Кӣ сари нигериягиҳо "кулоҳ гузошт"?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди Афғонистонро, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва шикояти шаҳрвандони Нигерия боздошт шуда буд, раҳо кард.
Аммо як манбаъ дар ин ниҳод бидуни овардани номаш гуфт, тафтиши ин қазия идома хоҳад ёфт ва раҳоии Ҳамидуллоҳ Абдуманнон бо ваъдаи тарки Тоҷикистон накардани ӯ аз сӯи сафорати Афғонистон дар Душанбе, иттифоқ афтодааст.

Боздошти шаҳрванди Афғонистон дар пайи шикояти 7 табааи Нигерия, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, амалӣ шуд. Нигериягиҳо мегӯянд, Ҳамидуллоҳ Абдуманнон тариқи Интернет бо ширкатҳои сайёҳӣ ва тимҳои футболи Нигерия дар тамос шуда, бо ваъдаи таҳсил ва бозӣ дар ҳайати дастаҳои футболи Тоҷикистон тақрибан 30 нафарро ба Душанбе оварда, аммо пас аз ситонидани маблағ ба ваъдаи худ вафо накардааст. Ҳамаи онҳо аз 21 то 25-сола буда, дар фосилаи байни солҳои 2011-2012 вориди Тоҷикистон шудаанд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Кӯлоҳгузорӣ" ба сари шаҳрвандони африқоӣ



Девид Эммануэл, яке аз онҳо, ки дар Лагоси Нигерия зиндагӣ мекунад, ба Радиои «Озодӣ» гуфт, даъватномаи таҳсил дар Тоҷикистонро аз як ширкати сайёфии маҳаллӣ ба даст овардааст: «Аввал, даъватномаеро аз Донишгоҳи тиббӣ ба дасти ман доданд, ки ба забони инглисӣ буд. Он ҷо гуфта мешуд, ки шуморо барои таҳсил даъват

Ҳамидуллоҳ Абдуманнон, шаҳрванди Афғонистон.

мекунем ва дар Душанбе шуморо декани факултаи донишгоҳ ҷаноби Ҳамидуллоҳ Абдуманнон пешвоз мегирад. Ман се шабонарӯз дар фурудгоҳи Душанбе хоб кардам. Рӯзи чорум ӯ пайдо шуду аз ман барои таҳсил 1500 доллар пурсид.

Гуфтам, ки ман пули таҳсилро 2500 доллар дар Нигерия пардохт кардаам. Ӯ таҳдид кард, ки агар ин пулро надиҳам, ихроҷ хоҳам шуд. Ин ҷо фаҳмидам, ки даъватномаи ман даъватномаи қалбакӣ будааст.»

Ба гуфтаи Девид, Ҳамидуллоҳ Абдуманнон ӯро ба на ба Донишгоҳи тиббӣ, балки ба Донишгоҳи омӯзгорӣ ва барои омӯхтани забони русӣ бурд ва худ бедарак шуд.

Ҳамсуҳбатони дигари мо низ аз Нигерия, ки бо роҳҳои гуногун вориди Тоҷикистон шудаанд ва худро қурбонии қаллобии Ҳамидуллоҳи Абдуманнон меҳисобанд, тақрибан сарнавишти ҳамсон бо Девид доранд. Онҳо мегӯянд, мавсуф аз онҳо низ ба маблағи 1500 доллар ситонида, ба тақдир ҳавола кардааст ва онҳо гоҳҳо дар кӯчаву боғҳои шаҳр ва ҳатто таваллудхона шабро рӯз кардаанд.

Рустам Бегалиев, раҳбари калисои протестантӣ дар Душанбе мегӯяд, ду нафари онҳоро дар кӯча вохӯрда, сипас ба калисо бурдааст: «Инҳо дар кӯча зиндагӣ мекарданд. Ман гуфтам, агар масеҳӣ бошед, биёед ба калисои ман. Баъзе шабҳо дар хонаи ман, баъзан дар кӯчаҳо хоб карда, рӯз мегузаронданд. Гуфтам, ки рафтем барои таҳсилатон кӯмак кунам. Рафтем ба донишгоҳи тиббӣ, политехникӣ. Аммо дар шӯъбаи равобити байнулмилалӣ мегуфтанд, ки мо шуморо даъват накардаем ва қабул ҳам намекунем.»

