Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр гуфтанд, ҳодиса "дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ" рух додааст. Вале масъулони тарабхона мегӯянд, "қоидаҳои бехатарӣ дар муассиса ҳамеша риоя мешавад ва таркиши газ тасодуфӣ буд".
"Ин таркиш аз балони гази моеъ рух дод, ки барои пӯхтани ғизо оварда буданд, вале ҳанӯз истифода нашуда буд", -- гуфтанд дар "Шоми қалъа".
Таркиш дар "Шоми Қалъа", ки бо мурғи бирён ва дигар ғизоҳояш миёни сокинон машҳур аст, нимарӯзи якуми сентябр дар пеши чашми Муҳсиддин Ғиёсиддинов, ҳисобдори тарабхона рух додааст. Ғиёсиддинов мегӯяд, ӯ 10 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса қарор дошт ва тавонист аз коми оташ наҷот ёбад, ҳарчанд каме аз дасташ осеб дид.
"Зарфи газро як ҳафта пеш оварда будем. Шояд ягон нуқс дошт. Ягон меҳмон осеб надидааст, танҳо 3-4 корманд осеб дидаанд. Баъд аз оташ гирифтан воҳима шуд ва одамон ба ҳолати шок афтоданд”, -- афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳоле ки Муҳсиддин Ғиёсиддинов аз осеб дидани се-чаҳор нафар сухан мегӯяд, мақомоти Вазорати умури дохилӣ гуфтанд дар ин таркиш 10 корманди тарабхона бо шумули ошпазҳо осеб дидаанд.
Панҷ нафар пас аз муоинаву табобат ҷавоб шуда, ду нафар бо осеби сӯхта ба Душанбе интиқол ёфтаанд. Вазъи 3 нафари дигарро, ки якеаш писари раиси тарабхона аст, табибони беморхонаи Ҳисор “ниҳоят вазнин” арзёбӣ карданд.
Ҷӯрабек Маҷидов, ҷарроҳи асаби беморхонаи шаҳри Ҳисор, рӯзи сеюми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз ин 3 нафар, ки дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шудаанд, бадани як нафари онҳо 65 дар сад сӯхтааст. Якеи дигар 60 ва дигаре 62 дарсад сӯхтаанд."
Ба қавли табибон, ин се нафар дар таркиши гази моеъ аз қафаси сина, шикам, рӯй ва роҳҳои нафас осеб дидаанд. Ҳоло онҳо дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Ҳисор зери назорат ҳастанд.
Ҷарроҳи асаби беморхонаи шаҳри Ҳисор гуфт, "ин беморон таҳти таъсири доруҳои мадҳушкунанда нигоҳ дошта мешаванд, то дардро камтар эҳсос кунанд". "Баъди каме беҳтар шудан барои муолиҷа ба Душанбе интиқол меёбанд", -- афзуд ӯ.
Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, таҳқиқи сабабҳои таркиш ҳанӯз идома дорад. Кормандони тарабхона мегӯянд, онҳо ҳамеша аз эҳтиёт кор мегирифтанд ва таркиши зарфи газ ҳам дар ҳолати истифодабарӣ сурат нагирифтааст.
Зоҳиран бинои тарабхона дар пайи ин ҳодиса осеби ҷиддӣ надидааст ва дари он ҳам ба рӯйи муштариён боз аст. Танҳо дар девори ошпазхонае, ки таркиши балони газ дар наздикии он сурат гирифтааст, пайи сиёҳӣ дида мешавад.
Солҳои ахир борҳо аз таркиши зарфи газ дар хонаҳои мардум дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва фавту осеб дидани сокинон гузориш шудааст. Аз ҷумла, рӯзи 15-уми август дар деҳаи Хумдони ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон дар натиҷаи кафидани баллони газ як зани 22-сола сӯхт.
Дар Душанбе се сол боз истифода аз зарфи газ дар манзили сокинон мамнуъ шудааст. Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, Хадамоти оташнишонӣ онҳоро барои истифодаи зарфҳои газӣ дар хонаҳои баландошёна ҷарима мекунад. Масъулони Хадамот мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯхтор истифодаи зарфҳои газӣ мамнӯъ шудааст.