"Ба мо гуфтанд, ки бо сафири Амрико мулоқот мешавад, омадем, ки митинг будаст.."

Гирдиҳамоӣ дар назди дафтари СММ ва сафорати ИМА то ба ҳол суолҳои бепосухеро бар ҷой гузошта, ба далели бесобиқа будан то ба ҳол мағзҳоро машғул медоранд.
Дар ҷустҷӯи созмондиҳандагони тазоҳуроти 5-уми апрел дар назди сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал бо чанде аз ширкаткунандагони он, аз ҷумла донишҷӯён, ҳамсӯҳбат шудем, ки нақли яке аз онҳо хеле шавқангез буд. Номи ӯро, ки зоҳиран, хеле ҳарос дорад ва хоҳиш кард, ҳувияташ фош нагардад, шартан Фарзона мегӯем. Вай 20 сол дорад, сарвазири пешини Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро намешиносад, аммо номи ӯро дар интернет дучор шудааст.

Фарзона мегӯяд, дар донишгоҳ омӯзгоре ӯро ташвиқ кард, ки ба назди сафорати Амрико равад, зеро дар он ҷо мулоқоте бо сафир баргузор мешавад ва донишҷӯёни фаъол ҳатто мумкин аст, барои таҳсил ба Амрико фиристода шаванд. Ӯ ва чанд ҳамдарсашро то ба назди сафорати Иёлоти Муттаҳида як нафари ношиносе роҳбаладӣ кардааст, ки аввал дар даромадгоҳи донишгоҳ пурсидааст: “гуфтагиҳо” шумоед?”

Худи Фарзона ин гуна нақл кард: «Ба мо гуфтанд, ки мулоқоти кормандони сафорат бо донишҷӯён аст ва мо бояд он ҷо равем. Намедонистем, ки дар он ҷо чӣ гап аст, вақте рафтем, дидем, ки тақрибан 15 ҷавон дар даст шиор доранд ва дар шиорҳо номи Абдуллоҷонов навишта шудааст. Мо ҳайрон шудему рафта, дар ҳамон ҷо нигоҳ карда истодем. Аммо баъд аз лаҳзае фикр кардем, беҳтар аст, ин ҷо набошем. Баъзеҳо монданд, мо рафтем.»

Ба эҳтимоли зиёд, бисёре аз ҷавонон, ки дар тазоҳурот ширкат карданд, ба ҳамин шева дар назди сафорат ҷамъ оварда шуданд. Аммо яке аз онҳо, ки худро Комилҷон Қурбонов, донишҷӯи соли якуми бахши сиёсатшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон муаррифӣ намуд, дар ҷараёни тазоҳурот ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ихтиёран ба ин ҷо омадааст: «Мо худамон омадем, аз интернет дар бораи раҳоии Абдуллоҷонов фаҳмидем ва ҳадафи ин митинг он аст, ки Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон бидиҳанд. Украина бурданаш ё куҷое, ки бурдаанд, ба Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон бидиҳандаш.»

Вақте аз ӯ пурсида шуд, ки оё худи вай Абдулмалик Абдуллоҷоновро мешиносад ва чӣ иттилое дар бораи ӯ дорад, чунин ҷавоб дод: «Дар бораи Абдуллоҷонов аз фанни таърих хондем, ки қариб, ки ҷанги Тоҷикистон, ҷанги шаҳрвандиро ҳамин кас кардагӣ аст. Аммо ба чашм вайро надидем, чун он замон набудем, лекин дар таърих ҳаст ва хондаем, ки вай кӣ буд.»

Дар бораи ҳуввияти занони солманд ва миёнасол дар майдони тазоҳурот тахминҳои зиёде дар миён аст. Аммо худи онҳо аз шарҳи он, ки чӣ гуна бо ҷавонон пайваста, ба назди сафорат омадаанд, сарпечӣ карданд. Ба ҳар сурат, ба таври стихиявӣ ҷамъ омадани наздик ба 100 нафар бо шиорҳои аз пеш таҳияшуда бидуни созмондиҳӣ номумкин дониста мешавад.

Бо назардошти он, ки барои раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов асосан Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва сафорати Амрико дар Украина кӯшиш ба харҷ доданд, як манбаи наздик ба ҳукумат мегӯяд, мақомоти Тоҷикистонро он чӣ ба хашм овардааст, бо иттифоқи сафири Амрико дар Украина ва аввал ба ин сафорат рафтани собиқ сарвазири Тоҷикистон аст. Вай афзуд, гирдиҳамоиҳои 5-уми апрел хеле фаврӣ тарҳрезӣ шудаанд.

