Осиёи Марказӣ: Вақте муҳоҷирон бармегарданд...

Бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ва таҷаммӯи теъдоди бузурги ҷавонони бекор дар Осиёи Марказӣ, аз нигоҳи бархе таҳлилгарон, амнияти минтақаро бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мекунад.

Андрей Казантсев, раиси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалӣ ва устоди МГИМО - Донишгоҳи давлатии робитаҳои байналмилалии Маскав, аз имкони вуруди ситезаҷӯёни ҷунбиши "Толибон" ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба қаламрави Осиёи Марказӣ бонги хатар мезанад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 5 март гуфт, ки ин гурӯҳҳо алҳол дар марзҳои Туркманистон ва Тоҷикистон мустақаранд ва шояд вориди қаламрави Осиёи Марказӣ шаванду бенизомиҳоро доман зананд.

Андрей Казантсев меафзояд, ки вазъ, ба вижа, баъд аз он муҷиби нигаронӣ шуд, ки Ҷунбиши исломии Узбакистон дар бораи пайвастанаш бо «Давлати исломӣ» хабар дод. «Ин хабари хеле бад барои минтақа ва умуман ҷомеъаи байнулмилалист…. Гап сари он ки баъд аз ҳамлаи густурдаи «Давлати исломӣ» дар Ироқ дар тобистони соли 2014 ҳама гурӯҳҳои ифротгаро дар як «интернатсионали террористӣ» муттаҳид шуданд, ки акнун ба ҷои «Ал-Қоида»-и аз забонҳо уфтода сохтори нави раҳбарикунанда доранд».

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи таҳлилгар, «таҷаммӯъи афроди бекор дар минтақа як таҳдиди ҷиддии дигар аст, зеро мо шоҳиди афзоиши тарғиботи гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар минтақа ва ҷамъ омадани ситезаҷӯён дар шимоли Афғонистон ҳастем». Андрей Казантсев меафзояд, таҷаммӯъи ин муҳоҷирони кории собиқ дар Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистон ба нафъи ин кишварҳо нест, зеро ҷалби афроди бекору норозӣ ба сафи гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ осонтар аст.

Баҳсҳо дар маҳофили сиёсии Русия дар робита ба паёмадҳои ногувору номатлуби таҷаммӯи муҳоҷирони корӣ дар Осиёи Марказӣ баъд аз он сар заданд, ки Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия авоили сол дар бораи раванди кишварро тарк намудани муҳоҷирони кории тоҷику узбак хабар дод. Ба иттилои расмӣ, баъд аз эълони таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ва ба таври бесобиқа пойин рафтани қурби рубли русӣ теъдоди муҳоҷирон назар ба аввалҳои соли 2014 тақрибан 70 дар сад коҳиш ёфт.

Сиёсатшиносону таҳлилгарони рус бар онанд, ки бахши аъзами ин муҳоҷирон ба сафи артиши бузурги бекорон мепайванданд, зеро бештари онҳо дар ватанашон ҷойи кори дилхоҳ намеёбанд ва аз "кори сиёҳ" ва бо маоши паст парҳез мекунанд. Аз таҷаммӯи теъдоди бузурги афроди бекору норозӣ, ба гуфтаи таҳлилгарон, гурӯҳҳое чун «Давлати исломӣ» ва Ҷунбиши исломии Узбакистон барои ноором кардани минтақа ва дар талошҳо барои аз байн бурдани режимҳо дар Тоҷикистону Узбакистон истифода хоҳанд бурд.

Аммо Максим Шевченко, хабарнигор ва сиёсатшиноси маъруф, мутмаин аст, ки таҳдиди гурӯҳҳои ифротиву бунёдгарои дохиливу хориҷӣ ба Осиёи Марказӣ аз андоза хело бузургтар нишон дода мешавад. “Бигирем, дар Узбакистон мақомот аз гурӯҳҳои ифротӣ дида аз узбакҳову тоҷикҳои тарбияи аврупоидида бештар метарсанд, зеро ифротгароҳои мазҳабӣ маъмулан дар як чаҳорчӯба ва миёни гурӯҳи маҳдуд фаъолият мекунанд, вале шахсони бомаърифату ошно бо арзишҳои демократӣ метавонанд чашми мардумро ба бисёр масъалаҳо боз кунанд”.

Максим Шевченко

Ӯ ба имкони ҳамлаи "Давлати исломӣ" ба Осиёи Марказӣ ҳам бовар надорад, зеро теъдоди шаҳрвандони минтақа дар ин гурӯҳ аз якуним то ду ҳазор нафар бештар нест ва “онҳо аслан хоҳиши бозгашт ба минтақаро ҳам надоранд, зеро набардҳо дар Сурияву Ироқ ба ин зудӣ хатм нахоҳанд шуд”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Максим Шевченко, бархе аз сиёсатшиносону сиёсатмадорон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки “аслан як ҷунбиши демократии исломӣ аст ва дар пояи ихвони мусалмонҳо таъсис шудааст, ифротгаро мехонанд ва онро ҳатто дар сармоягузори “Давлати исломӣ” айбдор карданӣ мешаванд”. “Ин иштибоҳи хело бузург аст. Ман фикр мекунам, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз ин гуна гурӯҳҳои демократии исломӣ пуштибонӣ кунанд, дар акси ҳол ҷойи онҳоро гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, салафӣ ва такфирӣ мегиранд”, мутмаин аст мусоҳиби мо

Алексей Малашенко

Алексей Малашенко, масъули барномаи Осиёи Марказӣ дар Маркази Карнегии Маскав ҳам мегӯяд, талошҳои аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, як ҳизби мӯътадили исломӣ, ва коммунистҳои тоҷик метавонад барои минтақа паёмадҳои ногувор дошта бошад, зеро шояд онҳоро маҷбур ба пинҳонкорӣ кунад. “Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев пайравӣ мекунад, аммо Тоҷикистон на Узбакистон аст ва на Қазоқистон... Агар дар Тоҷикистон ягон низои дохилӣ сар занад, он гоҳ он ҷо пайдо шудани мусаллаҳони “Давлати исломӣ” ва “Толибон” аз эҳтимол дур нест,” - мегӯяд ӯ.

