Шаҳрвандони Тоҷикистон ба сабаб ва пайомадҳои тазоҳурот дар Киев нигоҳи гуногун доранд.
Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар инанд, ки тазоҳуркунандагони украин ҳақ доранд, барои ҳамоиш бо Аврупо садо баланд кунанд, вале бархи дигар мегӯянд, баръакс, Украина аз наздикии бештар бо Русия бурд хоҳад кард. Яке аз ҳамсуҳбатони радиои "Озодӣ" мегӯяд, украиниҳо дидаанд, ки кишварҳои ҳамбаста бо Иттиҳоди Аврупо ба зиндагии беҳтар даст ёфтанд ва барои ҳамин аз қарори раисиҷумҳур Виктор Янукович дар бораи имзо накардани созишномаи ҳамкории зичтар бо Аврупо норозӣ шуданд. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон мегӯяд, ба ин бовар аст, ки агар Украина муносибатҳои худро бо Русия устувортар кунад, фоидаи зиёдтар хоҳад дид.
Аммо ҷонибдорони ҳарду назар дар ин ҳамфикранд, ки ташаннуҷи вазъ барои Украина хуб нест, зеро метавонад, ба нооромӣ, кашокаш ва оқибат ҷанги шаҳрвандӣ расонад. Ҳамсуҳбатони радиои "Озодӣ" ҳамчунин мегӯянд, ба ду лагер ҷудо шудани шаҳрвандони Украина як натиҷаи "бозиҳои сиёсӣ"-и Русия ва Иттиҳоди Аврупост. Як раҳгузар мегӯяд, Русия намехоҳад, Иттиҳоди Аврупо ба марзҳои он наздиктар ояд ва бино бар ин талош дорад, аз наздикии бештари Киев бо Аврупо пешгирӣ кунад. Сокини рустабори Душанбе гуфт, ин ҳолат дар натиҷаи сустии ҳукумат ба миён омадааст. Вай афзуд, ҳукумат бояд нерӯи худро нишон диҳад ва қавӣ бошад, қатъи назар аз он ки касе онро дӯст медорад ё на.
Шояд дар ин пурсиши видоеӣ ҳама гуна фикру андешаҳои гуногун дар бораи вазъи сиёсии Украина баён нашудаанд. Агар Шумо низ дар ин бора гуфтание доред, метавонед, дар ҳошияи ин видео ё матлаб шарҳи худро бинависед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад