аз фармондеҳони собиқи Шӯрои Нигаҳбони Инқилоби Исломӣ, шаҳрдори Теҳрон ва аз муҳофизакори мӯътадил аст. Гуфта мешавад, ки бинобар ҳунари мудирият, Қолибоф таваҷҷуҳ ва пуштибонии рӯзафзуни руҳониёни бонуфузро дарёфт кардааст. Як таҳлилгар дар Теҳрон Қолибофро “марди амал” унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ тавонист, симои пойтахтро беҳтар кунад. Ӯ соли 2005, дар интихоботи президентӣ, 14 дар сади райъҳоро ба даст овард, аммо натавонист ба даври дуввум гузарад.

Муҳсин Ризоӣ. Ризоӣ дар соли 1954 зода шуда, аз фармондеҳони собиқи Шӯрои Посдорони Инқилоби Исломӣ аст. Дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2009 сабқатро бо камтар аз 2 дар сади райъҳо ба Аҳмадинажод бой дод, аммо ноҳамоҳангиҳои сиёсати иқтисодии президентро ҷиддан ба чолиш кашид.

Мустафо Пурмуҳаммадӣ. Пурмуҳаммадӣ, соли 1959 таваллуд шудааст, дар гузашта вазири умури дохилӣ буд ва ҳоло сарвари Созмони Назорати Миллии Ирон аст. Ин рӯҳонӣ ба доштани нақши калидӣ дар эъдом (иҷрои ҳукуми қатл)-и саросарии ҳазорон маҳбуси сиёсӣ дар соли 1980 муттаҳам мешавад. “Ҳамшаҳрионлайн” ба нақл аз қавли Пурмуҳаммадӣ навиштааст, ки “вақти сабти ном бирасад, маълум хоҳад шуд, ки дар сабқати президентӣ иштирок мекунад ё не”.

Исфандиёрӣ Раҳими Машоӣ. Ҷиноҳи тундрави Ирон аз он нигарон аст, ки қабл аз анҷоми маъмурияташ, Аҳмадинажод талош мекунад, бо истифода аз як номзади вафодор қудратро дар оянда дубора ба даст бигирад. Ҳамон сенариое, ки Путин ва Медведев дар Русия ба кор бурданд. Моҳи ноябр сомонаҳои эронӣ ба нақл аз қавли Машоӣ навиштаанд, ки ӯ дар сабқати раёсати ҷуҳмур иштирок мекунад. “Ҳеҷ кас наметавонад маро аз ин амр боздорад,” – гуфтааст Машоӣ. Аммо дафтари ӯ ин хабарро рад кард ва гуфт, Машоӣ на дар мазҳари ом ва на дар сӯҳбатҳои хоса мавзуи интихоботро баҳс накардааст.

Вале ҳамзамон истеъфои Машоӣ аз мақоми раиси ситоди Аҳмадинажод ин овозаҳоро, ки ӯ барои омодагӣ ба интихобот истеъфо додааст, бештар кард.