Аз муҳтавои ду даъватномае, ки дар ихтиёри Радио Озодӣ қарор дорад, маълум мешавад, ки даъвати шаҳрвандони Нигерия гурӯҳ-гурӯҳ сурат гирифтааст ва ба қавли ҳамсуҳбатони мо, ҳудуди 30 номро дарбар мегирад. Аммо аксари онҳо ба истиснои 7 нафар, Тоҷикистонро ба қасди зодгоҳ ва кишварҳои ИДМ тарк кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кӣ ҳақ аст: нигериягиҳо ё Ҳамидуллоҳи афғон?


Денис Тагҳок, ки мегӯяд, сокини шаҳри Абуҷа - пойтахти Нигерия аст, аз гурӯҳи 7-нафараест, ки бо даъватномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон барои таҳсил ба Донишгоҳи омӯзгорӣ омадааст. Аммо вай мегӯяд, Ҳамидуллоҳи Абдуманнон ба ӯ ваъда дода буд, ки барои бозиашон дар тимҳои Тоҷикистон шароит фароҳам меорад. Вай меафзояд, ӯ ва се рафиқашро Ҳамидуллоҳ ба тими «Ҳосилот»-и Фархор бурда, созишнома баст ва худ рафт. Денис меафзояд, пас аз 6 моҳи бозӣ аз раҳбарияти тим ҳаққи заҳмат талаб карданд, аммо натавонистанд маблағи худро дарёфт кунанд:

«Мо ба Федератсияи футболи Тоҷикистон омадем ва шикоят кардем. Он ҷо бо тими «Ҳосилот» тамос гирифта, пурсиданд, ки чаро ҳаққи заҳмати ин мардумро надодед. Онҳо созишномаи моро оварданд, ки бо Ҳамидуллоҳ баста шуда буд. Он ҷо навишта шудааст, ки инҳо бозӣ мекунанд, аммо маош намегиранд, танҳо хӯрокашонро диҳед халос»

Дар суҳбат бо мо як хонуми нигериягӣ, ки худро сокини 25-солаи шаҳри Абуҷа - Ифома Фейвор Симон муаррифӣ кард ва низ бо ваъдаи таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ соли 2011 ба Душанбе омада буд, гуфт, ки аз ӯ ҳатто хадамоти ҳамхобагӣ низ тақозо шудааст.

Ба суроғи Ҳамидуллоҳи Абдуманнон мо ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон рафтем, ки ӯ соли панҷуми таҳсилаш дар факултаи муолиҷаро идома медиҳад.

Шодмон Аҳмадов

Шодмон Аҳмадов, сарвари Шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ гуфт, аз ин қазия маъмурият хабар дорад, ҳамчунин тибқи дархост ба Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи шахсияти Ҳамидуллоҳи Абдуманнон маълумот низ ироа шудааст: «Дар муддати панҷ соле, ки таҳсил кардааст, ягон қонунвайронкунӣ аз ҷониби ин одам дар парвандаи шахсиаш ё ин ки дар ҳуҷҷатҳои расмии ин кас ба қайд гирифта нашудааст. Давомоти хонданаш ҳам ба таври хубу миёна таҳсил мекунад. Ягон эроди ҷиддӣ дар бораи таҳсил ва зиндагии ин донишҷӯ мо надорем»

Дар ҳамин ҳол, худи Ҳамидуллоҳи Абдулманнон ҳама иттиҳомоти нигериягиҳоро рад карда, мегӯяд, бо касе дар Нигерия дар тамос нашудаву ба касе даъватнома равон накардааст. Вай афзуд, нигериягиҳо алайҳи ӯ тавтеаеро андешидаанд:

«Инҳо барои чӣ маро мешиносанд? Як нафаре буд ба номи Кализ аз Нигерия, ки ман дар назди ӯ дарси инглисӣ мехондам. Инҳоро ман бо ӯ дида будам ва шинос шуда будем. Аммо ҳадафи инҳо чӣ аст? Инҳо ҳама аз як давлат ҳастанд. Ман аз дигар давлат. Раводидашон хатм шудааст. Мефаҳманд, ки агар ҳама айбро ба гардани ман бор кунанд, давлат инҳоро мебахшад ва барояшон виза медиҳад. Зеро Кализ нест».

Ба ҳамин минвол, қазияи нигериягиҳои саргардон дар Тоҷикистон суолҳои зиёдеро ба ҷой мегузорад, ки ба қавли мақомот, посухашро тафтиши қазия хоҳад дод. Ва ҳамчунин маълум хоҳад шуд, ки сарнавишти нигериягиҳо ба куҷо хоҳад расид. Онҳо мегӯянд, мехоҳанд дар Тоҷикистон таҳсилашонро оғоз кунанд ва ҳам софу содда дар тимҳои футболи он бозӣ кунанд, чун намехоҳанд ба назди волидайн бо дасти холӣ баргарданд.