"Маскавгурезӣ"-ҳои Тоҷикистон ва Арманистон

Арманистон дар муносибатҳояш бо Русия роҳи Тоҷикистонро такрор мекунад, аммо дар орзуи натиҷаҳои дигар аст.
Вақте ки раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён аз ширкат дар нишасти сарони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Бишкек худдорӣ кард, бисёриҳо аввалин “эътирози дипломатӣ”-и президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар моҳи феврали соли 2009 ба ёд оварданд. Он вақт Раҳмон намоишкорона аз сафар ба Маскав худдорӣ карда буд.

Дар воқеъ на танҳо ин ду рӯйдод, балки куллан сарнавишти ду кишвари кӯчаки Шӯравии собиқ – Арманистон ва Тоҷикистон бо ҳам хеле монанд аст. Солҳои зиёде ҳарду аз шарикони боэътимоди Русия буда, ҳузури ҳарбии Маскавро яке дар Қафқоз ва дигаре дар Осиёи Марказӣ таъмин намуд. Ҳарду ҷангу нооромиҳоеро паси сар карданд ва ҳоло ҳам бо таҳдидҳои муайяни амниятӣ рӯбарӯянд. Ҳарду кишвар ба сармоягузориҳои Русия эҳтиёҷ доранд ва Маскав агар солҳост, домони Тоҷикистонро бо ваъдаҳои чормағзӣ пур мекунад, дар ивази ёриҳои ночизаш бахши энержии Арманистонро зери назорат гирифтааст.

Бо вуҷуди “эътирози дипломатӣ”-и Раҳмон, ки бархе аз коршиносон онро "ҷасорати сиёсӣ" ва аввалин аломати "стратегияи нави Душанбе" ё ба камияш “бозандешии сиёсати хориҷӣ” номиданд, Тоҷикистон ҳарчанд равобиташро бо қудратҳои дигар густариш дод, ҳамоно “қутбнамои сиёсӣ”-яш ба сӯи Маскав аст. Аммо, эҳтимол меравад, Арманистон, бо омӯзиши таҷрибаи тоҷикон бо роҳи дигаре равад.

Ричард Гирагосиён, мудири Маркази мустақили пажӯҳишҳои минтақаӣ дар Ереван, мегӯяд, Арманистон бе сарусадо “як биниши нави стратегӣ”-ро таҳия мекунад, ки вобастагии онро ба Маскав камтар кунад: "Солҳои зиёд Арманистон зери хатари сангини ин буд, ки ба чизе бештар аз гарнизони Русия табдил ёбад. Дар ин давра он пойбандии шадиде ба Русия дошт ва худро таслими манфиатҳои ҳарбии Русия карда буд. Аммо дар ду-се соли гузашта ин ҳолат тағйир ёфт.”

Ричард Гирагосиён

Ба ақидаи таҳлилгарон, агар Тоҷикистон дар ҳоле “қаҳр”-и худро нишон дод, ки барои идома додани он заминае омода накарда буд, Арманистон ошкору ниҳон дар пайи таҳкими равобиташ бо Паймони Атлантики Шимолӣ ва Иттиҳоди Аврупост. Ҳарчанд ширкати Арманистон дар эътилофи “Мушоракати Шарқӣ”-и Иттиҳоди Аврупо чизе оромтар аз ширкати Украина ё Молдова дар ин барнома аст, Ереван ба зудӣ ҳадяи бузурге хоҳад гирифт. Қарор аст, дар нишасти сарон дар Вилнюс дар моҳи ноябр Арманистон дар чаҳорчӯби ин барнома Созишномаи Амиқ ва Фарогири Тиҷорати Озодро ба имзо расонад. Ҳамзамон, мақомоти баландпояи Арманистон мегӯянд, робитаҳои кишварашон бо Русия хубанд ва таҳкими бештар хоҳанд ёфт.

Таъкид ба робитаҳои қавӣ бо Русия аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон низ ҳамеша садо медиҳад. Аммо дар ҳошияи мулоқоти Бишкек, ки бе ширкати раисиҷумҳури Арманистон гузашт, президенти Русия Владимир Путин ба ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, равобити тиҷоратию иқтисодии миёни Русия ва Тоҷикистон бо “коҳиши нигаронкунанда” рӯбарӯ шудааст. Дар ин бора ҳарф задани як президент оҳанги ноқаноатмандӣ ва ҳатто норозигиро дошта метавонад.

Путин ва Раҳмон дар моҳи октябри соли гузашта ба созиш расида буданд, ки пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 боқӣ бимонад. Ҳарчанд Русия ин созишномаро тасвиб кард ва ба он эътибори қонунӣ дод, Тоҷикистон тасвиби қарордодро ба дарозо мекашад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Маскавгурезӣ"-ҳои ду ёри наздики Маскав


Русия ва Арманистон дар соли 2010 аҳдномаеро имзо карданд, ки бино бар он муҳлати ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар Арманистон то соли 2045 тамдид шуд. Ваъдаи сармоягузориҳои Русия, ки ин қарордодро ҳамроҳӣ мекарданд, низ иҷро нашуданд ва таҳлилгарону сиёсатмадорони арман имзои чунин қарордодро “шикасти истиқлолияти Арманистон” номиданд. Шореҳи сиёсӣ, Арон Адибекиён он вақт бо алам навишт: “Вақте ки дар муҳосираи душманон ҳастӣ, зиддият макун. Шиддат ба вуҷуд наор. Ончиро бигир, ки ба даст меояд.”

