Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири эҳтимолии ояндаи Ироқ кист? ВИДЕО

Ҳайдар Ибодӣ

Ҳайдар Ибодӣ метавонад нахуствазири нави Ироқ шавад. Баъди пешниҳоди номзадии ӯ ба ин мақом, ҷомеаи ҷаҳонӣ – ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Эрон ва дигар давлатҳо аз Ибодӣ пуштибонӣ карданд.

Ҳайдар Ибодӣ метавонад нахуствазири нави Ироқ шавад. Баъди пешниҳоди номзадии ӯ ба ин мақом, ҷомеаи ҷаҳонӣ – ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Эрон ва дигар давлатҳо аз Ибодӣ пуштибонӣ карданд. Вале Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири амалкунанда, ки баъди 8 соли раҳбарӣ дар нокомии сиёсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни намояндаҳои гурӯҳҳои милливу мазҳабии дигари ширкатдори ҳаёти сиёсии Ироқ айбдор мешавад, намехоҳад тарки вазифа кунад.

Дар сурати раҳбари кабинаи вазирон таъин шудани Ҳайдар Ибодӣ, то куҷо ӯ хоҳад тавонист мардуми парокандаву сардаргуми Ироқро ба ҳам оварад?

Дар ин бора раҳбари бахши ироқии радиои Озодӣ Сергей Данилочкин изҳори назар мекунад

Озодӣ: Ҳайдар Ибодӣ дар миёни сиёсатмадорони Ироқ як чеҳраи камошност. Ӯ чӣ шахсиятест ва манфиатҳои кадом гурӯҳҳоро намояндагӣ мекунад?

Данилочкин: Ман розӣ нестам, ки Ҳайдар Ибодӣ як сиёсатмадори комилан ношинохта мебошад. Ӯ яке аз сухангӯёни эътилофи зери назари Нурӣ Ал-Моликӣ буд. Вале дуруст аст, ки ӯ аз шахсиятҳои тасмимгирандаи сиёсӣ набуд. Ӯ фаъолияти сиёсии худро аллакай дар шароити Ироқи озодшуда 1 сентябри соли 2003 шурӯъ кард. Солиёни дароз вазири нақлиёт буд, чунки дар гузашта бештари кораш бо соҳаи нақлиёт вобаста будааст. Баъди 10 моҳи кор дар ин мақом ӯ раҳбарии ҳизби “Даъват”-ро ба ӯҳда гирифт. Ин ҳизб аз муттафиқони Моликӣ буд, вале на дар ҳама масоил. Яъне ӯ намояндаи элитаи сиёсии шиаён ба ҳисоб меравад.

Озодӣ: Сергей, мо дар бораи вокуниши бисёр мусбати ҷомеаи ҷаҳонӣ хабар дорем. Вале дар дохили ин кишвар, бахусус дар миёни сунниҳову масеҳиҳо ва курдҳо оё номзадии ӯ чӣ гуна қабул шуд?

Данилочкин: Ва ҳатто назари бахше аз шиаёнро ҳам бояд ба эътибор гирем. Чунки ҳама дар вақтҳои охир таъкид мекарданд, ки Нурӣ Ал-Моликӣ воқеан ҳам бояд биравад. Масъала дар он буд, ки дигар касе намехост аз рӯи хати кашидаи Ал-Моликӣ, ки солҳои охир пеш мебурд, ҳаракат кунанд. Шароите ба вуҷуд омад, ки сунниҳо дар инзиво монданд. Эҳсоси онҳо ин буд, ки бо вуҷуди дар ҳукумат ҳузур доштани онҳо, нақши онҳо ба эътибор гирифта мешавад. Ва яке аз талаботи муҳими сунниҳо ҳам ҳамин аст, ки шиаҳо бо онҳо ҳукуматро тақсим кунанд. Ин он масъалаест, ки дар баробари нахуствазири оянда ҳам қарор хоҳад гирифт. Дигар гурӯҳҳо ҳам манфиату талаботи худро доранд. Эҳтимолан шеваи кори ӯ нармтар хоҳад шуд, чунки дар пеши ӯ вазифаи ташкили ҳукумати эътимоди миллӣ гузошта мешавад.

Озодӣ: Ва саволи охирини мо ҳам ҳамин аст, ки то куҷо ин шахс метавонад аъзои парокандаи ҷомеаро ба ҳам орад ва ниҳоят ҷомеаи Ироқро ором кунад? Мо медонем, ки аллакай Моликӣ мухолифаташро ба ин пешниҳод баён кардааст.

Данилочкин: Ҳанӯз чанд ҳафта пеш мо исми ҳеҷ номзади дигареро ба вазифаи нахуствазирӣ нашунида будем, чунки то имрӯз ҳам як сиёсатмадори соҳибном дар Ироқ ҳамин Нурӣ Ал-Моликӣ мемонад. Вале ҳоло вазъият ингуна аст, ки баъди ин қадар сол, Моликиро маҷбур мекунанд курсиро тарк кунад. Бартарии Ибодӣ дар марҳилаи ҳозира ин аст, ки бисёр нафарон боэҳтиёт, вале омодаанд аз пушти ӯ бираванд. Чунки бисёриҳо мехоҳанд, ки ҳукумате сари кор ояд, ки аз ҳама қишрҳо намояндагӣ мекунад. Масъалаи дигари муҳим ин аст, ки то ҳол буҷаи давлат, ки мебоист то 1 январи имсол қабул мешуд, то ҳанӯз қабул нашудааст. Ва ин ба он маъност, ки коргарони зиёди сохторҳои иҷтимоӣ маошҳои чандинмоҳаи худро нагирифтаанд. Яъне вазъияти сиёсӣ ҳоло чунин аст, ки ҳоло бояд ҳама гурӯҳҳои ҳар чи наздиктар ҳамкорӣ кунанд.