Синни хушбахтии инсон дар чандсолагист?

Донишмандони маркази мутолиоти самараи иқтисодии Мактаби иқтисодии Лондон мегӯянд, инсонҳо дар синни 23 ва 60-солагӣ худро хушбахттар меҳисобанд, вале на ба далели расидан ба хушбахтии комил.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, инсон дар синни 23 пур аз нирӯву барномаҳо ва умедвори рӯзгори беҳтар аст. Аммо дар синни 60 алакай ба тақдир тан дода, орзуҳову интизороти бароварданашудааш дар зиндагиро дигар ҳамчун як воқеъият мепазирад. Қаблан донишмандон аз Австралия як формулаи вижаи хушбахтиро таҳия карда буданд. Бино ба ин формула, барои он ки инсон хушбахт шавад ваё худро хушбахт эҳсос кунад, бояд даромади хуби солона, фаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳам ҳамсаре дошта бошад, ки ӯро дӯст медорад.

Соли гузашта равоншиносони Донишгоҳи Стенфорди Амрико, ки вазъи зиндагии бештар аз 10 ҳазор нафарро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки шахс фақат пас аз 45 солагӣ метавонадхушбахт шавад ё худро хушбахт пиндорад. Ба таъкиди ин олимон, ба фарқ аз ҷавонон, пиронсолон ҳолатҳои ногувори ҳаётро ба осонӣ пушти сар менамоянд. Ва ҳам пирон нисбат ба ҷавонон ба фишори шадиди равонӣ, бинобар ноҷӯриҳо дар корхона ва ҳаёти шахсӣ камтар гирифтор мешаванд, зеро чунон ки пажӯҳишгарон исбот карданд, онҳо на оянда, балки бештар имрӯзро фикр мекунанд.


Дипломи донишгоҳ дар даст:Хушбахттар аз инҳо кист?

СММ ҳаҷми даромади аҳолӣ, маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ва сарвату дороиҳои ҳар кишварро меъёри хушбахтии кишварҳо ҳисоб мекунад. Аммо дар ин авохир баъзе кишварҳо бо назардошти анъанаҳои милливу мазҳабии худ меъёрҳоеро, ки СММ барои хушбахтӣ таъйин кардааст, ба чолиш мекашонанд ва мегӯянд, меъёри хушбахтии ҳар миллатро бояд бар пояи арзишҳои суннатии роиҷ дар кишвар ҳисоб кард.

Тоҷикистон, қарори маълум, ба мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ рӯбарӯ буда, бино ба ҳисобҳо, қариб 40 дарсади аҳолиаш зери хатти фақр ба сар мебарад ва рӯзии то 90 дарсади хонаводаҳояш аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ ба даст меояд. Вале бино ба назарсанҷиҳои анҷомшуда, Тоҷикистон ҳамеша дар радифи кишварҳое меояд, ки аксари аҳолиаш худро хушбахт эҳсос мекунад.

Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз мардуми оддӣ пурсид, ки оё кадом синну солро фасли хушбахтии худ мешуморанд ва ба кадом далел? Ва ба сурати умум, оё меъёри хушбахтӣ барои мардум дар Тоҷикистон чист?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Синни хушбахтӣ кадом аст?