Ислоҳот дар ВКД. "Политсия" аз "милитсия" чӣ фарқ хоҳад дошт?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи политсия”-ро барои баррасӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод кардааст.

Қонуни нав пеш аз ҳама “милитсия»-ро ба “политсия” табдил медиҳад ва дар либоси ҳар корманди полис ному насаб ва шӯъбаи марбути ӯ дар шакли нишони сарисинагӣ насб мешавад.

Ҳамзамон дар қонуни нав аз корманди полис қатъиян талаб мешавад, ки баробари боздошт кардани нафаре сабаби ин боздоштро бо далел шарҳ диҳад ва аз аввалин лаҳза тамоми ҳуқуқҳои он шахсро барояш фаҳмонад. Ҳама гуна бадрафторӣ ва шинкаҷа манъ буда, корманди полис бояд ба эътиқоди диниву мавқеи сиёсии шаҳрванд арҷ гузорад, бо ҷомеа ҳамкории зич дошта бошад ва маълумоти хусусии афродро бе ризоияти онҳо, баистиснои ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ифшо накунад.

Дар робита ба вазифа ва таъйиноти асосии кормандони умури дохилӣ ин лоиҳаи қонун аз қонуни амалкунандаи “Дар бораи милитсия”, ки 3-юми май соли 2004 қабул шудааст, чандон тафовут надорад.Аммо бар пояи он Вазорати умури дохилӣ тамоми кормандонашро аттестатсия карда, нафарони тасодуфро аз кор барканор хоҳад кард.

Дар тамоми кишварҳои олам ҷумлаи “Шумо ба як занги телефонӣ ва доштани вакили дифоъ ҳақ доред. Метавонед хомӯш истед, зеро ҳар як гапи шуморо метавонанд бар зидди худатон истифода кунанд” ба гӯши ҳар боздоштшуда, аз ҷонби пулисҳо тӯтивор такрор мешавад. Аммо дар лоиҳаи қонун “Дар бораи политсия”ин ҳарфҳо зикр наёфтааст.

Зоҳиран, бахши умдаи дигаргуниҳо ба пешгирӣ аз бадрафторӣ нисбати шаҳрвандон ҳангоми боздлошт, маълум будани ному насаби маъмурон ва тағйири “милитсия” ба “политсия” маҳдуд шудаанд. Дар зимн, бархе аз шаҳрвандон пешниҳод кардаанд, ки “милитсия” бо “шаҳрбонӣ” иваз карда шавад.

Зафар Икромов, сардори пешини Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва мушовири собиқи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амниятӣ, мегӯяд, бо тағйир ёфтани номи милитсия, ба эҳтимоли зиёд мушкилоти бунёдӣ ҳал нахоҳанд шуд. Ба ҳар сурат аз тарҳи нав рӯшан нест, ҳадафи асосии ислоҳот чист. Худи ҷаноби Икромов таваҷҷӯҳи асосиро ба кадрҳои умури дохилӣ медиҳад ва мегӯяд, зеро симо ва эътибори “политсия”-ро кормандони он, аз сатҳи поён то боло ба вуҷуд меоранд.

«Ислоҳоти Вазорати корҳои дохилӣ бояд пеш аз ҳама ислоҳоти кардӣ бошад. Ҳамчунин агар вазорат воқеан ислоҳот мехоҳад, бояд назари ҷомеаро низ ба таври васеъ бигирад. Зеро камбуду нуқсонро ҷомеа бештар мебинад ва эҳсос мекунад. Танҳо дар он сурат полиси тоҷик метавонад то 20 соли оянда полис шавад,» -- мегӯяд полковники бознишаста Зафар Икромов.

Назари ҷомеа ба кори кормандони умури дохилӣ ба сурати умум мусбат нест. Парвандаҳои пурмоҷарои шиканҷаи боздоштшудаҳо, баҳсу кашокашҳои миёни ронандагон ва полиси роҳ, парвандаҳои ришва ва фасод ба обрӯи кормандони умури дохилӣ зарбаи ҷонкоҳ задаанд.

Нисо Расулова, сокини шаҳри Душанбе чанд рӯз пеш дар Фейсбук изҳор дошт, ки кормандони милитсия дар лаҳзае, ки як авбош ӯро азият медод, на танҳо ба кӯмакаш нарасиданд, балки ба муроҷиати ӯ беэҳтиромӣ нишон додаанд. Нисо баъдан ба раҳбарони вазорат шикоят бурдааст ва мегӯяд, барояш ваъда додаанд, ки ба ширкояташ тафтиш хоҳад шуд: «Вақте ба мақомот рафта аз болои милисаҳо шикоят кардам, ҳамроҳам муносибати хуб намуданд. Маълум мешавад, ки на ҳама кормандони милитсия муносибати бад мекунанд. Мисли онҳое, ки ман кӯмак хоста будам.»

Рустам Гулов

Блогнависи тоҷик Рустам Гулов, ки чанде пештар кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд ришашро тарошида буданд, мегӯяд, бовар надорад, ки полиси тоҷик шеваи кору гуфторашро дигар мекунад, аммо умед дорад , ислоҳот танҳо бо иваз кардани ном ба анҷом намерасонад. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ҳоло, ки мардум аз ҷинояткор дида бештар аз корманди милитсия метарсад, умедвор ҳастам, ки баъди ворид шудани ислоҳот дигар мардум аз онҳо нахоҳанд тарсид. Онҳо минбаъд аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳимоят мекунанд. Пас аз ислоҳот дар ин система полис бар муқобили ҷинояткор мубориза бурда, хадамоте мешавад, ки эътимоди мардум нисбаташ бештар мегардад.»