Манзур, Озарбойҷон аст, ки дар солҳои 90 Арманистон бо ин кишвари ҳамсояаш барои Қарабоғи Кӯҳӣ вориди ҷанг шуд ва бо мадади Русия, ки ба гуфтаи сиёсатмадорони Озарбойҷон ба маблағи 1 миллиард доллар барои Арманистон силоҳу муҳимоти ҷангӣ дод, пирӯз гашт. Таҳлилгарони арман ба он ҳам ишора мекарданд, ки Арманистон як навъ “қарзи маънавӣ”-е дар назди Русия дорад ва набояд ба хостҳои Маскав мухолифат варзад.

Аммо ин дар даврае буд, ки Арманистон “сиёсати бисёрқутбаи хориҷӣ”-ро дар пеш гирифта буд. Ҳамон гуна ки Тоҷикистон айни корро зери унвони “сиёсати дарҳои боз” пеш мебурд. Ереван аз ин шиори худ хубтар истифода кард ва равобиташро бо Иттиҳоди Аврупо густариш дод ва ҳатто бо вуҷуди “адовати хунини таърихӣ” бо Туркияи ҳамсояаш рақами дӯстӣ зад.

Тоҷикистон дар паҳлуи Узбакистоне, ки онро ба муҳосираи иқтисодӣ ва нақлиётӣ гирифтааст, ҳамсояи дигаре ба номи Афғонистон дорад, ки дурнамои вазъаш маълум нест. Табъан, дар ин ҳол наметавонад, домани Русияро аз даст бидиҳад. Аммо Душанбе натавонист, ҳатто бо вуҷуди наздикии бештар бо Чин, вобастагияшро ба Русия коҳиш диҳад. Дар ҳоле ки Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ин ҷо дар соли 2014 метавонад, сабабу баҳонаи наздикии бештари Душанбе бо Ғарб гардад, дар ҳоли ҳозир, ба ҷуз аз сафарҳои муҷаллали раисиҷумҳур ба Бруссел натиҷаи назаррасе намудор нашудааст. Гузашта аз ин, Тоҷикистон расман гуфтааст, барои убури афрод ва лавозимоти НАТО аз қаламраваш чизе дархост намекунад. "Эътирози дипломатӣ"-и соли 2009 баъдан таҳаввуле надида ва Тоҷикистонро ба ҷое набурдааст.

Аркадий Дубнов

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, муҳимтарин қартаи Русия дар бозиҳои сиёсияш бо Тоҷикистон муҳоҷиронанд, ки пули мефиристодаи онҳо иқтисоди кишварро аз фурӯпошӣ нигоҳ медорад. Аммо айни ҳолат дар нисбати Арманистон низ дида мешавад. Бино бар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, пули арманитабороне, ки аз Русия ба Арманистон ворид мегардад, аз чаҳор се ҳиссаи пули мефиристодаи тамоми диаспораи арманро ташкил медиҳад. Аммо ин ҷо фарқ дар он аст, ки хабарҳои фишору ихроҷи муҳоҷирони арманӣ аз Русияро намешунавем. Дар иваз, ҳамин рӯзҳо боздошту ихроҷ ва таҳқиру тавҳини муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба авҷи худ мерасад, ки низ ба муаллақ мондани қазияи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон рабт дошта метавонад.

Ҳанӯз дар рӯзҳои “эътирози дипломатӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, коршиноси наздик ба Кремл, Аркадий Дубнов гуфта буд, ки “Тоҷикистон ҷое барои фирор надорад ва ҷое ҳам нахоҳад рафт. Биноан, Маскав ором аст, ки Душанбе ҳамеша дар ихтиёраш хоҳад буд.”

Аммо Арманистон. Таҳлилгар Гирагосиён ба ин бовар аст, ки Ереван ба сӯи Иттиҳоди Аврупо ҳаракат хоҳад кард ва Бруссел низ канори худро барояш боз хоҳад гузошт. Фишори Русия барои ба Иттиҳоди Авруосиё шомил кардани Арманистон ин ҳаракатро тунд ва бебозгашт хоҳад кард. Вале, ба эҳтимоли зиёд Тоҷикистон аввал узви Иттиҳоди гумрукӣ ва сипас узви Иттиҳоди Авруосиё хоҳад шуд.

Як тафовути дигари ду кишвари кӯчак низ шояд нақш дорад. Аз соли 1991 то ҳоло дар Арманистон се президент – Левон Тер-Петросиён, Роберт Кочариён ва Серж Саркисиён ҳамдигарро иваз карданд ва ҳар кадом равобит бо Русияро аз сар гирифт. Дар Тоҷикистон бист соли охир танҳо Эмомалӣ Раҳмон буд, ки муносибатҳо бо Русияро муайян мекард ва матбуоти Маскав ошкоро менависад, ки ин раҳбар бояд намакношиносӣ накунад.