Афзоиши истихроҷи гази табии дар Иёлоти Муттҳаидаи Амрико даъватҳоеро барои интиқоли энержӣ ба Аврпуо ва раҳо кардани он аз вобастагии шадид ба гази Русияро афзунтар кардаст.
Бӯҳрони Украина ва забондарозии Русия, ки 40 дарсади ниёзи Аврупоро ба гази табии бароварда месозад, аврупоиҳоро ба сари мақоли “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ” овардааст. Дар ҳоле ки даъватҳои ёфтани бозори алтернативӣ ҳарчӣ бештар аз пойтахтҳои аврпуоӣ садо медиҳанд, суоле низ ҳамзамон матраҳ мешавад, ки ин идеа то куҷо воқеӣ аст?
Русия аз умдатарин кишварҳои содикунандаи гази табии дар ҷаҳон буда, Маскав ин бартариро бидуни ибо ҳамчун абзори фишори сиёсӣ истифода мекунад. Гази Русия умдатан аз тариқи Украина то ба Аврпуо мерасад ва ҳоло бо асабонияте, ки Русия дар заминаи таҳаввулоти ахири Украина дорад, аз эҳтимол дур нест, ки гази табии дубора ба силоҳ табдил шавад.
Аксаран аз Ийолоти Муттҳаидаи Амрико ҳамчун манбаи билқувваи содироти газ ба Аврупо ном мебаранд. Истифодаи текноложиҳои ҷадид дар солҳои ахир Амрикоро умдатарин тавлидкунандаи гази табии кардааст. Бо он ки лулаи интиқоли газ аз тариқи Уқёнуси Ором намегузарад, имкони дигаре вуҷуд дорад, ки Ийолоти Муттҳаида гази худро ба моеъ табдил диҳад ва аз тариқи танкерҳо ба Аврупо бифиристад.
Даъватҳо брои моил кардани Амрико аз куҷо садо медиҳанд?
Қонугузорони аршади Ийолоти Муттҳаида ва сиёсатмадорони Аврупо бо истифода аз бӯҳрони Украина аз Барак Обама, президенти Амрико даъват кардаанд, ки санадҳои марбут ба содироти газро зудтар имзо кунад.
Ҷон Боҳнер, раиси Маҷлиси Намояндагони Ийолоти Муттҳаида, рӯзи 6-уми март зимни шарҳе дар нашрияи “The Wall Street Journal” аз Вашингтон даъват кард, ки “энержии табии худ”-ро ҳамчун силоҳ алайҳи президенти Русия Владимир Путин истифода кунад.
Ҳамзамон бо ин сафирони гурӯҳи “Вишеҳрад”, ки ба он Лаҳистон, Маҷористон, Ҷумҳурии Чех ва Словакия шомил ҳастанд, дар як нома аз Конгресси Амрико даъват карданд, ки монеаҳои бюрократиро аз роҳи содироти газ дур кунад. Сафирҳо гуфтаанд, ки ин иқдом вобастагии кишварҳои онҳо ба гази Русияро камтар хоҳад кард. Ба ин монанд, нахуствазири Лаҳистон Долан Таск дар таърихи 10-уми март ҳушдор дод, ки вобастагии шадиди Олмон ба гази Русия истиқлолияти Аврупоро коҳиш медиҳад.
Оё Ийолоти Муттаҳида метавонад ниёзҳои Аврпуо ба гази табииро бароварда созад?
Ҷенифер Делей, сардабири ҳафтавори “FSU Oil and Gas Monitor”, дар шарҳи ин имконот мегӯяд, “аз лиҳози назариявӣ бале, имкон дорад. Амрико аз захоири ҳангуфти гази табии бархурдор аст ва истеҳсоли он рӯ ба афзоиш дорад. Аммо ин коре нест, ки дарҳол анҷом шавад. Агар ба содирот иҷозат бидиҳанд, ба интизори ман Амрико метавонад миқдори зиёди газро ба Аврпуо бифиристад. Эҳтимолан ин миқдор барои коҳиши фишорҳо кофӣ хоҳад буд” – мегӯяд Ҷенифер Делей.
Ҷонатан Стерн, аз бахши Омӯзишҳои энержӣ дар донишгоҳи Оксфорд ба радиои Озодӣ гуфт, Аврупо ин тавонро дорад, ки теъдоди бузурги танкерҳои газро дар бандарҳои мухталиф қабул кунад. Ҳоло Лаҳистон низ бандареро барои қабули танкерҳои гази моеъ дар баҳри Балтик бунёд мекунад, ки қарор аст сохтмони он то охири соли равон анҷом шавад.
Гази табии аз Иёлоти Муттҳаида кай ба Аврпуо мерасад?
Аммо Ҷонатан Стерн, мегӯяд, содироти газ аз терминалҳои Ийолоти Муттҳаида, то авохири соли 2015 ва интииқоли тоннаҳои бештари газ ҳадди ақал то соли 2019 номумкин аст.
“Ман метарсам, ки ин чандон воқеӣ нест ва ба ин зудиҳо низ иттифоқ намеуфтад. Ин як тасмими сиёсии онҳоест, ки вазъиятро дарк намекунанд. Мо набояд ин интизорро дошта бошем, ки гази Амрико метавонад вобастагии мо ба гази Русияро ҳатто дар мӯҳлати чаҳор панҷ соли дигар коҳиш диҳад. На пештар аз ин”- гуфт Ҷонатан Стерн.
Карлос Паскуал, раҳбари бахши Захоири энержии Департаменти Давлатии Амрико дар сӯҳбате бо “New York Times» гуфтааст, ҳарчанд содироти гази Амрико мушкили Аврпуоро дафъатан ҳал намекунад, аммо аломати рӯшане хоҳад буд, ки бозори ҷаҳонии газ дар ҳоли дигаргунист ва захоири бузурге аз гӯшаҳои дигари ҷаҳон дар роҳ ба сӯи бозор аст.