Милитсияи Тоҷикистон, бино бар қонунҳои феълӣ низ “берун аз сиёсат” аст, аммо дар амал он бештар ба иҷрои “фармоишҳои сиёсӣ” машғул мегардад. Яке аз , собиқадорони милитсияи тоҷик ва раҳбари Маркази тарғиб ва ташаккули зидди фасоди Тоҷикистон, Алиакбар Абдуллоев бахши умдаи мушкилоти имрӯзаи кормандони умури дохилро ба ҳирфаӣ набудани онҳо ва ҳам музди нокифоят пайванд медиҳад. Биноан, мегӯяд ӯ, танҳо қабули қонун мушкилро ҳал нахоҳад кард.

“Қонунҳо барои он иҷро намешаванд, ки аксари мансабдорони мо бевиҷдонӣ мекунанд. Нисфи зиёди мансабдорон 5 солу 10 сол курсиҳоро банд мекунанд. Беҳтарин шароитро барои худашон месозанд, аммо на қонунро риоя мекунанд ва на ислоҳот ворид мешавад. Лекин агар ин маротиба ҳам қонун қабул шаваду риоя нашавад, нақшаҳое, ки дар барномаи реформа пешбинӣ шудааст амалӣ нагарданд, бевиҷдонӣ аз ин зиёд намешавад. Командаи асосие, ки ҳоло кор карда истодаанд дар милитсия тоҷик таҷриба доранд, аммо бо вуҷуди ин онҳо бояд иваз шаванд,” – мегӯяд Алиакбар Абдуллоев.

Як мақоми баландпояи умури дохилӣ, бидуни овардани номаш панҷшанбеи 11-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз зуд аст, гуфтан, ки умури дохила “команда”-и худро комилан нав мекунад ё бо ҳамин кадрҳо “ислоҳот” анҷом мешавад. Аммо ин корманди умури дохилӣ гуфт, баъди қабули қонун “Дар бораи политсия” қарор аст ба нозирони минтақавӣ бартарии бештар дода шавад. Зеро яке аз ҳадафҳои асосии қабули қонуни нав робитаи зич доштани полис бо ҷомеа аст. Бинобар ин ҷиҳати анҷоми ислоҳот тағйири кадрӣ ҳатман анҷом мешавад, аммо на ба таври бояду шояд: “Ҳеҷ имкон надорад, ки вазорат тамоми кормандонашро нав кунад. Зеро дар миёни онҳо кадрҳои хуб ҳам кам нестанд. Як гуруҳе, ки синнашон ба нафақа расидааст ё тасодуфан полис шудаанд эҳтимол аз кор озод мешаванд. Вазорати дохъила вазифадор нест, ки якбора тағйироти зиёди кадрӣ кунад. Ин реформа оҳиста оҳиста то соли 2020 анҷом мешавад. То он замон имкони омода кардани кадрҳои хуб ҳам ҳаст.”

Бар пояи иттилооти расмӣ, ислоҳоти пулиси Тоҷикистон умдатан бар асоси таҷрибаи Хорватия роҳандозӣ хоҳад шуд. Тоҷикистон барои анҷоми ин ислоҳот тақрибан 10 миллион доллар лозим дорад.

Полиси Гурҷистон паҳпаймоии русгароёнро аз ҳамлаи русситезон ҳимоят мекунад

Сармоягузорони ислоҳот Амрико ва кишварҳои Аврупо унвон мешаванд. Иддае аз коршиносон бар инанд, ки ин маблағ кофӣ нест.Ба қавли онҳо беҳтар аст Тоҷикистон аз таҷрибаи Гурҷистон истифода кунад. Дар Гурҷистон, ки аҳолиаш 4 миллион нафар аст, тайи ду соли ислоҳот 70 ҳазор корманди милиса, беш аз 80 дарсад аз кор ронда шуда, ба ҷои онҳо 26 ҳазор нафар аз шаҳрвандони 19 то 35 сола ба милиса ҷалб шуданд. Ҳамчунин харҷи ислоҳоти милиса дар Гурҷистон, тибқи манобеи гуногун, аз 10 то 20 миллион доллар ҳадс зада мешавад.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе, ки яке аз нозирони амалӣ шудани ислоҳот аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, бояд ислоҳот дар тамоми доираҳои фаъолияти умури дохилӣ анҷом шавад. Аз ҷумла корҳои ташкилӣ, захираҳои кадрӣ, таълиму тарбия, бозомӯзӣ ва монанди инҳо. Масъулони САҲА дар Тоҷикистон умед доранд, ки ҷониби Тоҷикистон танҳо ба тағйири ном қонеъ нашуда, пешниҳоду дархости ҷомеаи шаҳрвандиро мепазиранд.

Пас аз он ки соли 2012 дар Русия милисаро ба пулис иваз карданд, бисёриҳо мегуфтанд, ки Тоҷикистон ба ин ташаббуси Маскав пайравӣ хоҳад кард. Ба дунбол эълон шуд, ки табдили номи милиса ба пулис танҳо як ҷузъи як бахши ислоҳоти сохторҳои умури дохилии Тоҷикистон аст. Ин ислоҳот бояд то соли 2020 иҷро шавад.