Парвина Саидоваи 26-сола, модари серфарзанд, бо либосҳои миллии тарроҳи шинохта Хуршед Сатторов ягона модел аз Осиёи Марказист, ки рӯи саҳнаи мӯди баланд дар Украина қадам хоҳад зад. Ин озмун аз 13 октябр шурӯъ шуда, то як ҳафтаи дигар идома мекунад.
Парвина аз ҷаҳони мӯд дур аст ва тасодуфан дар мадди назари Хуршед Сатторов, тарроҳи тоҷик афтодааст. Сатторов мегӯяд, ӯ акси Парвинаро аз шабакаи Фейсбук пайдо карда ва дар қатори 9 модели касбӣ ба доварони озмун пешниҳод кардааст. “Чун аксари либосҳои ман миллӣ ҳастанд, аз ин хотир доварони озмун аксҳои Парвинаро интихоб карданд,” -- афзуд ӯ.
Парвина, ки бори аввал дар клипи нави Ҷӯрабеку Ҷонибек Муродовҳо ва Садриддини Наҷмиддин зоҳир шуда буд, то нашри чанд аксаш дар Фейсбук як зани хонанишин буд ва рӯзаш бо тарбияи фарзандон сипарӣ мешуд. Ҳарчанд маълумоти олии ҳуқуқшиносиро дошт. Аммо марги шавҳар дар як соли пеш зиндагии ин зани ҷавонро комилан тағйир дод ва наздикон ба Парвина барои раҳо шудан аз андӯҳ ва зиндагии хубу осуда тавсия доданд, то аз симои зебо ва истеъдодаш кор бигирад.
Ҳамин тариқ, ӯ барои муваффақ шудан дар ин роҳ талоши зиёд накард ва танҳо нашри чанд аксаш дар шабакаи Фейсбук ӯро дар бозори реклама ва филмсозӣ “серхаридор” кард. Ин модари ҷавон мегӯяд, ҳафт моҳи пеш “Тоҷиккино” барои сабти филм ва иҷрои нақши асосӣ
кастинг эълон кард ва ӯ тасмим гирифт дар он иштирок кунад. Ҳамин тавр, аз миёни даҳҳо ҳунарпешаи касбӣ чашми коргардон ба ӯ афтод ва ин буд, ки дари филму клипсозӣ барояш боз шуд. Филми нави коргардон Носир Саидов бо исми шартии "Садбарг", ки дар он Парвина дар нақши асосиро бозидааст, қарор аст бори аввал 20 октябр дар “Кохи Ҷомӣ” намоиш дода шавад.
Дар баробари ин Парвина, дар чанд клип ва видеороликҳо наворбардорӣ шуд. Аксҳояш низ аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар фурсати кӯтоҳтарин писанди ҳазорон нафар гардид. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд аз иштирок дар клип ва видеороликҳо пули зиёд ба даст намеорад ва ҳадафаш танҳо сохтани карйера аст, аммо умед дорад, ин касб метавонад дар оянда манбаи даромад дар зиндагияш бошад.
Парвина мегӯяд, сирри муваффақияташ дар бозори клипсозӣ ва нақшофарӣ маҳз чеҳраи зебо ва қаду қомати расояш аст, ки баъд аз таваллуди панҷ фарзанд ҳам зиёд тағйир накардааст. Зеро ба нақли Парвина ҳолатҳое шудааст, ки ӯро ба ҳайси модар барои ширкат дар маҷлиси волидон роҳ надоданд, ҳарчанд ӯ барои иштирок дар ҷамъомади падару модарон барои духтараш рафта буд.
Замоне ки бо Парвина мулоқот доштем, ӯ машғули нақшофарӣ барои як ролики таблиғотӣ буд. Ӯ дар ин навор бо духтари хурдияш Марям нақши як зани нобиноро меофарид ва гуфт, бо таҳияи чунин роликҳо роҳи худро дар нақшофарӣ ҳамвор мекунад.
Собир Собиров коргардони ин ролики таблиғотӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Парвинаро ба хотири чеҳраи зебову тоҷикона доштанаш интихоб кардаанд.“Худатон мебинед, ки воқеан интихоби мо иштибоҳ набуд. Мисли Парвина дар Тоҷикистон занҳои зебо кам нестанд ва мардони тоҷик хушбахтанд, чунки метавонанд бо як нигоҳ ба атроф чунин чеҳраҳоро бубинанд”, – гуфт ӯ. Собир Собиров мегӯяд, Парвина ҳоло симои худододи хеле зебо дорад ва аз ӯ танҳо часпу талош лозим аст, ки дар замири худ ҳунари нақшофариро бедор кунад ва дар оянда тавонад аз худ ҳамчун як актрисаи боистеъдод дарак диҳад.
Парвина, ҳамон тавре ки дар клип ва видеороликҳо намудор шудааст, зиёд аз маводи ороишӣ истифода намекунад ва ё барои нигоҳ доштани андоми худ ҳатто ба машқи бадан машғул нест. Ин модари серфарзанд, ки то ҳафт моҳи пеш дар гӯшае аз хаёлаш орзуи ҳунарманд буданро надошт, акнун тасмим гирифт касби ҳуқуқшиносиро бо ҳунарпешагӣ иваз кунад.
Ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо зани тоҷик симои зебову истеъдоди нақшофарӣ доранд, аммо ба хотири нигоҳ доштани оилаи суннатии хеш аз сохтани карйера даст мекашанд ва симои зебои худро бар ивази хизмат ба шавҳар ва тарбияи фарзанд қурбонӣ мекунанд. Парвина Саидова ҳам, ки дар 18-солагӣ арӯсӣ кард, ҳамон сол аввалин фарзандашро ба дунё овардааст, ҳоло мегӯяд, зиндагиаш комилан ранги дигар гирифт ва ӯ умедвор аст, ки муваффақ хоҳад шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад