Аъзои ҲНИТ-ро чӣ ҳукме интизор аст?

13 узви ҲНИТ дар курсии айбдоршавандаҳо нишастаанд

Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 13 узви Раёсати олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро содир хоҳад кард. Як иттиҳоми асосӣ ба зидди ин аъзои баландпояи ҲНИТ ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Назарзода мебошад. Дар мурофиаи рӯзи 11-уми май намояндаи додситонӣ ё айбдкоркунандаи давлатӣ аз додрас тақозо кард, ки панҷ узви аршади ин ҳизб - Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷаб ба ҳабси абад маҳкум шаванд.

Дигар айбдоршавандаҳо - Ҳикматулло Сайфуллозода ва Зубайдуллоҳи Розиқ 30-солӣ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 29 сол, Саттор Каримов 28 сол, Саъдиддини Рустам 24 сол, Воҳидхон Қосиддинов 22 сол,Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов 16-солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд. Додситон тақозо кардааст, ки Зарафо Раҳмонӣ, ҳуқуқшиноси ҳизб ва танҳо зан дар миёни айбдоршавандаҳо ба 5 соли зиндон маҳкум бишавад.

Дар сухани охирини худ ҳар як нафар аз муттаҳамон ба бегуноҳии худ таъкид карда, аз додгоҳ хостанд, ки дар нисбати онҳо ҳукми одилона содир шавад. То куҷо ин тақозои муттаҳамон ба инобат гирифта мешавад ва интизорот аз ҳукми додгоҳии аъзои баландпояи ҲНИТ чист? Бо ин савол радиои Озодӣ ба чанд нафар муроҷиат кард.

Саймиддин Дӯстов, сиёсатшинос: “Мавзӯи ҲНИТ ҳалшуда аст”

Масъалаи ҳукми додгоҳ барои боздоштшудаҳои Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, як масъалаи болотар аз тақдири инсонҳост ва ин масъала ҳадди аққал аз соли 2010 дар муҳити сиёсии

Тоҷикистон ҳалшуда аст. Шурӯъ аз соли 2010 дар муҳити сиёсии Тоҷикистон қарор дар бораи манъ кардани ҲНИТ ва ҳамчунин масъалаи пурра манъ кардани исломи сиёсӣ аз ҷониби нухбагони ҳукмрон матраҳ буд ва ин масъала тадриҷан ба яке аз масъалаҳои асосии муҳити сиёсии Тоҷикистон табдил шудааст. Бархӯрд ба ин масъала аз ҷониби давлати Тоҷикистон хеле ҳам ҷиддӣ аст, чунки масъала дар муносибат ба будан ё набудани исломи сиёсӣ аст. Ин ки ин масъала сеюмин масъалаи асосӣ дар тағйироти конститутсия буд, ки амалӣ шуд, табиист, ки манъи исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна раҳм ва ё гуманизмро талаб намекунад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон низоми мустақили судӣ вуҷуд надорад, ки ин масъала танҳо масъалаи додгоҳӣ бошад. Бинобар ин, мӯҳлатҳое, ки додгоҳ ба ин аъзо таъйин мекунад, хеле ҳам сангин ва шикананда хоҳад буд.

Аз ҷониби дигар, афв аз ҷониби давлат дар арафаи 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистонро касе бекор накардааст.


Аркадий Дубнов, таҳлилгар: “Асосгузори сулҳ” шафқат мекунад

Эҳтимолан ҳукми додгоҳ номутаносибат шадид хоҳад буд. Ман одилонаву ноодилона будани онро ҳатто баҳс намекунам, чунки мо

бахубӣ дарк мекунем, ки баррасии ин қазия ҳеҷ марбут ба адолат нест, ин мурофиа сирф хусусияти сиёсӣ дорад. Ин ҷазои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ҳукм хеле шадид хоҳад буд.

Вале бовар дорам, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” раҳму шафқати худро ба намоиш мегузорад, чунки ин шахси баргузида метавонад раъияти худро хушбахт гардонад. Умедворам, ки нисбати ин шахсон ҳукми ҳабси абад содир намешавад. Вале ҳукм бешубҳа сангин хоҳад шуд.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократ: “Ҳукми одилона мебароранд​”

Бояд ба назар бигирем, ки зарурати вуҷуд доштани давлат суботу оромӣ ва адолати иҷтимоӣ аст. Функсияи давлат ҳам ин аст, ки ҳар гурӯҳ, ҳар як созмоне, ки барои оромиву суботи давлат хатар эҷод мекунад ва ё эҳтимолияти он вуҷуд дошта бошад, сохторҳои марбута бояд чора биандешанд. Фикрҳои гуногун оид ба далелҳо ҳастанд, вале дар аксар ҳолатҳо дидем, ки далелҳо ошкор шуданд, исбот шуданд. На танҳо ҲНИТ, ҳар гурӯҳе, ки набошад, агар ба оромиву суботи Тоҷикистон халал ворид кунад, мо тарафдорем, ки ҳукумат онро саркӯб кунад. Мо таҷрибаи ҷанги шаҳрвандиро гузаштем, мо он дарду доғро дидем. Ҳар ҳизби сиёсӣ бояд манфиатҳои давлатро ҳимоят кунад, дар ҳамкорӣ бо парлумон ва дигар сохторҳо, аммо бо роҳи осоишта.

Ҳукумат бояд бар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон чораандешӣ кунад. Боиси таассуф аст, чунки як ҳизби хеле бонуфуз буд. Раҳбарияти ҳизб бисёр чизҳоро ба назар гирифта натавонистанд, ки баъзе гурӯҳҳо ба он ҷо шомил шуданд ва оқибат ба паст кардани имиҷи ҳизб ва ба роҳи номатлуб оварда расонид. Ҳодисаҳое, ки марбут ба генерал Назарзода шуд - қурбониҳои он ҳодисаҳо ҳам модар доштанд, фарзанд доштанд, онҳо ҳам интизор буданд, ки падарашон дар ҷомеа як кори хубе ба анҷом мерасонад. Онҳо ҳам орзу доштанд. Мутаассифона, ақидаҳои каҷу номатлуб мардумро ноумед мекунад.

Ман бовар дорам, ки ҳукми одилона мебароранд. Ҳодисаҳои Тоҷикистон аз соли 1999 сар карда то соли 2016 дар Бадахшону Рашту дигар дигарҳо – ҳамаи ин таъсири омилҳои беруна буд. Новобаста ба ин, ҳукумат вазифаҳои худро иҷро карда тавонист, суботу оромиро таъмин карда тавонист.