Таҳлилгари рус меафзояд, агар Тоҷикистон аз низои дохилӣ эмин монад, гумон аст, ки мусаллаҳони ҷунбиши Толибон дар ин ё дигар кишвари Осиёи Марказӣ пайдо шаванд. “Ҳадсзаниҳо дар бораи ҳамлаи “Толибон” ба минтақаро ман аз соли 1996, яъне тақрибан 20 сол боз, мешунавам... Аммо толибон гирифтори мушкилоти худанд. Ҳатто агар низомиёни амрикоӣ пурра аз Афғонистон берун шаванд ва Толибон Кобулро ишғол кунанд ҳам, коре ба Осиёи Марказӣ нахоҳанд дошт, зеро як бахши онҳо ба давлатдорӣ машғул мешаванд ва дигарон бо “толибон”-и хориҷӣ, яъне арабҳову покистониҳо меҷанганд...” Ӯ иқрор мекунад, ки воқеъан ҳам ҳамоҳангиву ҳамкорӣ миёни гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, тарғиботи гурӯҳҳои чун "Ҳизб-ут-Таҳрир", Салафия, ситезаҷӯёни мусаллаҳи узбак мавҷуданд, вале инро наметавон “фоҷиа барои минтақа” номид.

Аз нигоҳи Алексей Малашенко, сару садоҳо дар бораи таҳдиди гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ба Осиёи Марказӣ ба манфиати режимҳои минтақа аст, зеро аз як сӯ, онҳо бо баҳонаи мубориза бо ин гурӯҳҳо аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ сармоя мегиранд ва аз сӯи дигар, таваҷҷуҳи оламиён ба мушкилоти иҷтимоии мардуми минтақа камтар мешавад.

Артём Улунян

Артём Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, ҳам мегӯяд, ки воқеъан афроди бекор дар Осиёи Марказӣ метавонанд боиси бесуботӣ дар минтақа шаванд ва аммо суол ин аст, ки онҳо то куҷо метавонанд муташаккил бошанд. Аммо ӯ бо ақидае, ки тарғиботи гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар минтақа афзоиш ёфтааст, розӣ нест ва мегӯяд, «ҳоло бештар аз имкони ҷалби муҳоҷирони баргашта ба гурӯҳҳои ифротиву бунёдгаро ҳарф мезананд, вале бояд гуфт, ки бархе аз гурӯҳҳои маҳаллӣ ҳам чашм сӯи ин афрод дӯхтаанд. Гап сари он аст, ки кадоме аз ин гурӯҳҳо ба истифодаи муҳоҷирони собиқ барои пиёдасозии ҳадафҳои худ муваффақ мешаванд». Ба гуфтаи мусоҳиби мо, гурӯҳҳои зиёде дар дохил ва хориҷи Осиёи Марказӣ хостори аз байн бурдани режимҳои худкома дар чаҳор кишвари минтақа – Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистонанд.

Артем Улунян аз бахше "таҳлил"-ҳову "пешгӯиҳо" дар бораи авзоъ дар Осиёи Марказӣ норозист ва мегӯяд, мутаассифона, як бахш аз ин мавод ангезаи сиёсӣ доранд, ё бо супориши "боло" ва бо ҳадафи мушаххас аз сӯи "мутахассисон"-е таҳия мешаванд, ки бо вазъи минтақа фақат аз нашрияҳо ошноянд ва аз ягон забони гуфтугӯӣ дар минтақа бархӯрдор нестанд.

Аз ин пеш маҷаллаи мӯътабари “The Economist”-и чопи Лондон рӯи дигар паҳлӯи бозгашти муҳоҷирони корӣ – паёмадҳои ногувори иқтисодӣ барои минтақа тамаркуз карда, навишта буд, пули фиристодаи муҳоҷирон баробари сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ва баробари қариб нисфи тамоми иқтисоди Тоҷикистон буд: “Аммо бо уфти қурби пули русӣ, ҳаҷми пуле, ки муҳоҷирон асосан бо доллар интиқол медоданд, низ коҳиш ёфт. Интиқоли пул ба Узбакистон дар семоҳаи сеюми соли 2014, бино ба омори Бонки марказии Русия, то 9 дарсад кам шудааст. Ба ақидаи як таҳлилгар, ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон назар ба як соли қабл 20 дарсад кам хоҳад шуд.”

Маҷалла меафзояд, рушди иқтисоди минтақа дар чанд моҳи охир гаштаю баргашта бозбинӣ шуд ва қурби пулҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хеле пойин рафт. Туркманистон рӯзи 1 январ манат, пули миллии ин кишварро 19 дарсад девалватсия (беқурб) кард. Ҳаҷми таваррум дар Қирғизистону Тоҷикистон низ, ба навиштаи “The Economist”, ду маротиба боло рафтааст.