Дар сояи Каримов. Назаре ба Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон.

Дар Узбакистон, ки ҳукуматаш чаҳор рӯзи пурра дар бораи вазъи саломатии ягона раҳбари кишвар аз замони Шӯравӣ ва бемории ӯ хомӯширо томро ихтиёр кард, ин пешгӯӣ, ки раҳбари ояндааш кӣ хоҳад буд, корест мушкил. Аммо аломатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистонро ҳамчун номзади эҳтимолӣ ба курсии раҳбарӣ дар ин кишвар ҷилва медиҳанд.

Коршиносони берун аз Узбакистон аз рӯзи эълони сактаи мағзии Ислом Каримов, дар таърихи 28-уми август, Мирзиёевро ҳамчун довталаби аслии курсии раҳбарӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доданд. Аломате, ки ин пешгӯиро тақвият медиҳад, рӯзи 31-уми август, дар остонаи солгарди истиқлолияти Узбакистон рӯшан шуд.

Ҳамааш аз гулгузорӣ оғоз ёфт

Мирзиёев бар пояи муҷассами истиқлолият гул гузошт ва кореро иҷро кард, ки онро ҳар сол Каримов анҷом медод. Рӯзи 1-уми сентябр, як рӯз пеш аз эълони расмии бад шудани вазъи Каримов, Шавкат Мирзиёев оҷилан ба Самарқанд, зодгоҳи Каримов сафар кард.

Дар аксҳое, ки Радиои Озодӣ баъди сафари Мирзиёев ба Самарқанд дастрас кард, омодагӣ ба як маъракаи густарда ба назар мерасид. Қабристоне, ки модар ва бародари Ислом Каримов дар он хуфтаанд, поккорӣ ва майдони Регистон шуставу рӯфта шуд.

Мирзиёеви 58-сола бо доштани курсии раҳбарӣ аз соли 2003, дар таърихи 25 соли истиқлолият дарозумртарин нахуствазири Узбакистон унвон мешавад. Ӯ аз соли 2001-2003 ҳокими вилояти Самрақанд ва солҳои 1996-2001 ҳокими Ҷиззах буд. Гуфта мешавад, ки Шавкат Мирзиёев дар минтақаи Ҷиззах дар оилаи кормандони соҳаи тиб таваллуд шудааст. Кор дар Комсомоли замони Шӯравӣ роҳро барои боло рафтани Мирзиёев ба зинаҳои болотар боз кард.

Якраву эҳсосотӣ

Солҳои фаъолияташ дар симмати нахуствазир Мирзиёев ҳамеша дар сояи Каримов нонамоён буд. Аммо ҳамкорони собиқаш ӯро ҳамчун шахси якрав ва эҳсосотӣ тасвир мекунанд.

Шараф Убайдуллоев, сухангӯи Ислом Каримов дар солҳои 90-ум, ки дигар дар Узбакистон зиндагӣ намекунад, Шавкат Мирзиёевро "ғайри қобили пешгӯӣ" ва шахсе медонад, ки "фикр мекунад, танҳо худаш ҳақ аст". Убайдуллоев мегӯяд, дар тӯли раҳбариаш дар вилояти Ҷиззах кишоварзонеро, ки аз камбудҳо шикоят доштанд, гӯё худаш муҷозот мекард.

Вақте аз Шараф Убайдуллоев пурсидем, ки агар Мирзиёев ба қудрати болотар бирасад, беҳтар аз Каримов хоҳад буд? "Бадтар хоҳад буд," - зуд посух дод ӯ. Сухангӯи собиқи президенти аввалини Узбакистон гуфт, Каримов сиёсатмадори мустақил буд, сифате ки Мирзиёев надорад. Ба гуфтаи Шараф Убайдуллоев, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки Мирзиёев "олигархия"-ро ба вуҷуд биёрад ва қудрати ғайрирасмиро ба "султонҳои сарват" кафолат диҳад, ки ин барои Узбакистон бадтарин сенария хоҳад буд.

Раҳбари кунунии палатаи болоии порлумони Узбакистон Неъматулло Юлдошев довталаби ҷиддии курсии президентй арзёбӣ намешавад.

Бар иловаи Мирзиёев, вазири молия Рустам Азимови 56-сола ва раиси Хадамоти амнияти миллӣ Рустам Иноятови 72-сола аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Ислом Каримов арзёбӣ мешаванд.