Шинохти мардум аз интихобот (ВИДЕО)

Дар як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ маълум шуд, ки бисёриҳо рӯзи интихоботи порлумонии Тоҷикистонро медонанд, вале номзадҳои матраҳ дар ин маъракаро намешиносанд.

Марҳалаи пешбарии номзадҳо ба интихоботи порлумонии рӯзи 1 марти Тоҷикистон ба поён расид. Дар як пурсиши сарироҳӣ дар кӯчаҳои Душанбе хабарнигори Озодӣ аз мардум пурсид, ки оё медонанд, ки интихобот кай баргузор мешаваду аз номзадҳои матраҳ киро мешиносанд?

Бисёриҳо дар ин бора ки интихобот кай баргузор мешавад?, маълумот доштаанд ва гуфтанд, ки дар ин маърака ҳатман ширкат мекунанд.

Аммо дар мавриди шахсияти номзадҳо ҳамаи мусоҳибони Озодӣ изҳори бехабарӣ карданд. Танҳо як нафар гуфт, ки Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунистро мешиносад, ки дар интихоботи як сол пеши президентӣ номзад шуда буд. Аммо инки оё дар интихоботи 1 март кадом номзадҳо мехоҳанд ба курсии вакили даст ёфта, намояндаи мардум шаванд, бисёриҳо хабар надоранд.

Мақомоти интихоботӣ ин бехабариро ба он марбут мекунанд, ки ҳанӯз марҳалаи таблиғоти пешазинтихоботии номзадҳо оғоз наёфтааст. Онҳо мегӯянд, баъди оғози ин марҳалаи навбатии корзори интихоботи порлумонӣ мардум метавонад бо номзадҳо ба вакилии порлумон аз наздиктар шинос шавад ва интихоби худро аз байни онҳо кунад.

Интихоботи 63 вакили Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёни порлумони Тоҷикистон ҳар 5 сол доир мешавад. 41 вакили ин маҷлис аз ҳавзаҳои инфиродӣ ва 22 нафари дигар аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ аз рӯйхати номзадҳои 8 ҳизби сиёсии сабтиномшуда интихоб карда мешаванд. Ҳамроҳ бо вакилони порлумон рӯзи 1 март вакилони маҷлисҳои ҷамоату ноҳияҳо ва шаҳрҳову 3 вилояти Тоҷикистонро низ интихоб мекунанд. Онҳо ба навбати худ бояд рӯзи 26 март вакилони Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистонро интихоб кунанд.

Назари мардумро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шинохти мардум аз интихобот