Сафари расмии сарвазири Корея Ли Нак Ён ба Тоҷикистон бо имзои Созишномаи кумакҳои бебозгашт байни ҳукуматҳои ду кишвар ва Ёддошти ҳамкорӣ байни сафорати Корея дар Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии ин кишвар бо таъсиси гўшаи Корея ба анҷом расид.
Вале, зоҳиран, умедвории Тоҷикистон аз ҳамкориҳои минбаъдаи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар бештар аст. Душанбе ҳамоиши иқтисодии мақомот ва соҳибкорони Тоҷикистону Кореяи Ҷанубиро, ки 16 июл дар доираи сафари нахуствазир баргузор шуд, ба хотири ҷалби бештари сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ мекунад. Тоҷикистон бо сабаби мизони баланди молиёту вуҷуди фасод дар бахши соҳибкорӣ чандин сол аст, ки ошкоро мавриди интиқоди ширкату кишварҳои хориҷӣ мебошад ва ҳамин мушкил боиси дилсардии сармоягузорони беруна аз маблағгузориву пуштибонии тарҳҳо дар ин кишвари Осиёи Марказӣ шудааст. Мақомоти тоҷик ҳам дигар вуҷуди чунин мушкилро пинҳон намекунанд ва президенти Тоҷикистон оғози соли 2019 талаб кард, ки дар бахши соҳибкориву ҷалби сармояҳо тағйирот сурат гирад.
Яке аз натиҷаҳои сафари ҳайати Корея ба Тоҷикистон – тавофуқ барои ифтитоҳи Оҷонсии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва шурӯи ҳамкориҳо бо Фонди Корея оид ба қарзҳои имтиёзнок гардид. Тоҷикистон умедвор аст, ки доираи ҳамкориҳояш бо ин кишвари пешрафтаи осиёӣ дар баробари сиёсат, барои рушди бахшҳои тиҷорату иқтисод, саноат, гидроэнергетика, молия ва бахши хусусиву сармоягузорӣ ҳам мусоидат мекунад.
Аз соли 1992, ки марҳилаи оғози ҳамкориҳои дипломатии ду кишвар шинохта шудааст, мизони сармояҳои мустақими Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон 54 миллион доллар ва дар 5 моҳи соли 2019 гардиши мол миёни ду кишвар 13 миллион долларро ташкил додааст. Бо ин ки мақомот ин нишондодро ҳамчун раванди афзоишёбанда ситоиш мекунанд, коршиносони иқтисодӣ мегӯяд, ин мизон чандон баланд нест ва имкониятҳои ду кишвар барои тавсеаи додугирифтҳову ҳамкориҳо бештар мебошад.
Намунаи ин имкониятҳо – кишвари ҳамсояи Узбекистон аст, ки бо Корея ҳамкориҳои бисёрсола барпо карда, дар натиҷаи сафари президенти ин кишвар ба Тошканд апрели соли ҷорӣ дар ҳаҷми 12 миллиард доллар созишномаҳо имзо карданд. Дар ду соли гузашта додугирифти мол миёни Кореяву Узбекистон аз марзи 2 миллиард доллар убур кард.
Дар Тоҷикистон ҳам умедворанд, ки ҳузури иқтисодии Корея дар ин кишвар густардатар хоҳад шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 16 июл ташаббускорони форуми иқтисодии соҳибкорони кореягӣ гуфтанд, ки ҳудудан 300 соҳибкору тоҷир ва намояндагони корхонаю ширкатҳои бонуфузи Тоҷикистон ва Корея имкони ҳамкориро баррасӣ карданд ва имзои 6 санад ҳосили ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар буд.
Манижа Муҳаммад, роҳбари ширкати “Сифат инотех инвест” бо ширкати кореягии “Си Эн Ка Фарма” дар бораи таъсиси заминаи фаннӣ барои роҳандозии ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон қарордод имзо кардааст. Манижа Муҳаммад, ки аз баргузоркунандагони ҳамоиши Тоҷикистону Корея буд, гуфт: “Гурӯҳи ширкатҳои “Сифат”, ки аз панҷ адад иборат аст, ба ин ҳамоиш 200 соҳибкори кореягиро даъват кард. Ҳоло бархе аз созишномаҳо имзо шуданд, аммо музокироти соҳибкорони ду кишвар идома дорад ва натиҷаҳои тавофуқоти онҳо дар ҳамоиши минбаъдаи соҳибкорон дар оғози тирамоҳи соли ҷорӣ дар шакли қарордодҳо ба имзо мерасанд”.
Аммо на ҳама аз қарордодҳои дар ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар ба имзо расида ба мавзӯи тиҷорат ё хадамоти фанноварӣ марбут буданд. Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Корея дар бораи тақвияти ҳамкориҳо санади ҳусни тафоҳум имзо кард. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: “Ин санад ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳоро пешбинӣ мекунад. Ҳам таълим аст ва ҳам пажӯҳишгариву табодули донишҷӯён ва устодон. Ҳоло бо ҳамтоёни кореягӣ ба тавофуқ расидем, ки дар ин замина ду донишгоҳ як созишномаи ҳамкориро низ имзо кунем”.
Дар музокироти рӯбарӯи соҳибкорони ду кишвар ҷонибҳо дар бораи нияти таъсиси корхонаҳои муштараки либос ва маҳсулоти нассоҷӣ ва парвариши дарахту буттаҳо сӯҳбатҳо мекарданд. Озодхон Давлатшоев, роҳбари ширкати мобилии “Тселл” гуфт, ки ширкаташ дар бораи роҳандозии фанноварии нави 5G ба мувофиқа расид:
“Корея нахустин кишваре дар ҷаҳон буд, ки фанноварии 5G-ро роҳандозӣ кард. Ин барномаи телефонии мобайл хеле ҳушманд аст ва имкон медиҳад, ки инсон тавассути он ҳатто аз масофаи дур таҷҳизот дар манзилаш ва раванди таҳсили фарзандонаш дар мактабро назорат кунад. Мо қасд дорем то чанд моҳи дигар ин фанновариро дар ширкати худ роҳандозӣ кунем. Якум, 5G имкон медиҳад суръати интернет баланд истифода шавад ва коркарди маводд дар телефонҳо бо суръати тез анҷом дода шавад. Албатта, на ҳама аз бахшҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон барои роҳандозии фанноварии 5G омода аст, аммо марҳила ба марҳила ин мушкилот рафъ мешавад. Бояд таъкид кунам, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин кишваре хоҳад буд, ки 5G-ро роҳандозӣ мекунад. Барои ин амр ширкати “Тселл” маблағи зарурӣ дар ихтиёр дорад”.
Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея аз моҳи апрели соли 1992 робитаҳои дипломатӣ барқарор кардааст. Ҷумҳурии Корея яке аз нахустин сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои баъд аз касби истиқлолият мебошад. Нахустин корхонаи муштараки Корея ва Тоҷикистон бо номи “Кабоол Текстайлз” дар шаҳри Хуҷанд дар солҳои 1990-ум фаъол карда шуд.