Нигоҳе ба фаросӯи сафари генералҳои Чину Покистон ба Душанбе

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳил Шариф

Дар чанд рӯзи охир аз Душанбе паиҳам мақомҳои баландпояи амниятиву низомии Чину Покистон дидан карданд. Коршиносон мегӯянд, ғолибан дар меҳвари ин ҳама музокираҳо вазъи ноороми Афғонистон қарор дошт.

Мақомоти баландпояи низомии Чину Покистон дар Тоҷикистон масоили мубориза бо тероризм ва таҳкими марзҳоро баррасӣ кардаанд. Мақомҳои баландпояи ин ду кишвар сар аз охири ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон бо мақомҳои калидии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом доданд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 1 март ба Озодӣ гуфт, Чину Покистон тасмим доранд, барои мубориза бо терроризм бо Тоҷикистон ҳакмории бештар дошта бошанд. Ӯ гуфт, ин ду кишвар суботи Тоҷикистонро муҳим медонанд ва барои ҳифзи субот талошҳои муассир анҷом медиҳанд.

Вай афзуд: “Мо омода ҳастем, бо ҳар кишваре, ки дар самти мубориза бо терроризм талош мекунад, ҳамкорӣ кунем. Тоҷикистон як кишварест, ки бо Чину Афғонистон ҳамсарҳад аст ва дарвозаи ИДМ ба шумор меояд. Чину Покистон ба нерӯҳои мо таҷриба меомӯзонанд, кӯмакҳои техникӣ мекунанд.”

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ бо Фан Фэнхоэ, сардори ситоди артиши Чин, Чен Гопин, намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Чин ва Раҳил Шариф, фармондеҳи артиши Покистон мулоқотҳои алоҳида анҷом додааст. Ҷузъиёти ин мулоқотҳо маълум нест, аммо сомонаи расмии президенти Тоҷикистон навиштааст, Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос аз ҳамкории низомиву иқтисодии ин кишварҳо, инчунин бо намояндагони онҳо вазъи муракаби Афғонистонро баррасӣ кардааст.

Брюс Панир

Брюс Панир, шореҳи Радиои Озодӣ мегӯяд, Бадахшони Афғонистон муштаракоти умумиест, ки Тоҷикистон, Чин ва Покистонро ба ҳам овардааст. Ӯ мегӯяд, зоҳиран ин кишварҳо дар масъалаи амнияти Бадахшони Афғонистон, ки бо ҳар се кишвар марзи муштарак дорад ва чанд соли ахир ноором шудааст, мехоҳанд дидгоҳояшонро дар миён гузошта, тасмим бигиранд.

“Фикр мекунам, ин се кишварро вазъи ноороми Бадахшони Афғонистон нигарон кардааст. Ҳарчанд, гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Бадахшон ҷои пойи қавӣ надорад, аммо Толибон хеле фаъол шудаанд. Дар пайи ин нооромиҳо Бадахшон як чорроҳаи интиқоли маводи мухаддир ба ин се кишвар шудааст. Чин вазъи Бадахшони Афғонистонро ҷиддан назорат мекунад ва ҳоло Тоҷикистону Покистонро сари миз кашидааст, то барои табодули иттилоот дар ин масъала ҳамкорӣ кунанд,”- гуфт Брюс Панир.

Музокироти Чин, Покистон ва Тоҷикистон дар масоили амниятӣ дар Афғонистон дар ҳолест, ки Кобул дар нооромии ин кишвар дасти Исломободро мебинад ва мақомоти Покистонро ба пуштибонӣ аз Толибон муттаҳам мекунад.

Александр Князев

Александр Князев, коршиноси рус мегӯяд, то ҷое ин иддао воқеият дорад, аммо Чин дар ҳар сурат мехоҳад, бо истифода аз нуфузи худ аз Покистон замонат бигирад, ки Толибон амнияти марзҳои Чинро халалдор намекунанд.

Ӯ мегӯяд: “Чин аз хатари исломишавии манотиқи мусалмоннишини вилояти Шинҷон нигарон аст. Ҳамкориҳояш дар бахши таъмини амният бо Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, ки бо ин вилояташ ҳамсарҳаданд, аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Чин ба Тоҷикистон барои тақвияти марзҳои ҷанубиаш, умуман барои мубориза бо терроризм кӯмакҳои фаннӣ мерасонад. Покистон бо ташвиқи Чин ба эҳтимоли зиёд ба ин ҷо омадааст. Чин бар Покистон нуфуз дорад ва ҳоло мехоҳад аз нуфузи Покистон болои Толибон барои таъмини амнияти худ истифода кунад.”

Князев меафзояд, ки дар робита ба вазъи амниятӣ ва ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон Русия низ аз талошҳои Чин пуштибонӣ мекунад.

Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, талошҳои амниятии Чин дар Тоҷикистон ва Афғонистон бештар ба хотири ҳифзи барномаҳои иқтисодиаш рӯи кор меояд. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки Чин дар пайи афзоиши сармоягузорӣ дар Афғонистон аст, Толибон тоза ба тахриби барномаҳои иқтисодӣ, мисли тахриби хатҳои интиқоли барқ оғоз кардаанд, ки инро Чин чандон хуш надорад. Саъдӣ Юсуфӣ мегӯяд, бо истифода аз рақобатҳои Ҳиндустон бо Покистон Чин мехоҳад, ба Исломобод таъсир гузорад, то нерӯҳои таҳти назораташ ба амалӣ шудани барномаҳои иқтисодии Пекин монеъ нашаванд.

“Аз тарафи дигар миёни Чину Эрон ва Ҳиндустону Покистон рақобат вуҷуд дорад. Покистон ба талошҳои Ҳиндустон дар минтақа ҳассосият дорад ва ин талошҳоро то ҷое таҳдид ба амнияту якпорчагии худ медонад. Дар Покистон бо сармоягузории Чин бандари обии Гвадар дар ҳоли такмилшавӣ қарор дорад. Дар Эрон ҳамчунин як бандари бузург бо ҳимояти молии Ҳиндустон бунёд мешавад. Чин мехоҳад, тиҷорати Тоҷикистону минтақа бештар аз тариқи бандарҳои Покистон сурат бигирад, зеро сармоягузор ин ҷо Чин аст. Эрон мехоҳад, аз тариқи бандарҳои обии худ ин корро ба роҳ монад, аммо чун нуфузи Ҳиндустон он ҷо бештар мушоҳида мешавад, Чин Покистонро ба таъмини амният дар Афғонистон ташвиқ мекунад, то ин кор мушкил нашавад,” - мегӯяд Саъдии Юсуфӣ.