Тоҷик дар зиндони "Матросская тишина". Гирдиҳамоӣ не, хоҳарбинӣ мерафтам

Самариддин Раҷабов

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 14-уми август ҳукми дар боздошт мондани Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистонро дуруст хонд ва ҳукми зинаи поёниро бетағйир гузошт. Раҷабов барои иштирок дар гирдиҳамоии бидуни иҷоза дар пойтахти Русия муттаҳам аст. Худи Раҷабов чунин иттиҳомро рад мекунад.

Самариддин Раҷабови 21-сола рӯзи 2-юми августи имсол бо ҳукми додгоҳ то 27-уми сентябр ба ҳабс гирифта шуд ва дар зиндони "Матросская тишина"-и Маскав нигоҳ дошта мешавад.

Айни замон аз ҳуқуқи ӯ вакили маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон "Правозащита Открытки" ҳимоят мекунад. Валентина Дехтяренко ҳамоҳангсози ин созмон рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Самариддин Раҷабов зодаи Тоҷикистон аст, вале дар Русия мактабро хатм карда, ба воя расидааст ва айни замон шаҳрвандии ин кишварро дорад.

Дехтяренко гуфт, Самариддин рӯзи гирдиҳамоии 27-уми июл барои мулоқот бо хоҳараш мерафт ва дар роҳ ба тазоҳурот дучор омад.

"Рӯзи муҳокима Самариддин бо истифода аз моддаи 51-уми Конститутсияи Русия аз шаҳодат додан алайҳи хеш худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ҳадафи ширкат дар гирдиҳамоиро надошт ва ба вохӯрии хоҳарбузургаш мерафт. Мақомот ӯро айни замон ба ду моддаи Кодекси ҷиноӣ -- "бетартибиҳои оммавӣ" ва "истифода аз зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" айбдор мекунанд. Бо ин ду моддаи Кодекси ҷиноӣ ба ӯ ҳадди аксар 11,5 соли зиндон таҳдид мекунад", -- шарҳ дод Валентина Дехтяренко.

Пулисро бо зарфи пластикӣ кӣ зад?

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, иттиҳоми "истифода аз зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" бар пояи шикояти Линник - як корманди пулис, ки ба пароканда кардани тазоҳургарон машғул буд, эълон шудааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, Самариддин Раҷабов ба сари Линник як зарфи пластикии обро ҳафо додааст. Линник дар баёноташ гуфтааст, "ман дар пушти гарданам зарбаеро эҳсос кардам, ки дарднок буд". Аммо Линник гуфтааст, дақиқ намедонад, кӣ ба сӯи ӯ зарфи пластикиро ҳаво додааст.

Ба қавли Дехтяренко, Самариддини 21-сола ҷавони аз нигоҳи сиёсӣ хеле фаъол буда, қаблан дар яке аз гирдиҳамоиҳои мухолифон ширкат варзида ва ҷарима шудааст. Аммо Раҷабов расман аъзои ҳеҷ кадом аз ҳизбу ҳаракат набудааст ва танҳо узви ҳаракати ихтиёриёни донор буда, хун месупурдааст.

Ба нақли Дехтяренко, Самариддин Раҷабов пас аз хатми мактаб ба факултаи ҳуқуқ дохил мешавад, аммо пас аз як соли таҳсил ин пеша ба ӯ писанд намеояд ва тарки донишгоҳ мекунад. Нияти ҳунарманд шуданро доштааст ва дар вақтҳои холӣ ба таронасароӣ, аз ҷумла сабти сурудҳои РЭП машғул будааст. Дар саҳифаи ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Вконтакте" чанде аз таронаҳои сароидаи Раҷабовро шунидан мумкин аст.

Расонаҳои Русия аз қавли додраси додгоҳи Маскав навиштанд, ки Раҷабов ҳоло як шахси бекор аст, аммо Дехтяренко мегӯяд, ӯ вақтҳои охир ба ҳайси саркори сохтмон фаъолият дошт ва кори гурӯҳе аз устоҳои таъмири хонаро ҳамоҳанг мекард.

Нақли падар дар бораи писар

Садриддин Раҷабов, падари Самариддин, рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2005 дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва ронандаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Маскав аст. Вай гуфт, аз хурдӣ Самариддинро дар руҳияи озодандешӣ бузург кардааст. “Ҳар гоҳе ки чизе ё машварати ман ба Самариддин писанд намеомад, мегуфт, падар фикри Шуморо эҳтиром мекунам, аммо дуруст намешуморам”, -- нақл кард ӯ.

Раҷабов афзуд, “ду-се дафъа ба ӯ гуфта будам, ки эҳтиёт шав, мо зодаи Русия нестем. Таъкид мекардам, ки эҳтиёт кун, калаатро кор фармо, дониш омӯз, бубин дар хориҷа кадом касбҳо талабгори зиёд дорад онро ёд гир”.

Ин зодаи Тоҷикистон гуфт, писараш аз гиру дору сиёсӣ огоҳии зиёд надорад ва ҳоло бо кумаки вакилони мудофеъ талош доранд бегуноҳ будани ӯро дар додгоҳ исбот кунанд. “Аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил буд, кор мекард ва дастнигари кумаки молиявии ман набуд”, -- хулоса кард падар. Айни замон 300 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро пазируфта, дар он кишвар зиндагӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ, зодагони Тоҷикистон аз сиёсат худро канор мегиранд.

Тазоҳурот бо нишони эътироз зидди мақомоти Комиссияи марказии интихобот рӯзи 27-уми июл баргузор шуда буд, ки номзадҳои мустақил ва мухолифро ба интихоботи маҷлиси пойтахти Русия роҳ надод. Интихоботи Мосгордума ё маҷлиси шаҳри Маскав моҳи сентябри имсол баргузор мешавад ва ҳоло маъракаи пешбарии номзадҳо идома дорад.

Эътирозҳои Маскав

Рӯзи 2-юми август додгоҳ дар Маскав дар баробари Раҷабов, Алексей Миняйло, Кирилл Жуков ва Иван Покопаевро низ барои иштирок дар тазоҳуроти бидуни иҷоза дар Маскав то 27-уми сентябр ба ҳабс гирифт.

Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки номзадҳои мухолифин барои сабтином дар интихобот ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оварда натавонистаанд. Ба гуфтаи мухолифон, ин як баҳонае барои роҳ надодани номзадҳои онҳо ба маҷлиси шаҳрӣ аст. Пеш аз оғози раҳпаймоӣ мақомоти пулиси Маскав 10 нафар, аз ҷумла номзадҳо ба вакилӣ Иван Жданов, Иля Яшин ва Дмитрий Гудковро дастгир карда буданд.

Созмони мустақили "ОВД-инфо" мегӯяд, мақомоти амниятии Русия 1373 нафарро бо гумони иштирок дар эътирозҳо боздошт кардаанд. Парвандаи онҳо бар асоси моддаи "бетартибӣ" ва "бетартибии оммавӣ"-и Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ мешавад.

Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқ истифодаи нерӯ ба зидди тазоҳургаронро "яксара" ва "беш аз ҳад" номида, танқид карданд.