Академияи улуми Тоҷикистон феҳристи нави биноҳои таърихиву меъмориро ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Зарурати дубора тартиб додани ин феҳрист чанд моҳи пеш замоне ба вуҷуд омад, ки баҳсҳо дар атрофи тасмими аз байн бурдани чанд бинои таърихӣ, мисли Чойхонаи Роҳат ва Театри ба номи Лоҳутӣ доғ шуданд.
Ҳатто гурӯҳе аз сокинон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли номае ба раисиҷумҳур, хоста буданд, то аз тахриби биноҳои таърихӣ дар маркази Душанбе ҷилавгирӣ шавад. Масъулони Академияи улуми Тоҷикистон мегӯянд, феҳристи нав биноҳои таърихиеро дар бар мегирад, ки солҳои тӯлонӣ ҳамчун рамзи Душанбе шинохта шудаанд.
Рустам Муқимов, доктори илмҳои меъморӣ мегӯяд, ки "дар ин рӯйхат биноҳое оварда шудаанд, ки асосан дар кӯчаи Рӯдакӣ бунёд ёфтанд, чун ин кӯчаи асосӣ буд. Ин биноҳо арзиши таърихӣ доранд. Бояд ҳоло ин биноҳо тармим ва ҳифз карда шаванд. Мардум бояд бинад ва донад, дар ин ҷо кӣ солҳои 20-ум ва 30-ум ҳукмронӣ кардаву ин биноҳо ба чӣ хотир пайдо шудаанд,."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Феҳристе, ки Академияи улуми Тоҷикистон тартиб додааст, 26 номгӯи сохтмонро дар бар мегирад. Бинои чойхонаи “Роҳат”, театрҳои Лоҳутӣ, театри Маяковский, Вазорати фарҳангу адлия, Қасри президент аз ҷумлаи биноҳои таърихӣ дар пойтахти Тоҷикистон унвон шудаанд ва кӯчонидан ё тахриби онҳоро олимони академия тавсия намедиҳанд.
Рустам Муқимов мегӯяд, “ҳоло ҳамагӣ дар реестр 8 ёдгории таърихии шаҳри Душанбе вуҷуд доранд, ки хеле кам аст. Аз ин ёдгориҳо 4-тоаш археологӣ мебошанд.”
Сабаби то имрӯз ҳамчун биноҳои таърихи эътироф нашудани Чойхонаи Роҳат, Театри Лоҳутӣ ва боз чандин иншооти дигарро Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар истифодаа феҳристе медонад, ки дар замони Шӯравӣ таҳия шудааст.
Нуралӣ Саидзода, муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд, бар пояи қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравӣ-Сотсиалистии Тоҷикистон аз 31 декабри 1971 таҳти рақами 408, ҳамагӣ чор бино дар Душанбе ба рӯйхати ёдгориҳои меъморӣ ворид шудаанд. Инҳо бинои маркази Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Хонаи ҳукумат, Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ ва Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ мебошанд.
Ба гуфтаи масъулони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, қарори навбатии тартиб додани феҳристи нави иншооти таърихиву фарҳангӣ дар моҳи октябри соли гузашта ба тасвиб расид. Ин ниҳод тасмим гирифт, ки якҷоя бо Вазорати фарҳанг, Академияи улум ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе номгӯи иншооти таърихию фарҳангиро дар ҳудуди пойтахт бозбинӣ кунад.
Дар ин замина гурӯҳи корӣ иборат аз 10 нафар фаъолия мекунад, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ бояд рӯйхати худро пешниҳод кунад. Меъморони тоҷик мегӯянд, ки аммо сарфи назар аз натиҷабароии ин гурӯҳ, тасмими ниҳоиро дар мавриди бақои биноҳои кӯҳан, шаҳрдорӣ мегирад.