Мақомотии давлатии Тоҷикистон митингҳои назди сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милалро қонунвайронкунии маъмурӣ номиданд ва Вазорати корҳои дохилӣ чанд фаъол аз ҷумлаи ҷавонон ва занонро ҳам ба ҷавобгарӣ кашидааст, аммо ҳеҷ яке аз онҳо ба ҳабс гирифта нашудааст.

СММ ба ин воқеаҳо дарҳол вокуниш кард ва аз кормандонаш хост, ба коргоҳ наоянд. Аммо сафорати Амрико вокунише нишон надод. Азбаски ин гирдиҳамоӣ қабл аз сафари Майк Ҳаммер, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико ба Тоҷикистон иттифоқ афтод, яке аз суолҳои аслие, ки аз ӯ пурсида шуд, маҳз назари ӯ ба ин ҳаводис буд. Ҳаммер дар як нишасти вижа ба хабарнигорон гуфт, барои кишвараш амнияти дипломатҳо ва кормандони сафоратҳояш хеле муҳим аст, зеро дар Бенғозии Либиё, Туркия ва ба қарибӣ дар Афғонистон сафиру дипломатҳояшро аз даст додааст. Сюзан Эллиот, сафири ИМА дар Тоҷикистон бар ин гуфтаҳо афзуд, ки вокуниши сафорат аз вокуниши СММ фарқ хоҳад кард.

Бо ин вуҷуд, вокунишҳои расмӣ агарчи то ҷое мавқеи муҳофизатии Тоҷикистон ва озурдагии онро аз Амрикову СММ ғайримустақим бозгӯӣ мекунанд, дар умум парда аз рӯи асрори гирдиҳамоиҳои рӯзи 5 апрел намебардоранд. Қабл аз ҳама баргузории ҳамчунин тазоҳурот дар андешаҳои мардум намегунҷанд, зеро ин қабил эътирозҳо дар кишвар ба ҳадди сифр поён омада, чанд соли ахир гирдиҳамоиҳо аслан ҷанбаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доштанд. Агар дар бозорҳои Восеву Чкаловск соҳибкорон барои боло рафтани андоз бо нишони эътироз таҷаммӯъ карданд, моҳи сентябри соли гузашта сӯхтори бозори «Корвон» боз ҳам соҳибмулкони ҷабрдидаро ба кӯчаҳои Душанбе кашид.

Аммо 5 апрел эътирози гурӯҳи 100 – нафараи мардум дар назди биноҳои Барномаи рушди СММ ва сафорати ИМА сирф ҷанбаи сиёсӣ дошт ва эътироз ҳам аз сӯи онҳое сурат мегирифт, ки шиорҳои хеле хашини доштанд.

Амруллоҳи Низом, яке аз рӯзноманигороне, ки ин ҳодисаҳоро пӯшиш медод, мегӯяд: «Шиорҳое, ки навишта шуда буданд, хеле босаводона буданд. Аммо шиорпартоиҳое, ки дар миёни мардум мешуд, аз қабили «дод занед!», бигӯен, ки ягон кас броя!» ва андешаҳои бебандуборе ҳам садо медоданд, аз қабили «чаро Абдуллоҷоновро Тоҷикистон соҳибӣ накард, Америка ҳамиқа зӯр будай, ки» ва ғайраву ҳоказо, хеле номураттаб садо медоданд. Чунин хулоса кардам, ки чизе ин ҷо асл нест, ҳама ҷаъл аст.»

Аксарияти ҷавононе, ки дар гирдиҳамоии рӯзи 5 апрел ширкат доштанд, асосан бо заноне ҳамовозӣ мекарданд, ки ба навҳае гардонандаи ин маҷлис буданд. Чанд тани онҳо дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфтанд, ки бо хоҳиши худ омадаанд ва мехоҳанд аз пуштибонии Амрико аз Абдумалик Абдуллоҷонов эътироз кунанд.

Зимнан, хабари озодии Абдуллоҷонов бегоҳи рӯзи 4 апрел расонаӣ шуд. Аммо то баъди зуҳри 5 апрел шиорҳои пурдабдаба омода буданд ва ҳам занону ҷавононе, ки дар назди бинои СММ ва сафорати Амрико ҷамъ омаданд. Касе намедонад, ки онҳо кистанду аз куҷо омадаанд. Гӯё аз ғайб омада, ҳамин тавр, ғайб заданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам исми онҳоеро, ки ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ошкор намекунад. Ба қавли шоҳидон, тамоми гирдиҳамоӣ аз сӯи як гурӯҳи номаълум сабт шуд, аммо маълум нест, ки онҳо аз афроди сафорат буданд, ё ҳукумати Тоҷикистон ва ё наворбардорони ҳаваскор.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тазоҳурот дар назди сафорати Амрико дар Душанбе